Мазҳаби ҳанафӣ ва интишори он (қисми шашум)

Қавлҳо дар мазҳаби ҳанафӣ зиёду гуногун аст ва аз сабаби гуногунии ақвол ҳукмҳо низ гуногун мебошанд. Ривоятҳо аз Абўҳанифа ва ёронаш мухталиф омадаанд. Гоҳе ҳукми як масъаларо бо ду ривоят бо ҳам зид меоваранд. Худи имомони мазҳаб низ ихтилоф намуданд. Гоҳе ба Абўҳанифа ва соҳибайн мухолафат меварзанд ва гоҳе Зуфар он серо мухолафат мекунад ва гоҳе соҳибайн байни худ ихтилоф менамоянд. Балки гоҳе аз Абўҳанифа ду андеша дар як масъала ривоят мегардад, ки аҳёнан аз яке аз ин андешаҳо бар гаштани ў собит мешавад ва аҳёнан собит намегардад ва кадоме аз инҳо пешомадаву кадоме пасомада номаълум мемонад.

Мисли ҳамин аз ҳар яке аз ёрон низ собит аст. Ононе, ки баъдан дар мазҳаб иҷтиҳод менамоянд, дар баровардани аҳкоми масоиле, ки  аз имомони мазҳаб ривоят нагаштааст, низ ихтилоф мекунанд, балки онҳо шояд бо худи имомони мазҳаб дар масоиле, ки истинбот менамоянд, ихтилоф кунанд. Ин ҳам бошад вобаста ба урф мебошад, бо назардошти он, ки агар имомони мазҳаб дар асри онҳо мебуданд ва гуфтаи онҳоро мегуфтанду ва ба монанди фатвои онҳо фатво содир мекарданд.

 

Сабабҳои зиёд будани ақволро дар мазҳаби ҳанафӣ дар чор чиз хулоса намудан мумкин аст:

 

Якум: ихтилофи ривоят. 

 

Дувум: гуногунии ақволи имом дар масъала.

 

Сеюм: ихтилофи имомон дар як масъала.

 

Чаҳорум: ихтилофи мухарриҷон ва аҳёнан мухолифати ишон бо имомон. 

 

Ҳар яке аз ин унсурҳоро бо навъе аз тафсил мавриди баҳс қарор медиҳем:

 

Ихтилофи ривоят.

 

Дар бораи фиқҳи Абўҳанифа гуфта будем, ки шогирдони ў суханонашро тадвин менамуданд ва онро Абўюсуф ва гоҳе дигарон онро муроҷиат ва назорат мекарданд. Абўҳанифа ақволи худро дар китобе бо хатти худ тадвин накард, то аз ў осор монад ва ў розӣ шуд, ки ақволи ўро ёронаш нақл намоянд. Аксари ин ақволро Имом Муҳаммад дар китобҳояш нақл намудааст, аммо китобҳо ў дар як мартаба нестанд.

 

Арзиши нақли Имом Муҳаммад аз лиҳозо дурустӣ ва ростгўии ровиёни китобҳои ў чи гунае набошад ҳам, модоме,ки асоси нақл ривоят ва сершумории ровиён бошад, натиҷаи ҳатмии он ихтилофи ривоятҳо ва гоҳе бархўрди онҳо мешавад. Ва дар ҳақиқат чунин шудааст. Ривоятҳо аз Абўҳанифа ва ёронаш гуногун буда, гоҳе бархурд менамоянд. Тарҷиҳ додан миёни ин ривоятҳо маҳалли иҷтиҳоди мураҷҷиҳон мегашт, ки эшон аз табақаи сеюми фуқаҳои мазҳаби ҳанафӣ ба ҳисоб мераванд, читавре,ки пештар баён кардем.

 

Ибни Амир ал-Ҳаҷҷоҷ дар шарҳи бар  “ал- Таҳрир” навиштааш сабабҳои ривоятҳои Абўҳанифаро нақл карда, чунин мегўяд: “Имом Абўбакри Болиғӣ дар китобаш “ал-Ғурар” зикр накардааст, ки ихтилофи ривоят аз Абўҳанифа аз чанд ваҷҳ аст, яке аз инҳо хато шунидан аст, ба монанди он, ки ў бо калимаи инкорӣ ҷавоб диҳад, агар аз ҳодисае пурсида шавад ва гўяд: “Ҷоиз нест”. Ривояткунанда дар иштибоҳ меафтад ва чи хеле, ки шунидааст, нақл мекунад. Аз ин вуҷўҳ он аст, ки ў аз андешае, ки  дошт, бозмегардад ва баъзе аз онон, ки назди ў меомаданд, аз бозгаштани ў огоҳ буданд ва андешаи дуюмро ривоят менамуданд.

 

Дигар ровӣ бошад шояд аз ин бозгардиш огоҳ набуда, қавли якумро ривоят менамуд. Гуфтам: “Ин ба ҳақиқат наздиктар аст”. Аз ҷумлаи ин сабабҳо он аст, ки андешаи дуюмро аз рўи қиёс баён кунад ва дигареро аз рўи истиҳсон. Шахсе ҳар ду қавлро шунида, чизе шунидаи худро нақл намекунад. Гуфтам: “Ин низ боке надорад, аммо таъйин намудани он, ки дуюм аз рўи қиёс аст, зоҳир нест, балки зоҳири он аст, ки якум ғолибан аз рўи қиёс мешавад, зеро муқаррар гаштааст, ки қиёс пеш аз истиҳсон меояд, ҷуз дар баъзе масоил”. Пас қиёс дар баробари қавли аз он рў тофта ва истиҳсон дар мартабаи қавли ба он рўй оварда мебошад. Беҳтар он аст, ки чунин гуфта шавад: “Яке аз рўи қиёс мегуяд ва дигаре аз маҷози истиҳсон. Ва ҳар яке ваҷҳеро шунида, онро нақл мекунад. Аз ин рў ҷавоб дар масъала аз ду ҷиҳат бошад: аз ҷиҳати ҳукм ва аз ҷиҳати бароату холигӣ барои эҳтиёт, ки ҳар кас шунидаи худро нақл менамояд”.Аз китоби “Шарҳу-т-таҳрир” нақл шудааст. Ҷ. 3, саҳ. 334.

 

 

Ин сабабест, ки Ибни Амин ал-Ҳоҷҷ дар бобати ихтилофи ривоят аз Абўҳанифа нақл намудааст, ки мо матни онро тақрибан овардем. Мо перомуни чизи нақлнамудаи ў ду мулоҳаза дорем:

Якум, ў хатогиро ҳамчун сабаби ихтилофи мустабъад мепиндорад. Гўё ў бо чунин истибъод мазҳаби ҳанафиро муназзаҳ аз он мешуморад, ки дар он нақле аз Абўҳанифа хатокорона ҷой дошта бошад, ки ин ғарибу аз васият дур аст. Зеро агар вуҷуди хато дар нақл дар ривояти суннат, ки аз Паёмбари хабаррасон ривоят карда шавад, эҳтимол дошта бошад, пас чи гуна метавонад дар нақл аз фақиҳе эҳтимол надошта бошад, дараҷаи имоматии ў чигунае набошад.

Ҳарисӣ дар ривояти саҳиҳ аз ў дар дараҷаи ҳарисӣ дар ривоят аз Паёмбар(с) нест. Бо вуҷуди ин гоҳе дар ривоят аз Паёмбар(с) ихтилоф пайдо мешавад. Ва ҷудо намудани ҳақиқат аз миёни ривоятҳои дорои ихтилоф мавзўи омўзиши донишмандони ҳадис мебошад.

 

Мулоҳазаи дуюм. Сабабҳое,ки ў тарҷиҳ додааст, дар воқеиъ сабабҳои ихтилофи ақвол мебошад. Ў тарҷиҳ медиҳад ва ихтилофи ривоятро маҳдуд бо ихтилофи ақвол, ки ривоят мешавад ва ба ақволе, ки аз он рў гардонистаасту дар муқобили он ақволе ривоят гаштааст, ки муътабар ҳисоб мешаваду раъй бар он қарор гирифта аст, мегардонад. Чизе, ки инро таъйид мебахшад он аст,ки ихтилофи ривоят шояд аз нақли як нафар бошад. Имом Муҳаммад гоҳе ривоятро дар зоҳири ривоят зикр мекунад ва ривоятеро дар наводир. Сабаб он буд, ки ду қавлу ду ривоят вуҷуд дошт.

 

Ҳақ он аст, ки ихтилофи ривоят, тавре ки ба сабаби ихтилофи ақвол мешавад, инчунин эҳтимол дорад ба сабаби хатои нақлкунанда бошад, зеро ў аз касе шунидааст ё аз касе қабул кардаасту ў аз каси дигар шунидааст.

 

Агар сабаби ихтилофи ривоят ихтилофи ақвол бошад, шакке нест, ки замони ду қавл гуногун аст ва ровии пешин аз пасин шинохта намешавад. Агар шинохта шавад, як қавл ба ҳисоб рафта, якум мансух ё аз он рўйгардонида ба эътибор меравад.

 

Олимони тарҷиҳгари мазҳаб ривоятҳои китобҳои гуногунро омўхта, баъзеро нисбати баъзеи дигар тарҷиҳ додаанд. Онро китобҳои зоҳири ривоят бар дигар китобҳои Муҳаммад ва китобҳои ғайри Муҳаммад мисли Ҳасан ибни Зиёд ва Имом Юсуф тарҷиҳ додаанд.

 

Агар дар як масъала дар зоҳири ривоят ихтилоф пайдо шавад мисли он тарҷиҳ медиҳанд ва шояд он аз қабили ихтилофи ақвол бошад, ки сабаби ихтилофи ривоят гаштааст. Пас як қавл нисбати қавли дигар бо роҳи тарҷиҳе, ки мураҷҷиҳон дар мазҳаб пеш гирифтаанд, тарҷиҳ додап мешавад.

 

Н. Исоев - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ 

Яндекс.Метрика