Санаи 13 - уми ноябри соли равон бахшида ба таҷлили 31 - юмин солгарди Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти ҶТ маросими ботантана бо иштироки директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, ҳайати кормандони Марказ ва Абдуллоев Нусратулло - сардори шуъбаи ташкилии ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ ва дигар меҳмонон баргузор гардид.
Дар ибтидо, профессор, Холиқзода Абдураҳим дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти ҶТ суҳбат намуда, андешаҳои худро чунин баён дошт: "Таърихи кӯҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд.
Гиромӣ доштани ин рӯз танҳо як ҷашн нест. Он агар аз як тараф арҷгузорӣ ба хизмати беназири Пешвои миллат бошад, аз тарафи дигар нишон додани ваҳдат ва иқтидори миллӣ , иттиҳоди мардуми кишвар дар атрофи идеяҳои созандаи сарвари худ, дарки дурусти барномаҳои роҳбари маҳбуби миллат аз тарафи мардум ва талоши дастаҷамъонаи ҳамаи мо барои амалӣ шудани барномаҳост.
Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Вобаста ба хизматҳои бузурги таърихиаш дар назди халқу давлати Тоҷикистон бо заҳматҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи муносибу мақоми воло доранд. Ба тариқи фишурда баршумурдани хислатҳои наҷибу шоиста ва иқдомҳои накуву созандаи ин ҷеҳраи баргузидаи миллат ва абармарди дунёи сиёсат кофист, ки симои ин фард ба сифати номбардори миллат дар ойинаи ҷеҳранамои башарият таҷаллӣ намояд.
Зеро дар муддати кутоҳ хомӯш намудани шуълаҳои инсонсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳаёти 150 ҳазор нафарро ба коми худ кашид, беш аз як миллион нафарро бехонумон ва фирорӣ намуд. Танҳо ин шахси бузург тавонист мардуми парешону парокандаи тоҷикро дар рӯзҳои даҳшатноки кишвар сарҷамъ намояд, ки ин кори саҳлу сода набуд!
Дар ин роҳ Президент ҷони худро ба гарав гузошта, ҳаёти миллатро аз ин ҳодисаи мудҳиши миллаткуш раҳонид, зеро бидуни сулҳу таҳкими амният бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар ғайриимкон буд ва амалӣ намудани шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам» роҳро ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ҳамвор кард.
Сипас, Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ дар мавзӯи "ИҶЛОСИЯИ ХVI-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАСЪАЛЛАҲОИ МУҲИМТАРИНИ ИНКИШОФИ СИЁСИИ КИШВАР" баромад намуд.
У қайд намуд, ки дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ вазъияти сиёсию ичтимоии халқу миллатҳо ба куллӣ таъғир ёфта, давлатҳо сиёсати мустақилонаро пеша намуданд.
Дар натиҷа бузургтарин сохтори сиёсии як минтақаи дунё бо номи “Сотсиализм” давлатҳои зиёдеро таҳти идора дошт, аз байн рафт. Чунин ҳолат барои давлатҳо хурд, ки Шӯравӣ роҳнамою роҳгустар буд, мушкилоти зиёдеро ба бор овард.Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки анъана ва таҷрибаи зарурии идоракунии мустақилонаро надошт, барои нерӯҳои сиёсии мамлакат, созмон додани сохтори нав муаммо гардид.
Дар ҳудуди кишвар бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ,ки сабабгори заволи сохтори Шӯравӣ гардида буд, боз ҳам доман паҳн намуда, авзои сиёсиро мураккабтар намуд. Нерӯҳои мухталифи ҳокимиятхоҳ ташаккул ёфта, мақсади ба даст овардани ҳокимиятро доштанд.
Коста будани сатҳи маънавиёт ва ахлоқ махсусан шуури сиёсии ҷомеа, дарк накардани падидаҳои сиёсӣ боиси парокандашавии ҷомеа ва ба гурӯҳҳо ҷудо шудани он гардид. Шиддат гирифтани ҳолати номутаносибии ҷомеа вазъияти идоранашавандаеро ба миён овард. Нерӯҳои сиёсии ҳокимиятхоҳ муборизаи ошкороро шурӯъ намуданд. Дар натиҷа кишвар ба гирдоби муқовиматҳои сиёсӣ кашида шуд.
Дар моҳи майи соли 1992 муқовимати нерӯҳои ҳоким ва оппозитсионӣ ба моҷарои мусаллаҳона табдил ёфт. Гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳ ба дуздию ғоратгарӣ ва қатли мардуми бегуноҳ роҳ доданд. Ҳукумат қудрат ва тавони ба низом овардани вазъиятро надошт. Дар натиҷа Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намуд,ки рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ш.Хуҷанд Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намояд.
Дар саҳифаи таърихи навини тоҷикон моҳи ноябри соли 1992 чун ҳаводиси бузурги тақдирсози миллат сабт гардид. Зеро он боиси гирифтани пеши роҳи нобудшавии кишвар ва муайя намудани самтҳои инкишофи стратегии мамлакат гардид.
Дар Иҷлосия масоили гуногун дида баромада шуд. Яке аз масъаллаҳои асосӣ интихоби сарвари сиёсӣ буд,ки тавонад миллатро дар атрофи худ муттаҳид созад ва ба самти нави стратегӣ ҳидоят намояд. Вакилони Шӯрои Олӣ бо як овоз Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ итихоб намуданд.Эмомалӣ Раҳмон,ки вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, дар муддати муайяни ваколаташ пайваста аз адолати иҷтимоӣ, сулҳу субот ва якпорчагии миллат ҷонибдорӣ менамуд.Инчунин симои тоҷикона, лаҳни шевои тоҷикона ифтихори тоҷикона ва ҳисси баланди тоҷиконааш муҳаббати мардумро нисбаташ зиёд гардонида буд. На танҳо Вакилони Шӯрои Олӣ ҳамзамон мардуми ранҷдидаю осебкашида ,дар симои Эмомалӣ Раҳмон сарвари адолатпешаю иродатмандро медиданд. Интихоби нави сарвари сиёсӣ тақдири минбаъдаи миллати тоҷикро ба куллӣ дигар намуд.
Яке аз маъалаҳои асосие, ки Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он вақт ба миён гузошт, аз ҳолати муқовимати мусаллаҳона баровардани кишвар ва ба оштии миллӣ расидан буд. Барои ҳалли маҷмӯи мушкилиҳои ҷомеаи оташгирифта ва роҳҳою усулҳои ба эътидол овардани вазъияти мамлакат 74 санади ҳуқуқӣ аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон, 1изҳорот қабул гардид, ки барои солҳои ояндаи мардуми дорои собиқаи бузурги таърихӣ дошта мусоидат намуд.
Масъаллаи дигаре, ки дар Иҷлосияи ХVI-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада шуд, ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва таъмини сулҳу субот дар кишвар буд. Дар натиҷа дар давраи солҳои 1993 2000 ба ватан 950599 нафар гурезагон баргардонида шуданд.
Барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон пеш аз ҳама лозим буд,ки миёни мухолифин гуфтушунид баргузор намуда,ризоияти саросарии ҷомеа,ваҳдату ягонагӣ ба даст оварда шавад.Дар натиҷаи музокироти тӯлонии миёни тоҷикон,ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон идома ёфт,муяcсар гардид, ки “Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон “ имзо гардад.
Дар Иҷлосия барои муаян намудани рушди минбаъдаи Тоҷикистони муосир маъаллаи фаъолияти қонунгузорӣ гузошта шуд.Дар ниҳоят 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати Соҳибистиқлол, демократӣ , дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Инчунин маъаллаҳои дигаре, ки тавонист минбаъд Тоҷикистонро ҳамчун давлати муосир миёни кишварҳои дигар муаррифӣ намояд пеш гузошта шуд.
Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули рамзҳои нави давлатию сиёсӣ оғоз бахшид. Ҳамин тариқ, 24 ноябри соли 1992 парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 1993 нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 сентябри соли 1994 Суруди миллии мамлакат қабул гардид.
Ҳамин тавр, Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии давлатдории тоҷикон ҳодисаи муҳиму таърихӣ ба ҳисоб меравад, ки баро истеҳкоми давлатдории муосир ва рушди заминаи ҳуқуқиву меъёрӣ замина гузошт" .
Дар фарҷом директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим ва сардори шуъбаи ташкилиии ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ Абдуллоев Нусратулло шаҳодатномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба аъзоёни нави Ҳизб дар ташкилоти ибтидоии "Исломшинос" тақдим намуданд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ дар назди Президенти ҶТ