Мафкураи миллӣ дар таҳкими давлати миллӣ

«Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки дурнамои сиёсати давлати Тоҷикистон бевосита ба афкори Ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон асос меёбад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳафт самти рушди давлатдории миллии худро муқаррар намудааст, ки заминаи онҳоро асосан арзишҳои мафкуравӣ ташкил медиҳанд.

Мафкураи миллӣ – ин таҳкурсиест, ки асоси он дар давлатдории миллӣ рушд мегирад. Муайян намудани вазъи идеявӣ - дурнигаронаи давлат матлаби муборизаи тезутунди сиёсӣ буда, то имрўз мушаххас ва пурра ҳамчун низом дар ягон санади ҳуқуқӣ мустаҳкам карда нашудааст.

Олими рус В.И.Якунин бамавқеъ қайд намудааст: «Бе идеяи миллӣ ҳеҷ як миллат таърихан устувор ва фотеҳ буда наметавонад

Ба ақидаи С.Ю.Иванова се самти идеяи миллӣ вуҷуд дорад:

Якум, ин шинохти умумияти миллӣ. Дуввум, таъиноти асоснок ва маънии мавҷудияти миллат. Саввум, ин сохтори идеали милли худ, ки гузашта, ҳозира ва ояндаи миллатро дар якҷоягӣ муттаҳид мегардонад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Бе донистани таърих худшиносии миллӣ нест, ватандўстӣ нест, ворисияти наслҳо имкон надорад. Бе гузаштаи таърихӣ ифтихори миллӣ ба худпарастии миллӣ ва ватанпарастии дурўғин табдил меёбад”.

Агар азият ва уқубати миллат яке аз асосҳои ғоявии ташкилёбӣ ва пойдории давлати миллӣ намебуд, шояд Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ асарҳои “Ҷаллодони Бухоро”, “Одина”, “Дохунда”, “Ғуломон”, “Мактаби кўҳна”, “Ятим” ва «Ёддоштҳо» - ро ҳам наменавишт.

Бинобар ин идеяи миллӣ аз оғози давлатдории халқи тоҷик то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳарчанд баъзе унсур ва арзишҳои худро тағйир дода бошад ҳам, вале ғояи олӣ – мубориза барои ҳастии миллат ва бартарафсозии хавфи азбайнравии давлат ҳамоно боқӣ мондааст.

Идома дорад...

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика