Масъалаи ташаккули ҳувияти миллӣ

    

Имрӯз дар доираи ҳамкории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ нишасти илмӣ бо иштироки намояндагони иттиҳодияҳои динӣ, имомхатибон ва намояндагони қишрҳои дигари ҷомеа баргузор гардид.

         Дар рафти вохӯрӣ масъалаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва таъсири  манфии андешаҳои ифротӣ дар ташаккули тафаккури чомеа  ва дигар мавзӯъҳои тахассусӣ суҳбат шуд.

       Аз ҷумла таъкид шуд, ки аз ибтидо то ҳол масъалаи ҳувияти миллӣ, шинохти он дар доираҳои гуногуни илмию динӣ мавриди  баҳс буд ва ҳаст. 

        Бояд баён намуд, ки дин аз лиҳози таркиб хеле  мураккаб буда, дар рушди шуури динӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа таъсири калон дошта, яке аз унсурҳои муҳими маърифати инсонӣ, ки дар ташаккули тамаддуни инсоният, саҳми назаррас дорад. Ёфтани халқе, ки дин надорад шояд ғайриимкон бошад. Дар гузашти таърих давлатҳои зиёде буданд, ки ба идеологияи динӣ барои бақои худ такя доштанд ва дар давраи бӯҳронӣ бо ҳамроҳии ҳамин динҳо аз байн мерафтанд. Дар ҳаёти мардуми тоҷик низ динҳо хамчун пайвандгари арзишҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ- ахлоқӣ нақши муҳим доштанд ва динҳо дар асоси ҳаёти ҷомеа ташаккул меёфтанд. 

       Аммо мавриди баён аст, ки меёрҳои ахлоқӣ-фарҳангӣ, эътиқодӣ ва ибодатии исломӣ аз ҷониби мардуми гуногун пазируфта шуданд ва аз ҷумла марудми тоҷик ҳам. Вале идеологияи сиёсии он барои худшиносии миллӣ мардуми ғайриараб, хусусан барои миллати тоҷик  мавриди қабул набуд ва то ҳол ин масъалаи баҳс аст……..

Ҳувия фароянди посухгуии огоҳонаи фард ба якдаста аз суолот дар мавриди худаш мебошад, аз гузаштааш, ки ӯ чӣ касе мебошад, куҷо буд, чӣ буд, чӣ ҳаст ва ба чӣ қабила ё миллат таалуқ дорад, маншаи ибтидоӣ ва аслияш куҷост ва дар тамаддани ҷаҳон чӣ нақше доштааст.

Мо тоҷикон низ ҳувияи худро дорем, ки муҳимтарин унсурҳои таърихии он аз чаҳор марҳилаи сарнавиштсоз иборат аст;

Марҳилаи аввал таърихи бостон ва тамаддуни дурахшони асримиёнагии мо мебошад, ки то давраи мусулмоншавии тоҷикон идома меёбад. Ин давраи ҳассосу сарнавиштсоз замони давлатсозии аҷдоди тоҷикон ва кишваркушоиҳои онон мебошад, ки дар салатанти силсилаҳои Каёниён, Пешдодиён, Ҳахоманишҳо, Ашкониён, Сомониён ва Ҳайтолиён ба авҷи худ мерасад. Шахсиятҳое чун Курушу Зардушт бузургтарини афроди ин давраи таърихи мо будаанд.

Марҳилаи дувум давраи ба истилоҳ исломии таърихи мост. Вижагии ин марҳила он аст, ки донишмандону шоирону риҷоли сиёсӣ ва диние чун Абуҳанифа, Имом Бухорӣ, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Саноӣ, Саъдӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофиз ва Ҷомӣ осори гаронарзишу мондагоре аз худ барҷой гузоштанд, ки то имрӯз фарзандони миллати моро тарбият мекунанд.

Марҳилаи савум аз миёнаи асри XIX-и милодӣ сар шуда, то соли 1991 идома меёбад. Дар ин марҳила тоҷикон дар таркиби империяи Русия ва давлати Шӯравӣ ба фарҳангу тамаддуни аврупоӣ ошно гашта, дар ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафаккуру мароми зиндагии онҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Дар ҳамин давра бо ҳудудҳои муайян давлате бо номи миллати мо арзи ҳастӣ кард, ки новобаста аз маҳдудиятҳои сиёсӣ дар ҳаёти мо нақши муассир бозидааст.

Марҳилаи чорум ва хеле муҳим, ки бахше аз ҳувияти таърихии мо тоҷиконро ташкил медиҳад, аз соли 1991 оғоз мешавад. Ин давра мо ҷузви комили ҷомеи ҷаҳонӣ гардида, арзишҳои то ин дам офаридаи ниёгонамонро соҳибӣ мекунем ва тавсеа медиҳем.

Ҳар яке аз ин давраҳо дар шинохти мо тоҷикон нақши калидӣ дорад ва нодида гирифтани он номумкин аст.

 

 

Яндекс.Метрика