Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ

“Ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки бо мақсади муайян ва мушаххас намудани роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва самтҳои асосии инкишофи мафкураи миллӣ аз тарафи олимону донишмандонамон бо дарназардошти манфиатҳои давлати миллӣ Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 таҳия карда шавад”. Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат аз 19 марти соли 2015
 
Китоби мазкур фарогири як қисмати андешаҳои илмӣ ва публисистии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдурраҳим аст, ки дар партави ғояи мафкураи миллӣ ва давлати миллӣ эҷод шудааст.
 
Профессор Холиқзода Абдурраҳим андеша дорадки нақши чунин мафкураи созанда ва бо талаботи замон тағйирпазиру рушдкунандаро, ки бори амонати муттаҳидӣ, ваҳдат ва давлати муваффақро дар шароити ноороми ҷаҳон бардошта метавонад, маҳз мафкураи миллии мутобиқ ба талаботи арзишҳои умдавии ҳуқуқ ба дӯш гирифта метавонад. Соҳиби рисола андеша дорад, ки дар ҷаҳони ноором, ки аксари печидагиҳо ва муноқишаҳои моддию маънавии олам дар партави мафкураҳои давлатҳои бузургу муваффақ ба манфиатҳои онҳо сурат мегиранд, давлатҳои ҷавону рӯ ба рушдро зарур аст, ки дар раванди давлатсозии худ чунин хамирмояҳои мафкуравие ба монанди мафкураи солими миллӣ, мафкураи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие дошта бошанд, ки дифоъ аз манофеи миллии онҳо намоянд.   
 
Китоби мазкур аз як мундариҷа ва 13 боб иборат буда, дар бораи сабақи таърихӣ ва истиқлоли миллӣ, мафкураи миллӣ ва нуқсонҳои дар он, озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва мафкураи миллӣ, таърих ва шаклгирии мафкураи миллӣ, рукнҳои ташаккули мафкураи миллӣ, миллати сиёсӣ ва андешаҳои миллӣ дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо, мафкураи қуқуқӣ ва давлати миллӣ, андешаи миллӣ, забон ва худшиносӣ, давлати миллӣ ва ташаккули андешаи миллӣ, чашмандозе ба хазинаи фарҳанги ҳуқуқии миллат, андешаи миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, шарҳи чанд масъалаи дигари миллӣ аз назари ҳуқуқ ва таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар мафкураи миллӣ: сарҳади озодӣ, адолат ва манфиатҳо баҳс мекунад.
 
Асари мазкур барои ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон ва онҳое, ки дар роҳи худшиносии миллӣ қадам бардошта, нисбат ба имрӯзу фардои миллати хеш бетараф нестанд, пешниҳод мегардад.
Абдуллоҳи Қодирӣ- шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир 

Яндекс.Метрика