Масъулият ва маърифат

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки “Тарбияи фарзанд рисолати муқаддаси волидон буда, таҳкими оила, таълиму тарбияи насли солиму бомаърифат, яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва пойдевори тамаддунҳо ба шумор меравад”. Гар чанде нињодњои иљтимои: мактаб ва љомеа дар таълим ва тарбияи кудак наќши муасире дошта бошанд њам, вале оила дар таълиму тарбияи фарзанд наќши мењвариро бозидааст.

 

Оила нахуст ҷоест, ки дар он тифл тасаввуроти дуруст ё нодуруст пайдо мекунад. Кӯдак, ки бо табиати пок ва бенуқсон ба дунё меояд, мисли лавҳаи тозаест, ки дар он чизе навишта нашудааст, мактаби оила ӯро солеҳ ё фосид мегардонад. 

Оиларо метавон нахустин муассисае ҳисоб кард, ки фарзандро  ба зиндагии иҷтимоӣ тайёр месозад, яъне фарзанд дар оила одоби муайяни зиндагӣ ва иҷтимоиро меомӯзад, дарси фидокорӣ, муҳаббат, садоқат ба халқи худ ҳамкориро ёд мегирад ва онро дар симои худ мепарварад.

 

Худшиноси, тасаввуроту чахонбинии у аввалин бор дар оила, дар ихотаи падару модар иб- тидо гирифта, бо таъсири бевоситаи онхо ташаккул меёбад

Шояд  камбуди асосие, ки имрӯз, мутаассифона, дар масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ба чашм мерасад, бетарафӣ ва ё дар алоҳидагӣ амал кардани ин се ниҳоди зикршуда мебошад. Вақте аз тарафи ин ё он наврас камбуде зоҳир мешавад, бояд ҳам оила, ҳам мактаб ва ҳам аҳли ҷомеа баҳри ислоҳи он кӯшиш намоянд.

 

Хулоса, замони муосир тақозо менамояд, ки бояд  оила, мактаб ва ҷомеа байни ҳам равобити қавӣ дошта  бошанд ва якҷоя  дар таълиму тарбияи фарзандони худогоҳу ватандӯсти миллат саҳмгузор бошанд ва ҳар яке масъулияти худро дар назди давлату миллат бо сарбаландӣ иҷро намоянд. 

 

Мудири шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ                                                        Наботов М.А.

 

 

 

Яндекс.Метрика