Масоили фалсафӣ дар таълимоти сӯфиёни Хуросон ва Мовароуннаҳри асрҳои Х-ХII

Омӯзиши ақидаҳои онтологӣ, этикӣ, эстетикӣ, иҷтимоию сиёсии мутафаккирони машҳур, инчунин мактабҳои алҳидаи тасаввуф дар алоқамандии якдигар, бо дарназардошти вазъи таърихию идеологӣ ва фарҳангӣ, барои ба вуҷуд овардани тасвири таърихи фалсафаи халқи тоҷик чун қисми муҳими сохтори фарҳанги маънавии Шарқи асримиёнагӣ метавонад мусоидат намояд.

Аз ин ҷиҳат тадқиқоти масоили фалсафии тасаввуфи Хуросону Мовароуннаҳр бағоят самарабахш ва муфид метавонад гардад.

Тасаввуфи Хуросон дар инкишофи озодфикрӣнақши муҳим бозида, ба фарҳанги исломи масоили махсуси фалсафиро ворид намуда, бо воситаҳои возеҳи рағбатангез онро ғанӣ гардонид. Зимнан дар тасаввуфи Хуросон ҳам ғояҳои пантеистӣ (Абӯлҳасани Харақонӣ) ва ҳам монотеистӣ, дар рӯҳияи трансседентии Худо рушд ёфтаанд. Бузургони тасаввуф таълимоти худро на танҳо баҳри ибодати динӣ, балки баҳри «озодии инсон» аз бадӣ ва рафъи таҳқири иҷтимоӣ ва фардӣ равона карда буданд.

Ба маънои машҳур фалсафаи тасаввуфро метавон навъе аз фалсафаи иҷтимоӣ ва ахлоқӣ номид, зеро тамоми масоили онтологӣ, гносеологӣ ва иҷтимоӣ ба идеали иҷтимоӣ, камолоти шахс вобаста карда шудаанд. Барои тасаввуфи Хуросон, чунин ки баъзе муҳаққиқон зикр кардаанд, тафсири махсуси Қуръон хос аст.

Таълимоти сӯфиён дар бораи ҳастӣ асосан хилофи назари файласуфон бошад ҳам, он хусусияти махсуси онтологии худро дошт. Аввалин, он дар асари тамоми мутафаккирони суфӣ як хел набуда, ҳалли масъалаҳои онтологӣ ва мавқеи онҳо, вобаста ба ин аст, ки ба кадом тараф моил ҳастанд, яъне ба таълифоти ваҳдати вуҷуд ва ё ваҳдати шуҳуд, ё ба теизм… Сӯфиён масоили гносеологӣ ва эстетикии таълимоти худро бо дарназардошти тасаввуроташон дар бораи Худо ҳал менамуданд. Агар Худо, ба гуфтаи онҳо, офаридгори тамоми мавҷудот, нисбат ба махлуқи худ трансседентӣ бошад, таълимоти сӯфиён хусусияти монотеистӣ пайдо мекунад, агар он ба олам имманентӣ (якҷо) эътироф шавад, он гоҳ таълимоти сӯфиён ваҳдати вуҷуд мегардад. Дар навбати худ чунин муносибати онҳо ҳар гуна динро монеа ба сӯи Ҳақиқат ҳисобида, онро инкор менамуданд, ё ин ки динро ба сифати роҳи зарурӣ, ки инсонро ба Худованд мерасонад, эътироф мекарданд.

Масъалаи асосӣ дар фалсафаи асрҳои миёна «оё олам аз тарафи Худо офарида шудааст ё вай аз азал вуҷуд дорад», аз ҷониби машшоиён, мутакаллимон, исмоилиён, сӯфиён, ишроқиён ва хусусан материалистон (даҳриён, асҳоби ҳаюло) ва ғ. ба тарзҳои гуногун ҳал карда мешуд.

Дар тасаввуфи Хуросон Худо дар ваҷуди аҳдияти худҳолати зуҳурнаёфта, моҳияти дар худ мебошад. Аз ин рӯ, ҳастии Ӯ аз ҳастии силсилаи мавҷудоти дигар фарқ мекунад. Мувофиқи гуфтаи Калободӣ дар шарҳи Мустамлӣ «Вай поктар аз он аст, ки ҳеҷ сифати вай ба сифати муҳдасон монанд нест, зеро ки сифати муҳдасон араз аст ва сифати Худои азза ва ҷалла араз нест».

Мустамлӣ чунин мешуморад, ки ҳастӣ ду гуна – ё ҷисм, ё ҷавҳар аст. Тамоми ҷавҳарҳо дар макон ва замон қарор доранд. Ҳамаи ҷавҳарҳои ҳастӣ, ба ҷуз зоти илоҳӣ, мутағайир ва ҳомили аъроз мебошанд. Араз ба таври мустақилона вуҷуд надорад, вай ба зот вобаста аст, ҳастии он чизе ки худ ба худ вуҷуд надорад ва ба чизи дигаре вобастагӣ дорад, гузаранда ва муваққатӣ мебошад. Дар ин сурат, бояд сабаби умумӣ, абадӣ, ҳамаро эҳтивокунанда вуҷуд дошта бошад. Чунин сабаб метавонад танҳо Ҳақиқат (Худо), ки Ягона, Абадӣ, Доно ва Қодир аст, бошад. Сифатҳои охирин ҳамчун хосиятҳо ё аърози Худо буда, онҳо зотӣ, абадӣ, ба замон ва макон вобастагӣ надорад.

Консепсияи умумии Иброҳими Калободӣ ва Мустамлӣ дар ин ҷо бо таълимоти монотеистии дини ислом, нчунин бо илоҳиёти каломӣ ва исмоилиён дар бораи ягонагии Худо мутобиқат мекунад.

Принсипи якахудоии аҳкоми расмии ислом «Нест худое ба ҷуз Аллоҳ ва паёмбари вай Муҳаммад (с)», сӯфиёнро ба ҷустуҷӯи тарҳи илме дар бораи роҳи касби Ҳақ мебарад, зеро онҳо зимни эътирофи Ҳақиқат чун ҳастии ягонаи мутлақ, дар айни замон «тавҳид»-ро диниши махсус дар бораи шинохти ягонаи Худо мешумориданд ва ин дониш нисбат ба Худо муайянкунандаи категорияи онтологӣ мебошад, ки он тавъам будани ҳастӣ ва илми илоҳиро тавсиф менамояд. Аз ин рӯ, худи дониш моҳиятан чанд дараҷаи ҳастиро дорад, ки шакли олӣ ва комили он тавҳиди «Ҳақ мар Ҳақ мебошад», ба ибораи дигар, чӣ тавре ки Ҳуҷварӣ шарҳ медиҳад, ин «дараҷаи дониши Ҳақ дар хусуси тавҳиди худ» («Илми ӯ ба ягонагии худ») мебошад. Дар ин ҷо дар байни ҳастӣ ва илми Ҳақ ҳад гузоштан имконнопазир аст, зеро онҳо ҳар ду арази зотии ҳастианд, ки Ҳақ хос буда, бо он айният доранд, дар алоҳидагӣ вуҷуд надошта, ҳамчун нисбати том ба ҷузъ мебошанд, чунки ҳама гуна таҷриди аҷзо ва сифатҳои онҳо, ки амалан натиҷаи қобилияти маҳдуди инсон аст, зоти Ҳақ истисно мекунад ва чн тасаввурот далели нотавонии инсон дар эҳтивои дониши Ҳақиқати беинтиҳои мутлақ, Илми мутлақ ва Қудрати мутлақ ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди баъзе фарқиятҳо дар эътиқод ба ягонагии Худо дар байни сӯфиён, муътазилиён ва машоиёни шарқӣ ихтилофи ҷиддӣ дида намешавад, вале дар масоили дигар ихтилофи бештар ба мушоҳида мерасад. Ҳуҷвирӣ барои исботи тавҳиди Ҳақ далел меорад, ки: «Вай таъоло якест, ки васлу фасл напазирад ва дуӣ бар вай раво набошад ва ягонагии вай ададӣ нест, то ба исботи ададии дигар ду гардад, то ваҳдонияташ ададӣ бувад. Ва маҳдуд нест, то вайро ситта ҷиҳот бувад ва ҳар ҷиҳатеро ситти ҷиҳот боя два ин исботи аъдоди бениҳоят бошад. Вайро макон нест, то ба исботи макон мутамаккин бувад чун феълро аз як фоил чора набошад ва вуҷуди ду фоил мар як феълро эҳтиёҷ на. Ва ломаҳола бояд то яке бошад. Ва ин хилоф бо мо санавиён карданд ба исботи нур ва зулмат ва габракон ба исботи Яздон ва Аҳриман ва табоиён ба исботи табъ ва қувват ва афлокиён ба исботи ҳафт кавокиб ва мутазилиён ба исботи холиқон ва сонеони бениҳоят ва ман ради ради ҷумларо далели кӯтоҳ бигуфтам».

Яке аз намояндагони машҳури исмоилия-Сиҷистонӣтақрибан чунин далелҳоро барои исботи ягонагии Худо меорад, онро олими тоҷик Додхудоев Х. муфассал таҳлил кардааст.

Машшоиён дар таълимоти худ ба Худо мақоми махсус дода, истилоҳи «воҷибулвуҷуд»-ро колр фармудаанд. Дар тасаввуроти машшоиёни Шарқ, ки ба андозаи зиёд ба тавҳиди мутлақи Худо такя менамоянд, мансуб донистани ягон сифати мусбат ба он мумкин нест. Ба ақидаи машшоиён ба Худо нисбат додани сифатҳои мусбат ба ширк мебарад. «Фалосифа, ба ақидаи Саид Шайх, дар мавриди ваҳдати мутлақи Худованд , бахусус таъкид варзидаанд. Ҳеҷ гуна сифоти эҷобӣ наметавон ба Худо нисбат дод, зеро ин интисоб ба судуре ҳукми эҷоби мунҷар мешавад, ки дар он мавзӯе ҳаст (Худо) ап маҳмуле (сифат) ва ин ҳам навъе санавият ва ширк аст. Ҳатто вуҷудро ҳам дар мавриди ӯ метавон сирфан ба навъе малҳуз дошт (вале ҳамл наметавон кард). Ӯ тақаддус ва таъоло бартар аз ҳама таайюнот ва фаротар аз ҳама муқулоти ақл аст».

Сӯфиёни мутафаккири Хуросон ва Мовароуннаҳр олимони вусъатназар буданд, фалсафаи Юнон, машшоиёни Шарқ, навафлотуния, зардуштия ва ҷараёнҳои исломро хуб медонистанд, ки мунозираи онҳо бо якдигар тасдиқи ин гуфтаҳост. Дар ҷараёни мунозира ва омӯзиши асарҳои мухолифони худ онҳо як силсила усулҳо ва далелҳои мантиқиро барои исботи Ҳақ, дар ин маврид барои рад намудани дуализм ва таъкиди тавҳиди Ҳақ таъоло (Аҳадият) истифода менамуданд.

Далоил ва воситаҳои тавҳиди Ҳақ дар афкори сӯфиёни Хуросон, аз ҷумла Калободӣ, Мустамлӣ, Ансорӣ, Аббодӣ, Саноӣ, Ғаззолӣ ва як идаи дигар, далелҳои Афлотун ва Проклро, ки аз тарафи сӯфиён тавассути машшоиёни Шарқ ворид шуда буд, ба ёд меоранд.

Бо вуҷуди мушобиҳати таълимоти сӯфиёни Хуросон бо дигар ҷараёнҳои фалсафию динӣ ва иратсионализм дар маърифати Худо, дар масъалаи тавҳид боз ҳам ба бурҳони динию ақлгароёна асос меёбад, гарчанде, чи тавре ким о қайд намуда будем, он нисбат ба далоили мутакаллимон ва муътазилиён фарқият дорад.

Нурулҳақ Қамар

Яндекс.Метрика