Мазҳаби ҳанафӣ ва интишори он (қисми ҳафтум)

Ихтилофи қавлҳои Имом:

Гоҳе дар як масъала Абўҳанифа дорои ду қавл мешавад ва қавли пешин аз қавли минбаъда сарчашма мегирад, ки дар ин сурат қавли дуюм паси қавли якум ё қавли якум таркшуда аз он рўйтофта ҳисоб мешавад. Гоҳе қавли минбаъда дониста намешавад ва ҳар ду қавл ривоят гашта, матрук аз қабулшуда ноаён мемонад. Вақте, ки ҳар ду қавл дар як масъала ривоят мешавад, кори мураҷҷиҳон ба он равона мешавад, ки қавли дурустаро пайдо намоянд, зеро он андешаест, ки бо он аз олам рафта, аз он нагаштааст.

Ихтилоф доштани ду қавл дар ду замон далели камбуду нодонии фақиҳ нест, балки далели ихлоси ў дар ҷустуҷўи ҳақиқат ва баёнгари дараҷаи пайвастагии ў ба дин мебошад. Зеро ў раъйеро дар асоси қиёс қабул менамоянд, сипас огоҳ мешавад, ки ба ҷои қиёс ҳадиси саҳеҳ вуҷуд дорад. Дар натиҷа аз қиёси худ ба ҳукми саҳеҳ рў меорад. Гоҳе асоси ҳукми ў қиёс буда, вақте мебинад, ки ин ҳукм амалан бо таомулоти мардум созгор нест, аз қиёс рў тофта, ба истиҳсоне,ки ба таомулоти мардум созгор аст, рў меорад. Гоҳе ҳукм ба қиёси ба сифати муайян асосёфта бино меёбад, сипас барои ў равшан мешавад, ки васфи дигаре қавитар аз васфи дар он қиёси якум асосёфта вуҷуд дорад метавонад барои иллати ҳукм салоҳтар бошад. Дар натиҷа аз қиёси якум рў тофта, ба қиёси дуюм руҷуъ мекунад. Ҳамин тавр назди ў чизе пеш меояд, ки дар асоси далели қавие барои аз андешаи пешини худ гаштанро лозим месозад ва ривояте пайдо намешавад, ки раъйи охиринро баён созад. Аз ин рў мураҷҷиҳон миёни ду раъй муқоиса намуда, аз лиҳози далел қавитар ва барои амал муносибтари онҳоро тарҷиҳ медиҳад.

Чунин эҳтимол метавонад вуҷуд дошта бошад , ки муҷтаҳиди дар талаби ҳақ ихлосманд дар ҳукми як масъала аз сабаби далелҳои бо ҳам зид мутарадид шуда, ба масъала аз ду ваҷҳ нигоҳ намуда, дар он ду қавл мегўяд, ки байни ҳар ду фосилаи вақт вуҷуд надорад. Дар натиҷа аз ду қавлривоят мешавад ва шояд ровии онҳо як нафар бошад ва шояд олимон инро низ аз ҷумлаи ихтилофи ривоят ҳисоб намоянд.

Дар ин бора Ибни Обидин чунин мегўяд: “Шояд тарадудди муҷтаҳид дар ҳукм ба сабаби зиддияти далелҳо бе вуҷуди тарҷиҳ кунанда ё гуногунандешии ў нисбат ба маҳалли далолати як далел аз анвои ихтилоф эътибор карда шавад, зеро як далел метавонад ду ё зиёда аз ду ваҷҳ дошта бошад ва бар ҳар як ваҷҳ ҷавобе бино намуда, якеро пешниҳод менамояд, ки ба ў нисбат дода мешавад”. Шояд ҳеҷ кадоме аз онҳо дар назди ў бартарӣ пайдо нанамояд, андешаи ў нисбати ҳар ду яксон бимонад. Аз ин рў мебинем, ки ровиён як қавл аз муҷтаҳид дар як масъала ду қавли баробарро ривоят ҳикоят намуда мегўянд: “Дар як масъала аз ў ду ривоят ё ду қавл вуҷуд дорад. Аз имом донистани бартарии яке аз онҳо ҷоиз нест, магар дар ҳоле, ки далелҳо назди муҷтаҳид ба ҳам зид бошад ва аз тарҷиҳ додан оҷиз бимонанд. Дар ин ҳолат бо кадоме аз онҳо хоҳад ҳукм менамояд, зеро ҳарду назди ў баробаранд, бинобар ин нисбат додани ҳар яке аз ин ду қавл ба ў дуруст намешавадва қобили кабул наст. Инчунин нодуруст аст он чи онҳо мегўянд, ки яке аз ин ду қавл ба ў нисбат дода мешавад. Зеро бозгашти ў аз яке аз ин қавлҳо муайян нест. Зеро эҳтимол дорад, ки ҳар ду аз нигоҳи ў баробар ва яке бар дигаре бартарӣ надошта бошад. Дар ҳолати бозгаштан қавли роҷиҳ ба ў нисбат дода шуда, қавли дуюм ҳамчун ривоте аз ў зикр мегардад. Аммо агар аз дуюм ба пуррагӣ рўй гардонад, он қавли ў ҳисоб намешавад, балки қавли ў ҳамон қавли роҷиҳ хоҳад буд”.

Аз гуфтаҳои болдо равшан мегардад, ки аз Имом Абўҳанифа ба монанди муҷтаҳидони мухлис гоҳе дар як масъаладу қавл ривоят мегашт, ки шояд собит мегашт, ки аз яке аз ин қавлҳо баргаштааст ва гоҳе собит намегашт, балки аз сабаби тараддудаш миёни ин ду раъй бе тарҷиҳдиҳии яке аз онҳо баробари ҳар ду исобат шуда, аз ў ду қавл ривоят мегашт.

Чунин ҳолат метавонист ба ҳар яке аз ёронаш мисли Абўюсуфу Муҳаммаду Зуфар рўй диҳад, зеро ҳар яке аз онон имоми муҷтаҳиди мустақил дар иҷтиҳоди худ буданд, агарчи тариқаи Имом Абўҳанифа дар иҷтиҳод бар ў ғоиб омада, ў онро бо қаноатмандӣ ихтиёр намуда буд, на аз рўи пайравӣ.

Ёрони Абўҳанифа бо устоди худ дар ҳукумҳои зиёди вобаста ба масъалаҳои ҷузъӣ ихтилоф намудаанд. Балки ононе, ки дар пояи асосҳое, ки фиқҳ бар он барпо мешавад, ба чунин хулоса омадаанд, ки онҳо, ба Абўҳанифа дар як адади каме аз қоидаҳое, ки асосӣ истинбот буд, ихтилоф намудаанд.

Суханони онҳо ҳам бо мувофақату ҳам бо мувофақату ҳам бо мухолафат дар мазҳаби ҳанафӣ монанди суханони устодонашон ба эътибормеравад. Зеро ин мазҳабе иборат аз андешаҳои як мактаби фиқҳӣ мебошад, ки онро Имом сарпарастӣ менамуд ва асосҳое, ки бар он ҳукумҳо бо вуҷуди иттифоқу ихтилоф асос ёфтааст, дар ҷумла бо ҳам муҷтаҳидон муттаҳид мебошанд, ба ҷуз он ки дар тафсилот магар дар баъзе ҷузъиёт мухолафат карда бошанд. Он ҳам хеле каму нодир буда, ягонагии роҳу равиши истинботро манъ намесозад. Аз ин рў аҳволи эшон на дар алоҳидагӣ, балки бо ҳам омехта ривоят гаштааст. Мо дар ин бора дар аввали ин боб ишора намуда будем.

Бархе аз нависандагон мекушанд, то ҳолоти ёрони Абўҳанифаро ба худи ў нисбат диҳанд ва гумон мекунанд. Ки ҳамнишинони ёрони Абўҳанифа мебошанд. Ва суханони эшон баргузидае аз ақволи Абўҳанифа аст. Дар суханони гузаштаи худ мо ба онҳо ҷавоб дода будем.

Ибни Обидин мегўяд: “Қавлҳо аз он ҷиҳат қавлҳои ў ба ҳисоб меравад,ки ў ононро амр намудааст, ки аз қавлҳои ў қавли бодалели мувофиқро бигирад”. “Агар ҳадис саҳеҳ бошад, пас он мазҳаби ман аст”. Сухани ибни Обидинин аст: “Аз ҷиҳати он, ки Имом ба ёронаш фармудааст, ки аз суханони ў онро бигиранд, ки бодалел созгор бошад, он чи онон гуфтаанд, сухани ў ба ҳисоб меравад, зеро сухани эшон дар асоси қоидае, ки ў барояшон гузоштааст, бино ёфтааст. Чунин суханро “ал- Бирӣ ” дар оғози шарҳаш ба китоби “ал- Ашбоҳ”- и шарҳи “Ҳидоя”-и Ибни Шиҳнаи бузург таъкиднамудааст, ки матни он: “Аз Абўҳанифа собит гардидааст, ки гуфтааст: “Агар ҳадис саҳеҳ бошад, пас он мазҳаби ман аст”.

Агар аҳли мазҳаб ба далел назар кунанд ва ба он амал намоянд, нисбат додани ин амал ба мазҳаб дуруст хоҳад буд, зеро он ба иҷозати соҳиби мазҳаб содир гаштааст.

Дар ин сухан мебинем, ки Ибни Обидин ва касоне, ки аз онҳо нақл кардааст кўшиш намудаанд, то ҳамаи иҷтиҳоди ёрони Абўҳанифаро ба ў нисбат диҳанд. Ба эътибори он, ки ин қавли ўст, то маънои пайрави собит гардад. Ба ин эътибор аз нигоҳи онҳо суханони эшон дар мазҳаби ҳанафӣ пойбарҷо намемонад.

Аз нигоҳи он пайравие, ки бар ёрон илзом менамоянд, пайравии муқаллид ба муҷтаҳид ё муҷтаҳиди ғайрикомил ба муҷтаҳиди комил нест, балки он мушоракати шогирд бо устод дар манҳаҷи ўст, ки бо ихтиёру бо иҷтиҳод ва қаноатмандӣ онро пиёда намудааст.

Чунин робитае, ки дар он маънои пайравӣ коҳиш меёбад, мазҳаби устод ва шогирдонашро мазҳаби ягона қарор дода, он бо номи шайх номгузорӣ намудааст ва ба ў нисбат додааст. Новобаста аз он, ки онҳо бо ҳам мухолиф буданд ё мувофиқ.

Робитаи Абўҳанифа бо ёронаш чи гуна набошад, ҳам суханони онон дар мазҳаб мўътабар буда, бо изофа ба суханон ва ривояти ў қавлҳои зиёд ривоят гаштаанд. Бисёри қавлҳо чунин аст, ки мазҳабро нарм ва паҳновар мегардонад.

Суханони мухарриҷони Абўҳаниф ва ёронаш ,ки дар тамоми масоил иҷтиҳод накардаанд, балки барои истинботи ҳукмҳои вобаста ба ҳодисаҳои асри худ ва ҳолатҳои фаразан тасаввур намудаашон иҷтиҳод мекарданд, то қиёсҳои худро дар мавриди ҳодисаҳои имкони вуқўъ ва имкони татбиқи иллати қиёсӣ дониста, татбиқ намоянд.

Миқдори он ҳодисаҳое, ки дар асри эшон рух додаву онон аҳкоми онро намудаанд ва миқдори он масъалаҳои тасаввурие, ки ҳукми фаразияшро баровардаанд, чи андоза набошад ҳам, ногузир аст, ки дар ҳар як аср масоиле бошад, ки ҳукми онҳо баён нагаштааст, зеро дар ҳаёти мардум дар баробари ҳодисаҳои пешин масоили нав , низ пайдо мешавад, аз ин рў зарур аст, ки дар мазҳаб мухарриҷоне бошанд, ки дар асоси қоидаҳо ҳукми ҳодисаеро баён намоянд, ки дар замони имомони мазҳаб ба вуқўъ напайвастааст ва аз онон аҳкоме вобаста ба ин масоил ривоят нагаштааст. Ин табақаит фақиҳон пас аз асри ҳамнишинони Абўҳанифа буда, аз ҷумлаи шогирдони эшон ва касоне, ки баъди онҳо омадаанд, мебошад.Онҳо барои донистани ҳукмҳои ҳодисаҳои асрҳои гуногуни худ иҷтиҳод фармуда, ҳукмҳои баровардаи худро бар қоидаҳое, ки аз маҷмўи масоили ҷузъӣ аз Абўҳанифа ва ёронаш ривоят шудааст хулоса карда, бинонамудаанд.

Чи тавре,ки дар боло баён намудем, амали мухарриҷон аз ду унсур иборат аст:

1.Истихроҷ намудани равиши умумие, ки асосҳои истинботӣ дар фиқҳӣ Абўҳанифа ва ёронашба ҳисоб меравад.

2.Баровардани ҳукми масоиле, ки он пеш зикр нагаштааст.

Табақаи мухарриҷон баъд аз марҳилаи фишурда баровардани қоидаҳо омадаас. Амали онҳо фақат аз баровардани ҳукумҳои воқеаҳое, ки дар замони гузаштагон рух надодааст, иборат мебошад. Аз ин рўҳукмҳо чун ҷузъӣ истихроҷнамудаи воқеаҳо ва фатвоҳои олимон номгузорӣ мегардад.

Ин мухарриҷон барои баровардани ҳукумҳои воқеаҳое, ки дар назди собиқин вуҷуд надошт, иктифо наменамоянд, балки дар баъзе корҳо бо сабаби зарурат ё урф гузаштагонро мухолафат менамуданд. Ин масоилест, ки ҳукмҳои онҳо дар назди собиқин дар асоси урф ё қиёсу истиҳсони дар таъсири урф монда, бино гаштааст. Пас аз онҳо урфи дигаре пайдо мешавад, ки агар фуқаҳои собиқин зинда мебуданд ҳукмро дар асоси урфи навин бино менамуданд. Дар чунин ҳолат мухарриҷон бар хилофи гузаштагон фатво медиҳанд. Ин аст кори он мухарриҷон ва тобиъине, ки дар тахриҷу қиёсҳои худ ихтилоф намоянд, чи хеле, ки имомони мазҳаб дар истинботи ҳукми худ ихтилоф кардаанд. Ин худ рушди бузурге буд, ки дар натиҷа мазҳаб вусъату инкишоф ёфт. Дарвозаи тарҷиҳу тахриҷ (фатвои нав додан ва бартарӣ бахшидан) фароху васеъ мебошад, ки дар мақолаҳои баъди онро баён хоҳем намуд.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи

пажўҳиши маъхазҳои исломӣ                                                                                          Исоев Н.

 

Яндекс.Метрика