Мардуми қирғиз гуноҳро ба гардан мегиранд, аммо…

Задухурдҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қиргизистон ва омӯзишу таҳлили маълумотҳо доир ба рафти ҷанг ва оқибатҳои он шахсро ба чунин хулоса меорад, ки дар эҷоди ҷанг гурӯҳи сеюм даст дорад. 

Маҳз ҳамин гурӯҳ дар Қирғизистон баъзе ашхоси ҷиноятпешаро ба сари қудрат оварда, онро барои иҷрои ҳадафҳои муғризона истифода мебарад. Маълум мегардад, ки ҳамаи ҷангҳое, ки дар тӯли солҳои охир дар сарҳади ду кишвар сурат мегирифтанд ва имрӯз низ рух дода истодаанд, бо иғвои ашхоси мазкур рух дода истодаанд. 

Хулосаи мазкурро эътирофи баъзе намояндагони худи миллати қирғиз собит менамояд. 

Тынчтыкбек Намазбаев дар саҳифаи интернетии худ гуноҳро ба гардани яке аз роҳбарони кишвари худ партофта, ҳаммилатони худро барои мубориза бар зидди ин шахс даъват намудааст. Ҳамчунин Саатбек Эгамбердиев, сокини деҳаи Ақсай низ сабаби иғвогариҳоро барои задухӯрдҳои хунин на тоҷикон, балки худи қирғизҳоро меҳисобад.

Мантиқан, дар рафти задухӯрдҳо намояндаи ҳар миллат аз миллати худ ва арзишҳои он дифоъ менамояд. Махсусан, вақте ки масъалаҳои умумимиллию умумидавлатӣ ҳаллу фасл мегарданд, намояндаи ҳар миллат аксаран ба дурӯғу бӯҳтон рӯ оварда, ба муқаддам шуморидани арзишҳои миллии худ ҳақиқатро таҳриф менамояд. 

Маълум мегардад, ки новобаста аз қонунияти умумии ҳукмрон дар ҳар миллат боз ашхоси равшандилу оқил ва ҳақиқатҷӯву ҳақиқатбин низ кам нестанд. Дар байни миллати қирғиз Т.Намазбаев ва С. Эгамбердиев аз ҷумлаи чунин ашхос маҳсуб меёбанд. Вақте, ки намояндаи худи миллат эътироф менамояд, ки дар муноқишаҳои хунин маҳз худи онҳо даст доранд, андешаи мазкур мантиқан беасос ва бесабаб буда наметавонад. Андешаи мазкур бешак маҳсули омӯзишу таҳлилҳои фаъолияти роҳбарӣ ва идории ашхоси муайян мебошад, ки дар тӯли муддати муайян сурат гирифтааст.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз дар вазифаи роҳбарии баъзе ниҳодҳои масъули кишвари ҳамсоя баъзе ашхоси ҷиноятпеша, иҷрокунандаи ҳадафҳои нерӯҳои сеюм дар сари қудратанд. Барои ин ашхос на ҳаёти мардуми қирғиз қадр дорад, на ҳаёти мардуми тоҷик.

Пеш аз оғози ҷанг ба минтақаи сарҳадӣ оварда шудани миқдори зиёди маводи хӯрока ва  мошинҳои таъҷилӣ аз нақшаи пешакӣ тарҳрезишудаи нерӯҳои сеюм дарак медиҳад. Ҳамзамон бо ҳавопаймоҳои бесадрнишин оташборон намудани масҷид ва мактаб ба он ишора менамояд, ки дар замири тарроҳони ҷанг хурдтарин ҳисси меҳру муҳаббат ба инсон вуҷуд надорад. Агар дар онҳо чунин эҳсос вуҷуд медошт, мардуми бесилоҳро ҳадафи худ қарор намедоданд.

Бинобар ин, агар ба масъалаи муносибати тоҷику қирғиз аз лиҳози манофеи иҷтимоии онҳо назар андозем, эҳтимол масъала ба зудӣ ҳалли худро ёбад. Зеро дар тӯли даҳсолаҳо ин мардум бо ҳам дӯстона зиндагӣ ва фаъолият мекарданд. Аммо чун масоили сиёсӣ имрӯз ҳалталаб гардиду дар кишвари ҳамсоя ашхоси тасодуфие ба сари қудрат омаданд, масъалаи муносибати байни ду миллат хусусияти душманонаро пайдо намуд. 

Баъзе мардуми қирғиз бар зидди роҳбарияти худ эътироз баён намуда, воқеиятро дуруст ифшо менамоянд. Яъне, худи онҳо дуруст дарк намудаанд, ки ҳама гунаиғвогариҳо аз тарафи баъзе роҳбарони кишвари ҳамсоя сар мезанад.

Бинобар ин, дар сар задани мушкилот онҳо баъзе роҳбарони худро гунаҳгор ҳисобида, ҳалли мушкилотро дар истеъфои онҳо мебинанд.

Ҳамчун як шаҳрванд мо низ бар он назарем, ки мардуми тоҷику қирғиз ҷангро намехоҳанд. Чуноне ки барои модари қирғиз фарзандаш азиз аст, барои модари тоҷик низ фарзандаш азиз мебошад. 

Бинобар ин, барои таъмини сулҳи доимӣ ва барқарории дӯстии бардавом зарур аст, ки баъзе аз намояндагони роҳбарияти кишвари ҳамсоя бозичаи гурӯҳи сеюм нагардида, бо дили пок ва чун шир сафед ба масъала назар андозанд. Ман фикр мекунам, ки дилу нияти пок ва қасду орзӯи нек агар ба роҳбарӣ гирифта шавад, тамоми мушкилоти ду миллат ҳалли худро меёбанд. 

 

Кароматулло А.

Яндекс.Метрика