Масоили маърифатшиносӣ дар «Зод-ул- мусофирин» -и Носири Хусрав

Носири Хусрави Қубодиёнӣ (394ҳ.қ. – 1004м., Қубодиёни Тоҷикистони  кунунӣ - 481ҳ.қ. -1088м. Юмгони Бадахшон) аз бузургтарин файласуфон, шоирон ва нависандогони қарни  5-уми ҳ.қ.( 11м.) аст. Ў сарфи назар аз зиндагии пурмашақат, пурташвиш ва нооромаш осори маънавии зиёди арзишманд тасниф кардааст, чун «Зод-ул-мусофирин», «Ваҷҳи дин», «Кушоиш ва раҳоиш», «Хон-ул-ихвон», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Ихтиёр-ул-имом ва ихтиёр-ул-имон», «Аҷоиб-ус-санъат», «Лисон-ул-олам», «Бустон-ул-уқул», «Ѓароиб-ул-ҳисоб ва аҷоиб-ул-ҳусоб», «Канз-ул-ҳақоиқ», «Ҳафт боб», «Тафсири Қуръон», «Рисолаи офоқ ва анфус», «Иршод-ул-соликин», «Рисола дар даъвати руҳониён ва тасхири кавокиб», «Усули адаб», «Шаш фасл», «Гуҳаррез», «Далоил-ул-мутаҳайирин», «Иксири аъзам», «Қонуни аъзам», «Дастури аъзам», «Девони ашъор», «Рушноинома», «Саодатнома» ва «Сафарнома». Ҳар яке аз ин осор шоҳкории фалсафӣ, илмӣ, мазҳабӣ ва адабӣ буда, дар айни ҳол дар ривоҷи забони форси дарӣ ва ташаккули истилоҳоти илмии он саҳми бориз дорад ва шоистаи он аст, ки дар бораи онҳо гузоришҳои густурдае анҷом ёбад. Вале мо гузориши худро бо тавсифи моҳияти муҳимтарин асари фалсафии ў «Зод-ул-мусофирин» ва баёни масоили маърифатшиносӣ дар он маҳдуд менамоем.
 
«Зод-ул-мусофирин»-ро Носири Хусравдар соли 453 ҳ.қ. (1061 м.) таълиф намудааст, ки дар ин ҳангом ў дар Юмгон иқомат дошт ва аз умри ў 59 сол сипарӣ мешуд. Ин чунин маънӣ дорад, ки «Зод-ул-мусофирин» дар он марҳалаи ҳаёти муаллиф нигошта шудааст, ки мазҳаби исмоилиро ба куллӣ пазируфта ва ба мартабаи Ҳуҷҷати ҷазираи Хуросон расида буд. Ҳамин амр мазмун ва муҳтавои фалсафӣ ва ақидатии «Зод-ул-мусофирин»-ро муқаддар сохтааст. Муаллиф моҳияти ин асари худро чунин муаррифӣ кардааст:
 
Зи таснифоти ман «Зод-ул-мусофир»,
Ки маъқулотро асл асту қонун.
Агар бар хоки Афлотун бихонанд, 
Сано хонад маро хоки Фалотун. 
 
Аз муҳтавои «Зод-ул-мусофирин» бармеояд, ки муаллиф ин асари худро ба се манзур таълиф кардааст. Якум, чун мардум дар ин дунё мусофиранд, роҳи дурусти мусофират ва андухтани зод (туша)-и ин роҳро бояд ба онон нишон дод. Дуввум, гумроҳиҳои уламо ва фуқаҳои зоҳириро ошкор бояд кард. Саввум, аслҳо ва нуктаҳои асосии мазҳаб ва фалсафаи исмоилияро возеҳ ва равшан боз бояд намуд. Носири Хисрав ин ҳадафҳо ва манзурҳои худро ба таври зайл баён кардааст: «…мардум… ҳамедонад, агар хирадманд аст, ки вай бар мисоли мусофирест , ки андар ҳамаи замони хеш мар ўро бар як чашмзахмӣ диранг мумкин нест кардан, то аз ин хат, ки замони ўст, дарнагузарад ва ба нуқта нуқтаи  акнунҳо мар ин хатро напаймояд. Пас бар ин мусофири хирадманд воҷиб аст, ки бозҷўяд то аз куҷо омадааст ва ба куҷо ҳамешавад. Ва чун донист, ки аз куҷо омадааст, маълуми ў шавад он ҷо, ки ҳамешавад [ва  мар ўро ба чӣ чиз ҳоҷат хоҳад будан], зоди мусофирин баргирад, ки мусофир бе зод аз ҳалок барҳазар [на] бошад. Ва Худой Таъоло ҳамегўяд: «Фа тазавваду фа инна хайра-з-зоди-т-тақво». Ва андар ин қавл, ки ҳамегўяд «зод баргиред», пўшида гуфта шудааст, ки шумо бар сафаред. Ва чун ҳол ин аст, мо бештари мардумро аз нигаристан дар ин боб  ѓофил ёфтем. Ва нодонони уммат мар ҳақро хор гирифта буданд ва бар амсол ва завоҳири Китоби Худой истода ва мамсулот ва бавотин ва маъонӣ  аз даст боздошта ва бар маҳсусот ва касоиф фитна гашта ва аз маъқулот ва латоиф дур монда ва мар ҳавасҳоро ба ҳавоҳои мухталифи хеш раёсатҷуён андар дин истихроҷ карда ва фиқҳ ном ниҳода ва  мар доноёнро бар илми ҳақоиқ ва мар бинандагонро ба чашми басоир ва мар  ҷўяндагони ҳақро ва ҷудокунандагони ҷавҳари боқии собитро аз ҷавҳари фонии мустаҳил мулҳид ва баддин ва қарматӣ ном ниҳодаанд, андар воҷиб дидем мар ин китобро андар ин маънӣ таълиф кардан ва ном ниҳодан мар ин китобро ба  «Зод-ул-мусофирин». 
  
«Зод-ул-мусофирин» асарест доиратулмаорифӣ, ки таҳлили масоили фалсафӣ, илоҳиётшиносӣ, кайҳоншиносӣ, кайҳоннигорӣ ва табиатшиносиро дар бар дорад. Муаллиф дар он масоили нақши маърифатшинохтии қавл  ва китобат (қавлҳои 1-2), ҳавоси зоҳир ва ботин (қавлҳои 3-4), назарияи ҷисм, ҳаракат, ҳаюло, макон, замон (қавлҳои 5, 6, 8, 9, 10), таълимот дар бораи нафс (қавлҳои 7, 21, 22, 26), назарияи қидам ва ҳудуси олам (қавлҳои 13, 20), Сонеъи Ҳаким ва Мубдиъи ҳақиқии олам (қавлҳои 14, 15, 16, 17), масъалаи инсон ва ҷазо ва сазои ўро муфассал баррасӣ кардааст. Ҳангоми таҳлили ин масоил зимни баёни назариёти худ, ақоиди ҳарифонаш -табоъия, даҳрия, асҳоби ҳаюло, муътазила ва каломи аҳли тасаннунро аз дидгоҳҳои исмоилия нақд намудааст. Дар ин мавридҳо ў на ҳамеша холисона ва беѓаразона рафтор кардааст. Масалан, вай назарияи қудамои хамсаи Абубакри Розиро як фалсафаи илҳодӣ медонад, зеро аз диди ў «маѓзи сухани писари Розӣ дар ҳайюлост», ҳол он ки назарияи қудамои хамсаи Абубакри Розӣ як назарияи фалсафии касратгароист, на илҳодӣ.
 
Дар «Зод-ул-мусофирин» ба таври пардапўш,  ноаён ва нозоҳир нақди фалсафаи машшоии шарқӣ, хусусан нақди таълимоти он дар хусуси қидаму абади унсурҳо (устуқсот), ҳайюло, ҳаракат, макон, замон ва ҳудуси нафс вуҷуд дорад. Ба ин маънӣ «Зод-ул-мусофирин» на танҳо доиратулмаъорифи донишҳои динию фалсафии қарни панҷуми ҳ.қ., балки доиратулмаъорифи таърихӣ-фалсафиест, ки имкон медиҳад таълимот ва назароти мактабҳои фалсафие, ки осори намояндагонашон дар дастрас нест, бозсозӣ шавад, аз ҷумла назарияҳои фалсафии табоъия, даҳрия ва асҳоби ҳайюло. «Зод-ул-мусофирин» аз он рў низ асари доиратулмаорифист, ки дар он ахбори муҳиме дар хусуси фалсафаи антиқии Юнону Рум, хусусан намояндагони бузурги он Суқрот, Демокрит, Афлотун, Арасту ва Афлотин мундариҷ аст. 
 
Чун аз тавсифи умумии «Зод-ул-мусофирин» фориѓ шудем, мувофиқи ҳадафи ин гузориш зарур аст ба таҳлили назарияи маърифатшиносии Носири Хусрав, ки дар ин асар баён шудааст, бипардозем.
 
Мутолаъаи ин асар мерасонад, ки маърифатшиносӣ (шинохтшиносӣ) мадхали тамоми низоми фалсафӣ- динии Носири Хусрав аст. Ба назар мерасад, ки ў дар таърихи фалсафаи мо аввалин мутафаккирест, ки бори нахуст мадхалияти маърифатшиносӣ (шинохтшиносӣ)-ро барои тамоми фалсафа ба маънии антиқӣ ва қуруни вустоии он муқаррар кардааст.
 
Ин хулоса муттако бар он аст, ки чаҳор қавли аввали асари мазкур ба баррасӣ ва баёни масоили шинохтшиносӣ-масоили моҳияти шинохт (маърифат), шинохтпазирии олам, нақши шинохтшиносии қавл ва китобат, ҳавоси зоҳир, ҳавоси ботин, нафс ва ақл бахшида шудаанд. Бар замми ин масоили шинохтшиносӣ дар мавриди баҳс дар бораи масоили ҳастишинохтӣ- таълимот дар бораи Аллоҳ, нафс, ҳайюло, макон, замон, инсон ва мақому нақши ў дар олам низ мавриди таҳлили муаллифи «Зод-ул-мусофирин» будаанд.
 
Аз «Зод-ул-мусофирин» пеш аз ҳама маълум мегардад, ки Носири Хусрав аз ҷонибдорони пайгир ва матини назарияи шинохтпазирии олам аст. Ў муътақид аст, ки «мардум бар ҳамаи фавоид ва манофеъ, ки андар уммаҳот ва маволиди олам аст, мутталлиъ шудааст ва чизе аз он бар ў пушида намондааст». 
 
Аз назари Носири Хусрав, донистану шинохтани олам мухтас ба ин ё он қавм нест, балки мардуми ҳама ақолим қобилияти дарк, донистан ва шинохтани оламро доранд: «баъзе чизҳо, ки бар баъзе мардуми баъзе ақолим зоҳир шудааст, он нест, ки баъзе мардуми ақолими дигар онро надонистаанд, балки бар онҳо зоҳири ниҳояташ бар мардуми ақолими дигар баъд аз муддате расида. Пас, чизе набуда, ки бар мардум зоҳир нашудааст».   
 
Ақидаи маърифатпазирӣ (шинохтпазирӣ)-и олам на танҳо дар «Зод-ул-мусофирин», балки дар тамоми осори фалсафии Носири Хусрав мундариҷ аст ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вай ҷонибдори собитқадами ин ақида будааст. Масалан, дар «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» омадааст: «Олами ҷисмонӣ, ба ҷумлагӣ, аз афлоқи мудавварот ва кавокиби мухталиф-ул-мақодир ва-л-афъол ва-л-алвон ва-л-ҳаракот ҳама мукайяфот аст. Ва чизҳои замин аз ҷавоҳир ва набот ва ҳайвон бо бисёрии анвоъ ва ашкол ва суратҳо ва маззаҳо ва рангҳо ва феълҳои мухталиф -ҳама мукайяф ва донистанӣ аст мардумро».  
 
Андешаи Носири Хусрав дар бораи шинохтпазирии олам аз ҳар ҷиҳат шоистаи тақдир аст. Вале дар айни ҳол бояд низ гуфт, ки ў дар баёни ин масъала ба иѓроқ  ҳам роҳ додааст, зеро бовар дорад, ки инсон ҳама чизҳои оламро донистааст ва аз ў чизе пинҳон намондааст. Вале маълум аст, ки ҳатто инсони садаи бистум ва ибтидои садаи бистуякуми мелодӣ, ки даврони комёбиҳои бузурги илмӣ ва технологӣ аст, ҳама чизҳоро надонистааст ва аз ў чизҳои бешуморе пинҳон мондааст. Пас чӣ расад ба инсони садаи ёздаҳуми мелодӣ? Вале сарфи назар аз ин бояд гуфт, ки ақидаи Носири Хусрав дар бораи маърифатпазирӣ (шинохтпазирӣ)-и олам нисбат ба ақоиди суфистоиён, шаккокон ва лоадриёни антиқӣ ва замони худаш, ки маърифпазирии оламро  ё нафй мекарданд ё зери шубҳа қарор медоданд, равишшиносии солими фалсафие буд, ки мардумро умуман ва уламоро хусусан ба таҳқиқу дарёфти олам роҳнамун мекард. Эътироф бояд кард, ки агар инсон ба шинохтпазирии олам муътақид намебуд ва дар ин роҳ пайваста иқдом намекард, ҳаргиз аз ҳолати бадавӣ берун намеомад ва ба марҳалаи кунунии фарҳанг ва тамаддун намерасид.
 
Ҳарчанд Носири Хусрав муътақид аст, ки инсон ҳама чизҳои оламро донистааст ва аз ў чизе пинҳон намондааст, вале ин нуқтаро низ бо исрор таъкид мекунад, ки раванди маърифати олам на амри якбора ва якдафъаина, балки амри бепоёне аст, ки дараҷа ба дараҷа сурат мегардад ва «ҳар дараҷае аз илм мар ўро (инсонро- И.Қ.) сўи дигар дараҷа роҳ диҳад ва мар илмро ниҳоят нест». 
 
Эътирофи шинохтпазирии бечунучарои олам аз ҷониби Носири Хусрав зимни заминаҳои илмию фалсафӣ заминаи динӣ низ дорад. Аз назари ў, «ҳар ки мар офаридагонро надонад, мар офаридгорро натавонад донистан».   Дар ҷои дигари «Зод-ул-мусофирин» ў овардааст: «Мардумро андар ин сарой бар ин сурат аз баҳри он овардаанд, то бад –ин лаззат бирасад ва аз омўхтан ҳеҷ наосояд. Лаззат ёфтан мар ўро аз илм бар мисоли муваккиле ва фармояндаи Илоҳӣ аст, ки ҳамегуядаш: «Биёмўз то зинадаӣ». 
 
Мантиқи назарияи шинохтпазирии олам Носири Хусравро водоштааст, ки пиромуни масоили моҳияти шинохт (маърифат),  анвоъ ва абзори он низ жарф биандешад. Аз мулоҳизаҳои Носири Хусрав, ки дар «Зод-ул-мусофирин» дарҷ шудаанд, натиҷа метавон гирифт, ки шинохти олам- донистани ҳавоси ашёи он,  моҳият, ҳақиқат ва кайфияти ашё, дарёфти сабабмандӣ ва қонунмандии онон аст. Дар ҳамин замина Носири Хусрав ба ин хулоса расидааст, ки «ҳадди илм тавассути мутасаввир аст мар чизро, чунон ки ҳаст ва «ҳар ки мар чизро ҷуз чунон тасаввур кунад, ки ҳаст, ҷоҳил бошад».
 
Носири Хусрав дар «Зод-ул-мусофирин» масоили анвоъи шинохт ва абзори онро низ баррасӣ кардааст. Дар қавлҳои аввали ин асари худ ў пеш аз ҳама ба таҳлили нақши шинохтшиносии қавл ва китобат пардохтааст. Ў таъкид мекунад, ки қавл ва китобат ба ин маънӣ абзори шинохтшиносӣ мебошанд, ки нафси даррок тавассути онон донишро ба дигар нафсҳо интиқол медиҳад. Тавассути қавл дониш ба ҳозирин ва тавассути китобат ба ѓойибин интиқол дода мешавад. Онҳо ин вазифаро аз роҳи инъикос ва интибоъи маънӣ ва ҳақиқати ашёи олам адо менамоянд. Тафовуташон фақат аз ин иборат аст, ки қавл маънии мудракро бевосита ва ба таври муҷаррад, вале китобат онро бавосита-тавассути қавли навишта ва ҳуруф инъикос менамояд. Аз ин сабаб Носири Хусрав  мўътакид бар он аст, ки нақши қавл дар шинохти олам нисбат ба нақши китобат афзалтар аст.  
 
Ақидаи мазкур, ки шояд бори нахуст аз ҷониби Носири Хусрав баён шудааст, аҳамияти муҳими шинохтшиносӣ ва равишшиносӣ дорад: агар инсон сухангўй  намебуд, агар башар китобатро ихтироъ намекард, агар ў донишҳои андухтаашро ба ин васила ба навъи худ, ба ҳамзамонони худ ва ба наслҳои ояндаи хештан вогузор намекард, ҳаргиз ба марҳалаи кунунии фарҳанг ва тамаддун иртиқо намеёфт, зеро ҳар насл дониши андухтаашро бо худ мебурд ва идомати илмӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ таъмин намегардид. Аз ин асл маълум мегардад, ки Носири Хусрав қавл ва китобатро комилан дуруст мадхали ҳамагуна шинохт ва шинохтшиносӣ қарор додаст.
Носири Хусрав дар «Зод-ул-мусофирин»  назарияи маърифати ҳиссӣ ва ақлонии худро низ баён кардааст. Моҳияти назарияи маърифати ҳиссии ў аз он иборат аст, ки нафси инсонӣ барои шинохт ва маърифати чизҳои маҳсус ба панҷ ҳавоси зоҳир- (1) биноӣ, (2) шунавоӣ, (3) буёӣ, (4) басовоӣ), (5) чашоӣ ва барои идроки маъқулот ва маъонӣ ба панҷ ҳавоси ботин- (1) тахайюл, (2) ваҳм, (3) ҳифз, (4) фитрат, (5) зикр-ниёз дорад. Ҳавоси ботин мардумро ба миёнҷии ҳавоси зоҳир ҳосил мешавад ва бидуни онҳо вуҷуд дошта наметавонанд. Ҳавоси зоҳири инсонӣ танҳо чизҳои ҳозир ва хосиятҳои ҷудогонаи онҳоро дарк мекунанд, вале ҳавоси ботин метавонанд ҳам чизҳои ҳозир ва ҳам чизҳои ѓоиб ва ҳам маъонии онҳоро бишносанд ва бидонанд. Аз назари Носири Хусрав моҳияти маърифати ҳиссӣ, ки тавассути ҳавоси ботин сурат мегирад, аз он иборат аст, ки дар фароянди он тахайюл сувари ашёи маҳсусро аз модда таҷрид мекунад ва ба қувваи ҳофиза интиқол медиҳад. Қувваи ҳофиза ин суварро ба қувваи зокира вомегузорад, то он ки вай битавонад онҳоро дар мавриди дилҳоҳ ва зарурӣ ба ёд биоварад. Носири Хусрав худ навиштааст:«Чун қуввати мутахайила мар суратеро аз суратҳои шахсӣ, ё суратҳои қавлӣ ё китобӣ аз ҳайюлои ў муҷаррад кунад ва ба қуввати ҳофиза супорадаш, ҳофиза мар он суратро нигаҳ дорад ва сурате, ки аз он қуввати мутахайила бад-ў ҳамерасонад, ҳофиза мар онро бо сурати пешин баробар ҳамекунад, то чун мар ҳамон сурати пешинро биёбад, бидонад, ки ин ҳамон аст. Ва чун суратҳо бо якдигар дархур наяфтанд, ҳамедонад, ки ин он нест. Ва чун қувватҳои нафс ҷойгир нест ва ҷойро андар ў муқаррар нест, балки макони суратҳои муҷаррад аст ва суратҳои бениҳоят андар ў ҳамеѓунҷад». 
 
Носири Хусрав боварии комил дорад, ки сурати ашё дар ҳавоси инсон танҳо тавассути таъсири онҳо ба ҳавоси вай пайдо мегардад. Аммо ў таъсири соҳиби ҳавосро бар ашё иқрор набуд, зеро ба ақидаи вай, аз амали мо ҷуз табиати мо чизи дигар мунфаъил намегардад. Ба назардошти ин дидгоҳи ў назарияи маърифати ҳиссии вай ҷанбаи муроқибатӣ дорад. Ин натиҷагирии  моро  суханони  зерини мутафаккир комилан таъйид мекунанд: «Чун мо суханеро бишнавем, он шуниданӣ андар шунавоии мо асар кунад ва шунавоии мо аз ҳоле, ки пеш аз он бар он бошад, бигардад ва он шуниданӣ бо шунидани мо мутаѓайир нашавад. Ва ҳамин аст ҳоли дигар феълҳо, ки аз мо ба ҳавос ояд, ки бад-ин феълҳо, ки аз мо ояд, завоти мо ҳаме мафъул шавад, на чизе дигар».
  
Носири Хусрав ҳарчанд ба қудрати маърифатии ҳавос ва эътимодбахш будани маълумоти онон шакк надошт, вале хуб медонист, ки онҳо  аз дарки маъқулот ва маъонии ашёи олам оҷизанд. Аз ин сабаб ў навишта буд, ки «…аз ҷисм ҷизҳост, ки ҳисс мар онро андарнаёбад ва лекин ақл бо далоил донистааст, ки он ҷисм аст, чунон ки ба ҳисс ёфта нашавад».  Илова бар ин мутафаккир дар «Хон-ул-ихвон» таъкид кардааст, ки «чизе, ки мар варо ҳисс натавонад ёфтан, мар ўро ба ақл ёбад. Ва он чи на андар ҳисс ояд ва на андар ақл, ў на чиз бошад ва на мавҷуд».  Ақл дар фаъолияти маърифатиаш ба дастафзорҳои худ, чун қувваи муфаккира, ҳофиза ва зокира такя дорад ва тавассути онҳо сувар ва маъонии ашёро дар нафси мардум мунтабиъ ва ҳангоми дилхоҳ ва зарурӣ таҷдид менамояд. Ў нигоштааст: «Ин ақли шариф чун пешвар аст бо олатҳо. Ва ў худ латиф аст ва нодиданӣ аст ва дастафзорҳояш низ ҳама латифу нодиданианд, чун қувватҳои муфаккира ва мусаввира ва ҳофиза ва зокира ва (ҷуз он)».    Бо назардошти ҳамин андешаи мутафаккир натиҷа метавон гирифт, ки аз назари  ў нақши ақл дар раванди маърифат аз он иборат аст, ки он тавассути афзорҳои худ суратҳои маҳсусро аз модда таҷрид мекунад (бо ёрии қувваи мусаввира), ҳифз менамояд (бо мадади қувваи ҳофиза) ва ба ёд меоварад (бо дастёрии қувваи зокира) ва моҳияти онҳоро ошкор месозад. Дар айни ҳол бояд гуфт, ки Носири Хусрав дар «Зод-ул-мусофирин» моҳият ва аҳамияти маърифатии ақл ва афзорҳои онро ба таври мабсут баррасӣ накардааст. Шояд ў инкорро дар осори дигари фалсафиаш, чун «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Кушоиш ва раҳоиш» ва ғ. анҷом дода бошад.
 
Носири Хусрав дар «Зод-ул-мусофирин» масъалаи таносуби маърифати ҳиссӣ ва маърифати ақлиро низ мавриди баҳс қарор додааст. Хулосаи ақидаи ў дар ин масъала аз он иборат аст, ки «чизҳои дарёфтанӣ бад-ин ду олати мухолиф (яъне ҳавос ва ақл-Қ.И.) низ мухолифи якдигаранд, яъне  на ҳама маҳсусанд ва на ҳама маъқул, чунонки моро  на ҳисс бе ақл додаанд ва на ақл бе ҳисс. Ва он чи ба ҳисс (ҳисси зоҳир дар назар аст- Қ.И.) ёфтанӣ аст мар ваҳмро (ки ҳисси ботин аст-Қ.И.) сўи ёфтани ў сабиле нест ва он чи ба ваҳму фикрат ёфтанӣ аст, мар ҳиссро низ андар ёфтани [ў] роҳе нест».  Чун мардумро ҳисс бе ақл ва ақл бе ҳис надодаанд, сарфи назар аз фарқи нақши маърифатии онҳо, набояд маърифати ҳиссӣ ва маърифати ақлониро ба ҳамдигар муқобил гузошт ва якеро нисбат ба дигаре бартар донист, зеро аз назари Носири Хусрав, маърифати ақлонӣ дар заминаи маърифати ҳиссӣ пайдо мешавад ва роҳи маърифати ҳиссӣ тавассути ақл мунаввар мегардад. Ин таъбири таносуби маърифати ҳиссӣ ва маърифати ақлонӣ, ки Носири Хусрав пешниҳод кардааст., аз назарияҳои якҷониба (яктарафа) –и ҳисгароӣ (сесуализм) ва ақлгароии файласуфони Аврупои Замони Нав, ки ё нақши ҳавос ё нақши ақлро дар раванди маърифат мутлақ месохтанд, саҳеҳтар аст ва масъаларо воқеъбинонатар ҳаллу фасл менамояд.
 
Инро низ бояд гуфт, ки Носири Хусрав дар тадвини назарияи маърифатшинохтии худ аз дастовардҳои пешиниёнаш бархурдор будааст. Ақоиди ў дар бораи шинохтпазирии олам, идрок чун интибоъ (инъикос) , ҳавоси зоҳир ва ботин ва нақши маърифатии онҳо, ақл, абзори он ва моҳияти маърифати ақлонӣ, робитаи ақлу эҳсос ва маърифати ҳиссию ақлонӣ реша дар фалсафаи машшоии  Абўнасри Форобӣ ва Ибни Сино доранд. Вале худвижагии назарияи маърифатшиносии ў аз ин иборат аст, ки вай онро ба ниёзҳои динӣ, хусусан мазҳаби исмоилия мутобиқ сохтааст: маърифати олам ва шинохти он роҳе аст ба сўйи маърифат ва шинохти Худованд. Ў сахт мўътақид аст, ки ҳар кас офаридаҳоро надонад, Офаридгорро натавонад донистан.   
             
Қурбоншоев Илҳом Ҷумахонович - мутахасисси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломӣ 
Яндекс.Метрика