Мафкураи ҷамъиятӣ таҷассумгари ҳолати маънавӣ ва муайянкунандаи хатти рушди иҷтимоӣ

Роҳбари давлат ба тамоми ҷузъу томи ҳастии ватан, қирраҳои рушду мушкилиҳои раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо пайомади таъсирҳои дохилию хориҷӣ ҳамчун «иттилооти маҷмўии гўёи ҳолат»  назар намуда, решаи ибтидоии бўҳрони маънавӣ ва иллатҳои иҷтимоию эътиқодиро дар каҷрафтории мафкуравӣ ва муносибати нодурусти ақлу дониш ба воқеият ошкор карданд. Навгониҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва дониши таҳлилкунандаи он ҳамчун иттилооти фарогир  вазъи воқеӣ ва мафкуравии ҷомеаро рўшан намуданд.
 
Пешвои миллат бо дарки ин вазъияти таҳдидзо, бо риояи одоби равиши эътиқодии миллат таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба ин мушкилиҳо нигаронида, ногузирии ислоҳоти мафкуравии ҷомеаро дар заминаҳои рушди илми ватанӣ ва табдили ҷаҳонбинии динӣ масъалагузорӣ карданд: «Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ояндаи Тоҷикистон низ маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. Ходимони дин низ вазифадоранд, ки ҷавонону наврасонро ба омӯзиши илму донишҳои дунявӣ, хусусан, фанҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ ҳидоят намоянд» .
 
Дар шароите, ки илми пешрафтаи башарӣ инсонро ҳамчун феномени олӣ, истеъдодӣ ғайримуқаррарӣ, иттилооти базавӣ, ҷамъкунандаи иттилооти оламӣ дар ботину хориҷи худ, нусхаи олии васли унсурҳои биологӣ, нуктаи баланди ташаккули ақлонӣ ва кашшофи коиноту асрори ҳастӣ мавриди омўзиш қарор медиҳад, мо ҳанўз ба инсон ҳамчун ба як махлуқи дастнигару муҳтоҷ ва бозичаи неруи хориҷ, ҳатто берун аз ҳикмати офариниш на танҳо назар менамоем, балки худамон барои дастнигар шудан ба ҳаннотону хурофотпарастон, ифротиёну ҳангоматалабон шароит муҳайё месозем. Дар замоне, ки инсон дар шоҳроҳи табии худ аз ҳодисаи биологӣ, иҷтимоӣ, асотирӣ, динӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ то ба феномени равонию иттилоотию коммуникатсионӣ рушд кардааст, мо ҳанўз вайро аз зиндони асотирӣ берун карда наметавонем.
Нуктаҳои тамиз ва шинохти инсон бо мурури замон таҷдиди назар шуда, такмил ёфт. Инсон, аз олами ҳайвонот, имрўз ба андешаи олимони иҷтимоъшинос бо дарк ва тамизи сегонаи воқеият тафовут мекунад. Ҳайвонот одатан оламро дар ду воқеият эҳсос ва қабул  менамоянд, яке ҳамчун олами атроф, дарахту куҳу дарёҳо ва ғ., дигаре дар шакли эҳсосоти ботинии субъективиашон мисли тарс, шодӣ, хоҳиш ва муқтазои табиати ҳайвоние, ки доранд. Аммо инсон ба иловаи ин ду ҳолат боз андешаҳои асотирӣ ва бовару эътиқодро дорад.  Яъне кўчиши тамизи инсон аз олами ҳайвонӣ ва барбарӣ аз далели забонӣ, ақлӣ ба эътиқодӣ моро водор ба он мекунад, ки ба табиати маҳаки ин тафовут, диққати илмӣ дошта бошем. Шарт нест, ки ин боварӣ ва тасаввурот танҳо ба қувваи ғайритабии кулл мисли Худо бошад, инчунин вай имкон дорад ба боварӣ  ба дигар арзиш ва ё неъматхо асос ёфта бошад. Мисол, ба парастиши пул, зан, миллатҳо, иттиҳодияҳо ва ғ. аз андоза бештар моил шудани шахс.
 
Муҳим он аст, дарк намоем, ки бо ҳамин неруи образсозӣ, абзорсозӣ ва образқабулкуниаш ҳамчун навъи олии дарки воқеияти худсозаш инсон хешро аз олами ҳайвонот, на танҳо ҷудо менамояд, балки вобаста аз сатҳи муносибат ва воридшавиаш ба олами сохтаи фикриаш (хосият ва моҳияти ин олами фикрӣ, чанбаи дигари арзишмандии ташкили зиндагӣ аст) саодат ва бадбахтии худро пайдо менамояд. Ҳар қадаре, ки дар ин шоҳроҳи ташаккули воқеияти сеюмаш инсон бо донишу савод ва ақлу хирад рафтор намояд, ба ҳамон андоза вай имкон пайдо менамояд, ки ба рушди мафкуравӣ ва оромии маънавӣ ноил гардад. Дар акси ҳол вай доимо ба гирдоби ифроту террор ва муноқишаҳои бемаънии мазҳабӣ гирифтор мегардад. Зеро вируси фасодовар тавассути «халогии нуктаҳои сиёҳи хирад» (истилоҳи Ю.Н. Харари) дар паҳнои дастовардҳои илмию техногенӣ ва манфиатҳои молӣ устувор хайма зада, ба фазои маънавии башарият таҳдидҳои навро омода менамояд. 
 
Камбудии ҷиддии Ғарб ба назари мо дар шоҳроҳи инқилобҳои илмию техногенӣ ва иттилоотию рақамӣ дар он аст, ки онҳо ба тадриҷ дар роҳи кашфи ҳикмати ҳақиқати зиндагиашон беозгашт «Худованд, рўҳ ва ақлро ба хазинаи корношоями илм партофтанианд» . Ин ҳолат ногузир онҳоро аз ислоҳоти маънавӣ ва иҷтимоӣ ба ислоҳоти биологӣ оварда, ба табдили рисолати инсон наздик кардааст. Ин ҳам на дастовард, балки бештар аз он таҳдид ба намои инсони муосир ҳамчун ҳодисаи сотсиобиоравонист. Вале тахмин меравад, ки Ғарби дорои илм роҳи халосӣ аз ин бўҳронро барои худ пайдо менамояд. Бузургӣ ва ҳикмати ҳаводиси таърихӣ он аст, ки он дар як замон ҳам намуна аз дастовардҳо медиҳаду ҳам сабақ аз нокомиҳо. Вале ин ҳикмат дар шакли намунаю сабақ аз ҷониби ҳамаи миллатҳо на ҳамеша дуруст маънибардорӣ мегардад.
 
Холиқзода Абдураҳим Ғаффор
Баҳромбеков Вафобек Амадбекович 
Мирзозода Азизуло Файз
Яндекс.Метрика