Мазҳаби ҳанафӣ ва интишори он (қисми чаҳорум)

Мо метавонем омилҳои интишори мазҳабро дар се чиз хулоса намоем, ки дар якҷоягӣ сабаби густариши мазҳаб гаштанд.

Ин се омил инҳоянд:

муҷтаҳидон ва баёнкунандагони фатвоҳо, ақволи аз имом ва ёронаш ва бароварди масоили осон дар мазҳаб ва эътибори суханони фатво баророн. 

1.Муҷтаҳидон ва мухарриҷон  (фатвобаророн) дар мазҳаб.

Ибни Обиддин фақиҳонро ба ҳафт табақа тақсимбанди кардааст:

Табақаи якум. Табақаи муҷтаҳидони шариат, ки ҳукмҳоро аз Қуръону Суннат мегиранд ва дар иҷтиҳоди худ ба касе пайрав нестанд, новобаста аз он, ки дар асосҳое бошад, ки бар он истинод бино мегардад ё дар ҳиллаҳои ҷузъие, ки аз қоидаҳои умумӣбардошта мешавад. Онҳо ба монанди имомони чаҳоргона ал-Авзоъӣ, Лайс ибни Саъд ва дигар имомони барҷаста мебошанд. Онҳо аз ҳеҷ кас тақлид намекарданд, на дар далел, дар қоидаи умумие, ки далелгириро муқайяд менамояд ва на дар шохаҳои фиқҳии ҷузъӣ, ки ҳалли онҳо тавассути амалисозии қоидаҳои умумӣба даст оварда мешавад. Аммо агар асосҳо мувофиқат кунад, ин мувофақат барои тақлид нест, балки барои қонеъсози мебошад . Агар чунин қонеъсозӣфароҳам наояд, пас дар омодагии ҳар ҷониб ихтилоф боқӣхоҳад монд.

Ҳеҷ шакке нест, ки Абўҳанифа (р) аз ҷумлаи чунин фуқаҳо мебошад. Лекин ҳамнишинони ў Абўюсуф, Муҳаммад, Зуфар ва ононе, ки дар табақаи онҳо қарор доранд, оё аз ҷумлаи чунин муҷтаҳидон ҳастанд?

Ибни Обиддин дар пайравӣаз баъзе нависандагони мазҳаби ҳанафӣэшонро на аз табақаи муҷтаҳидини мустақил, балки дар мартабаи дуюм ё табақаи муҷтаҳидини мазҳаб қарор додааст. Ў мегуяд: «Табақаи муҷтаҳидон дар мазҳаб ба монанди Абўюсуф, Муҳаммад ва дигар ёрони Абўҳанифа (р), ки қудрати баровардани аҳкомро аз далелҳо дар асоси қоидаи муқараркардаи устодашон доранд. Онҳо ба Абўҳанифа дар баъзе аҳкоми ҷузъӣмухолифат намудаанд, лекин дар қоидаҳои усулӣаз ў пайравӣменамоянд.

Ин сухан қобили қабул нест, зеро Абўюсуф, Муҳаммад ва Зуфар ва дигар ҳамнишинон дар фиқҳи худ комилан озод буданд ва ба ҳеҷ ваҷҳ устоди худро таҳқир наменамуданд. Андешаҳои ўро омўхта, аз ў илм гирифта, дар оғози омўзиш фарҳанги ўро қабул кардани онон эшонро аз истиқлолияти андешаронӣва озодии иҷтиҳод манъ наменамояд. Агар чунин мебуд, пас касе аз шахсе илм омўхта бошад, ногузир муқалиди ў мешуд. Бешак ин сухан ба он поён меёбад,ки худи Абўҳанифа аз мартабаи муҷтаҳидини мустақил фуру андохта шавад, зеро ў омўзиши фиқҳи Иброҳими Нахаъиро дар назди устодаш Ҳаммод ибни Абўсулаймон оғоз намудааст ва бисёр фатвоҳои худро мувофиқи раъйи ў баровардааст.

Бо чунин суханон ононе, ки мехоҳанд насаби Абўҳанифаро дар фиқҳу иҷтиҳод паст зананд, эрод мегиранд. Лекин Абўҳанифа фиқҳи мустақил аст, зеро ў афкори Иброҳимро омўхта, гоҳе ба ў мухолиф ва гоҳе мувофиқ меомад. (1Шарҳи рисолаи «Рас мул муфтӣ», с 11) Дар он масоиле, к ибо ў мувофақат мекард, дар асоси далелу исбот буд, на аз рўи сирфан тақлиду пайравӣ. Инчунин ёрони Абўҳанифа(р) низ аз ў фиқҳашро омухтанд ва дар назди ў тариқаи иҷтиҳодашро аз худ намудаанд ва дар баъзеи он ба мувофақат омада, дар баъзеи дигар мухолафат варзидаанд. Мувофақати эшон аз рўи тақлид набуд, балки дар асоси қаноатмандӣва далелёбӣ ва тасдиқ намудани далел ба миён меомад, ки ин сифати муқалид нест.

Агарчи бештари асосҳои фиқҳие,ки бар болои он истинбототи он шогирдон ва устодонашон бино ёфтааст, бо ҳам мутатаҳид ҳастанд аммо ин муттаҳидиӣдар тамоми он вуҷуд надорад.Худи ҳамин мухолафат кифоя аст,ки барои онон сифати мустақилият собит гардад.

Агарчи онҳо дар тариқаи истинбот бо ҳам муттаҳиданд, аммо ин муттаҳиди аз рўи пайравӣнест, балки аз қаноатмандист. Ва ин ҳамон ҳадест, ки байни касе,ки тақлид мекунад ва касе, ки иҷтиҳод мекунад, фарқ мегузорад ва ин тарозуи дақтқу рост аст. 

Ҳар ки ҳастии ин имомонро меомўзад сифати тақлидро аз эшон куллан дур меандозад. Онҳо танҳо бо илми дар назди устоди худ омўхтаашон иктифо нанамудаанд, балки пас аз ў ба омўзиш машғул гаштаанд.

Абўюсуф аҳли ҳадисро мулозамат намуда, аз онҳо ҳадисҳои зиёдеро гирифтааст, ки шояд Абўҳанифа аз бисёре аз онҳо огоҳ набуд. Гузашта аз ин, ў таҷрибаи қозигири аз сар гузаронида, аз аҳволи мардум огоҳ гашта буд. Он чизеро, ки дар он бо устоди худ мувофақат намуда буд, дурахшу ҷилои дигаре дод. Ва бо устодаш ба воситаи силоҳе,ки тавассути ҳукми қозигӣкасб намуда буд, мухолафат варзидааст. Агар гўем, ки ҳамаи инҳоро Абўҳанифа гуфтаву Абўюсуф ихтиёр намудааст, чунин сухан дар ҳақиқат ҷинояте ҷидди хоҳад буд.

Муҳаммад бошад Абўҳанифаро ба ҷуз дар оғози ҳаёти илмиаш мулозамат намудааст. Сипас ў бо Молик мепайвандад ва аз ў «ал- Муваттаъ»- ро ривоят мекунад,ки ривояти аз лиҳози санад дурусттарин ривоят маҳсуб мешавад. Пас, агар ў муқаллид бошад, бо кадоме аз ин ду имом муқаллид аст: Ба Абўҳанифа ё ба Молик ё, ба ҳар ду?. Инсофу мантиқ воҷиб мегардад,ки гўем,, ки бешубҳа ў муҷтаҳиди пурраву мустақил буд ва инчунин ҳамаи ёрони Имом.

Табақаи дуюм. Аз табақаи ҳафтгонае,ки Ибни Обиддин ҳисоб намудааст, табақаи муҷтаҳидон дар мазҳаб мебошад, ки онон қудрати баровардани аҳкомро аз далелҳое, ки дар асоси он дар мазҳаби ҳанафӣистинбот сурат мегирад, мувофиқи қоидаҳои муқарарнамудаи Абўҳанифа доранд. Аз ин табақа ба монанди Абўюсуф, Муҳамад, Зуфар ва дигар ёрони Абўҳанифа ҳисоб гаштаанд ва мо хатогии ин суханро баён намудем. Агар дар ин табақа ба ҷуз ононе,ки зикр гаштаанд, дигар касе набошад, пас ин табақа аслан дар мазҳаби ҳанафӣвуҷуд надорад. Зеро Абўюсуфу Муҳаммад ва муҷтаҳидони амсоли онҳо ба пуррагӣмустақил буда, монанди устоди хеш андешаҳои худро доранд, 

Табақаи сеюм. Табақаи муҷтаҳидоне, ки дар масъалаҳои дар он аз соҳиби мазҳаб ва ёронаш ривоят нагашта, иҷтиҳод мекунанд. Онҳо ҳукумҳои зикрнагаштаро дар асоси қоидаҳои дар мазҳаб муқараршуда истинбот менамоянд ва дар масоиле мавриди таъйини фуқаҳо гаштааст, ҳаққи иҷтиҳод надорад ба ҷуз дар доираи муайяне, ки дар он истинботаш гузаштагон аз нигоҳи пасомадагон эътибори худро гум кардааст ба тарзе, ки агар гузаштагондар замони онон зинда мебуданд, монанди инҳо фатво медоданд.

Амали онҳо дар ҳақиқат аз ду унсур иборат аст: Якум. Аз масоили ҷузъии ривоятшуда баровардани қоидаҳои умумие, кии мом Абўҳанифа (р) ва ёронаш аз рўи он мерафтанд. Зеро он чи ривоят шудааст, масоили ҷузъии парокандае мебошад, чихеле, ки дар ин баҳсамон дар ҷояш баён намудем. Онон чунин ҷузъиётро дар атрофи қоидаву асосҳо гирдоварӣнамуда, онро ҳамчун таҳкурсие ба эътибор гирифтаанд, ки дар асоси он истинботи аҳком сурат гирифта, ченаки дурўст барои баровардани аҳкоми фиқҳӣва равиши дурусте барои иҷтиҳод ба ҳисоб меравад.

Дуюм. Дар асоси чунин қоидаҳо истинбот намудани аҳкоме, ки дар мазҳаб сабт нагаштааст, то аз доираи мазҳаб берун наравад.

Аз ин табақа ал- Хасоф, Таҳовӣ, Абулҳасани кархӣ, Шамс-ул- аиммаи ал Ҳулвонӣ, Шамс-ул- аиммаи ас-Сарахсӣ, Фахр-ул-ислом ал- Баздавӣва Фахруддини Қорихон ба ҳисоб мераванд.

Ин табақаест, ки барои фиқҳи ҳанафӣхидмат намудааст, зеро ин табақа асосҳои пешравии мазҳаб. Роҳҳои фатвобарории он, чи гунагии такя бар онро гузоштааст. Инчунин пойгоҳи тарҷиҳ, муқоисаи андешаҳо ва дурустшумории бархе аз фиқҳоро ва нодурустии бархе аз онҳоро муайян намуда, вуҷуди мазҳаби ҳанафиро бараъло нишон дода аст.

 

Идома дорад...

 

Исоев Н. Мутахассиси пешбари шӯъбаи маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика