Мазҳаби ҳанафӣ ва интишори он (қисми панҷум)

Табақаи чаҳорум.

Табақаи тахриҷкунандагон (ҳукмбароварандагон). Чихеле, ки Ибни Обидин дар пайравӣ аз баъзе сарчашмаҳо чунин номидааст. Мо онҳоро табақаи тарҷиҳкунандагон меномем. Онҳо худ масоилеро, ки ҳукми он маълум нест, истинбот наменамоянд, лекин тавассути роҳҳои тарҷиҳе, ки табақаи собиқ барояшон муайян намудаанд, миёни андешаҳо бартарӣ меандозанд. Онҳо метавонанд баъзе андешаҳоро нисбати дигаре аз рўйи далели қавитар ё ба хотири ба аҳволи асру замона салоҳтар будани татбиқи ҳукме бартару авлотар шуморидаанд, ки он истинботи мустақил ё тобеъ нест, балки бартаршумориву муқоиса ба шумор намеравад. Аз ин тоифа Абўбакри розӣ мебошад.

Фарқ миёни ин табақа ва табақаи гузашта дақиқ буда, қариб, ки ошкор намешавад ва касе, ки ҳар дуро як табақа номидааст, аз ҳақиқат дур нест, зеро байни андешаҳо тарҷиҳ намудан аз истинботи аҳкоми аз имомон ривоятнагашта вазни камтар надорад. Розӣ, ки дар ин табақа зикр мегардад, аз Қозихону Кархиву ононе, ки дар табақаи гузашта зикр мегарданд, пастар нест ва китоби ў “Аҳкоми Қуръон” аз фазлу донишмандии ў дарак медиҳад.

Табақаи панҷум. 

Табақаи фуқаҳоест, ки метавонанд миёни қавлҳои мазҳабҳо мувозанат ва муқояса намоянд. Ибни Обидин дар ҳаққи ин табақа чунин мегўяд: “Кори эшон афзал шуморидани баъзе ривоятҳо нисбати дигар аст, монанди он, ки гўянд: аз лиҳози ривоят ин дурустар аст ё ин возеҳтар аст, ё ин ба қиёс мувофиқтар аст, ва ё ин барои мардум муносибтар аст.

Мо мебинем, ки фарқгузорӣ байни ин ду табақаи пеш возеҳ нест. Барои он, ки қисмҳо ҷудогонаву бо ҳам омехта нашаванд, бояд яке аз ин се табақаро ҳифз намуд (сеюм, чорум ва панҷум) ва онҳоро ду табақа ҳисоб кард: Яке табақаи мухарриҷон, ки бинобар қоидаҳои мазҳаб аҳкоми масоилеро, ки аз имомони мазҳаб аҳкоми он ривоят нагаштааст, мебароранд. Дуюм табақаи мураҷҷиҳон (бартаридиҳандагон), яъне ононе, ки миёни ривоятҳои гуногун ва ақволи мухталиф тарҷиҳ (бартарӣ) медиҳанд. Ва қавитарин ривоятҳоро баён намуда, қавли дурусттар, ба қиёс мувофиқтар ва ба ҳалли мардум муносибтарро ҷудо мекунанд.

 

Мо бештар ишора бар он намудем, ки табақаи дуюм, ки онро табақаи ёрони Абўҳанифа (р) шуморида, ононро аз рутбаи муҷтаҳидони мустақил ба мартабаи пайравони устодашон медароварданд, аслан вуҷуд надорад. Бинобар ин табақаҳое, ки панҷтояш шуморидаанд, ҳамагӣ сетост: Якум табақаи Абўҳанифа (р) ва ёронаш, дуюм табақаи мухарриҷон (ҳукумбароварандагон), сеюм табақаи тарҷиҳдиҳандагон (бартаршуморандагон). 

Табақаи шашум. 

Аз рўи тартиби Ибни Обиддин ва дигарон ин табақаи муқаллидон (пайравон), яъне ононе, ки байни ақвол ва ривоёт тарҷиҳ намедиҳанд, аммо аз он чизе, ки гузаштагон бартар шуморидаанду ихтиёр намудаанд ва баёни қавитарини онро кардаанд, огоҳ ҳастанд. Ибни Обиддин дар бораи онҳо мегўяд: “Онҳо ба шинохтани қавӣ ва қавитар ва заъифу зоҳири ривояту зоҳири мазҳаб ба ривоятҳои нодир қодиранд. Онҳо ба монанди китобҳои муътабар мисли муаллифони “Канз ул -ҳақоиқ”, муалифи “ал- Мухтор” ва муалифи “ал-Маҷмуъ” ҳастанд. Онҳо дар китобҳои худ қавлҳои мардум ва ривоятҳои заъифро нақл намекунанд. Кори ин табақа тарҷиҳ нест, балки донистани он чизе, ки тарҷиҳ (бартарӣ) дода шудааст ва тартиби зинаҳои тарҷиҳ мебошад.

Шояд ин кор онҳоро ба ҳукм намудан байни мураҷҷиҳон барад. Шояд яке аз мураҷҷиҳон раъйеро бартар мешуморад ва дигаре роҳи дигарро тарҷиҳ медиҳад. Пас ў (фақиҳи ин табақа) аз аҳволи мураҷҷиҳон тарҷиҳи қавитар ва ба қоидаҳои мазҳаб мувофиқтарашро ихтиёр менамояд. Ё ихтиёри ў ба сабаби зиёдтар будани мураҷҷиҳони як ҷониб сурат мегирад.

Хайри ар - Рамлӣ дар “Фатовӣ”- яш чунин мегуяд: “Шакке нест, ки донистани ҷониби беҳтари масоиле, ки дар он ихтилофшуда аз ҷониби поёнтар ва донистани мартабаҳои он аз лиҳози қуввату заъифӣ бузургтарин орзуи камарбастагони роҳи талаби илм аст. Пас бар муфтиву қозӣ фарз аст, ки дар ҷавоб додани маълумоти дақиқ ва маҳорат дошта, дар он аз пеши худ чизе нагўяд, то аз бими дар ҳаққи Худо ифтиро намуда, ҳалолро ҳаром шуморидан ё баракс эмин монад”.

Пас донистани он чизеро, ки уламо тарҷиҳ (бартарӣ) додаанд ва байни тарҷиҳи мураҷҷиҳон аз ҷиҳати қуввати далел ё адади зиёдтар муқоиса намудан кори осон аст.

Табақаи охирин яъне табақаи ҳафтум аз табақаҳои гузашта поёнтар аст. Онҳо муқаллидоне мебошанд, ки тавоноии ҳукми чизҳои гузаштаро надоранд. Онҳо на дорои қудрат дар тахриҷ ҳастанд, на дорои қудрат дар тарҷиҳ ва на дорои қувват дар масалаҳое,ки он масалаҳоро мураҷҷиҳон ихтиёр намудаанд. Ибни Обидин ононро чунин васф карда мегўянд: “Онҳо ба фарқи гарону арзон намераванд ва чапро аз рост ҷудо карда наметавонанд, балки он чиро, ки ёфтаанд монанди ҳезумкаши шабона ҷамъ меоранд. Пас, вой бар ҳоли онон, ки аз он пайравӣ мекунанд”.

Намедонам, ки оё онон чунин сифат доранд ё не. Пас, чи гуна онҳо аз фуқаҳо шуморида мешаванд? Агар мо хоҳем ба онҳо бо тартиб ном гузорем, пас метавон онҳоро нақлкунандагон номид.

Тавре, ки нависандагони ҳанафӣ зикр менамоянд ин табақоти фуқаҳо мебошад. Ба назар мерасад, ки тартиби вуҷудии амалии онон ба тартибе, ки зикр намудем, созгор мегирад.

Табақаи якум муҷтаҳидони комил ҳастанд ва онҳо Абўҳанифа ва ё ёронаш мебошанд. Пас аз он мухарриҷон меоянд, ки онон дар масоиле, ки ҳукмаш аз имомони гузашта ривоят нагаштааст, дар асоси қоидаву усулҳои онҳо ва бо қиёс намудан бар ҷузъиёти дигар фатво медиҳанд. Баъд аз онҳо мураҷҷиҳон меоянд, ки миёни қавлҳои гуногун тарҷиҳ медиҳанд. Сипас онҳое меоянд, ки ба донистани тарҷиҳоти гузаштагон қудрат доранд, аммо худ дар мавзеъе, ки аз собиқин тарҷиҳ ривоят нагаштааст, ҳаққи тарҷиҳ додан надоранд.

Се табақаи пешин муҷтаҳидонанд, новобаста аз он, ки иҷтиҳодашон комил бошад ё иҷтиҳодашон танҳо дар мазҳаб бошад. Ва вақте, ки дари иҷтиҳод пўшида гашт ва фуқаҳои мазҳаби ҳанафӣ нисбати ин дарбандӣ розигӣ додаанд ҳамон хеле, ки фуқаҳои мазҳабҳои чоргона розӣ гаштаанд, ҳаққи тарҷиҳ додан барои касе боқӣ намонд. Балки муфтиву қозӣ ба ҷуз донистани роҷиҳ (авлотар) ва ҷустуҷўи он дигар ҳаққе надорад. 

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи                                                          Исоев Н.

пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

 

 

Яндекс.Метрика