Мафҳуми «ҳувияти миллӣ» ва аҳамияти он дар устувории ҷомеа

Ҳувияти миллӣ падидаест, ки хусусиятҳои рӯҳиву равонии аҳли ҷомеа, шуури таърихӣ ва шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ, ташаккули ифтихору ғурурӣ созандаи миллиро таҷассум мекунад. Он ҳамеша арзишҳо ва орзую амолҳои мардум ё миллатро дар худ инъикос намуда, ба забон, фарҳанг, таърих, иқтисод, ҳудуд, психология, урфу одат, анъанаҳо ва дигар арзишҳои миллӣ алоқамандӣ дорад, одамонро муттаҳид месозад ва барои расидан ба мақсадҳои дарпешгузошта ба самти муайян равона месозад. 
 
Ҳувияти миллӣ равандест, ки инсон, афрод, халқу миллат, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, тамаддун, таърихи гузаштаи хешро дар маркази диққат қарор дода, вобаста ба он заминаҳои мусоидро барои таҳкими давлату давлатдорӣ, ваҳдат ва ягонагию ҳамзисти аҳли ҷомеа, ғурур ва ҳувияти миллӣ ба вуҷуд меорад. 
 
Ҳувияти миллӣ сарчашмаи маънавӣ, муайянкунандаи арзишҳои зеҳниву ақлонӣ ва ҷавҳари фарҳанги миллӣ буда, тавассути он миллати тоҷик мекӯшад, ки мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян намояд. «Ҳувияти миллӣ падидаест, ки ... барои пайдо намудани фазои худшиносӣ ва ҳисси миллии инсон замина мегузорад». Ба миллати тоҷик хатари парокандагию нобудӣ борҳо таҳдид карда, давлатдориаш ба завол рӯ ба рӯ шудааст, аммо мардуми тоҷик ҳамеша дар умқи таърих ҳувияти худро ҳифз намуда, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расидаанд.
Дар ҷаҳони муосир мо бо «ҳувиятҳои зиёд» (иҷтимоӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, тамаддунӣ, этникӣ, миллӣ, шаҳрвандӣ, гендерӣ, динӣ, касбӣ ва ғайраҳо) рӯ ба рӯ мегардем, ки ин ҳувиятҳои мухталиф ба рафтори иҷтимоии одамон ва тарзи зиндагии онҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Махсусан, раванди ҷаҳонишавӣ ба омехташавии ҳувиятҳо ва заифгардии унсурҳои асосии ҳувияти миллӣ: забон ва фарҳанг оварда мерасонад. 
 
Ба ақидаи файласуф ва сиёсатшиноси амрикоӣ Фрэнсис Фукуяма талабот ба эътироф шудан, ки ҷавҳари ҳувияти миллиро ташкил медиҳад, омили ҳаракатдиҳанда мебошад ва ландшафти сиёсии тамоми ҷаҳонро тағйир медиҳад. Ба ақидаи ин донишманд имрӯз раванди босуръати  муҳоҷират ва омехташавии миллӣ ба гурӯҳҳои куҳнаи этникӣ, то ин замон ҳувияти миллиро муайян мекарданд, дигар вазъиятро идора карда наметавонанд ва маданиятҳо дар дохили як этнос торафт аз ҳам фарқ менамоянд. Ба ақидаи ин донишманд яке аз ҳувиятҳои мутаҳидкунандаи одамон ҳувияти шаҳрвандист, ки воқеан демократӣ мебошад ва одамонро дар як ҷамъияти ягонаи сиёсӣ мутаҳид менамояд. Аммо ҳувияти шаҳрвандӣ низ пеши роҳи тафриқаандозиҳои динию фарҳангиро гирифта наметавонад. Бо ин сабаб мо бояд дар асоси ба вуҷуд овардани арзишҳои умумии либералӣ, волоияти қонун ва арзишҳои дигари ҳуқуқӣ ҳувияти либералӣ ё ҳуқуқӣ созем, ки бо назардошти гуногунии воқеии фарҳангии ҷомеаҳои муосири демократӣ омили тира гардонидани тафриқаандозии фарҳангӣ ва ба вуҷуд овардани ҳамгироии таҳаммулпазирона баромад карда метавонад. 
 
Фрэнсис Фукуяма дар ин маврид чунин менависад: «Дар Шумо демократия барқарор намешавад, агар одамон ҳокимияти воқеӣ ва мустақилият надошта бошанд. Яке аз соҳаҳое, ки ҳокимият ва мустақилиятро ба даст биёранд, идора кардани ҳудудҳои худ ва муайян намудани аъзои ҷомеа аст. Дар ҷомеаи демократӣ мо мехостем, ки ин интихоб озод бошад ва ба таҳаммулпазирӣ нисбати касоне, ки ҳаёти этникию фарҳангиашон фарқ мекунанд ва ба принсипҳо ва идеалҳои ҷомеаи нави худ, мисли волоияти қонун ё дигар принсипҳои заминавии ҳуқуқ розӣ бошанд, такя намояд. Ман фикр мекунам, ки ҳувияти шаҳрвандӣ ниҳоят муҳим мебошад, зеро ҷамъият бояд ба арзишҳои умумӣ алоқаманд бошад. Агар одамон муошират карда натавонанд ва худро як ҷузъи ин ҷомеа эҳсос накунанд, ҳарчанд ба масъалаҳои мушаххас ҳам розӣ набошанд, пас дар шумо демократия намешавад. Ҳувияти миллӣ лозим аст, ҳарчанд бештар вақт онро идеяи бад мепиндоштанд, зеро онро ба миллатгароӣ, ки то нимаи аввали асри ХХ вуҷуд дошт, мепайвастанд. Инчунин ҳувияти мусбати шакли либералӣ вуҷуд дорад, ки ба қабули гуногуни одамон асос ёфтааст. ... Ин шакли ҳувият на тафриқасозии одамон вобаста ба нажод, мутааллиқияти этникӣ ва заминаҳои таърихист, балки ҳамгироӣ мебошад». 
 
Дар шароити ҷаҳонишавӣ давлатҳои абарқудрат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мафкура ва тарзи зиндагии худро дар давлатҳои дигар паҳн намоянд ва бо ин восита манфиату ҳадафҳои худро дар амал татбиқ намоянд. Эҳтимолияти сар задани ин хатарҳоро таҳлил намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ дар мулоқоту вохӯриҳо борҳо таъкид намудааст, ки «сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар як шахс ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳад, ватандӯсту ватанпарвар бошад, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор кунад ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиашро эҳтиёт ва ҳифз намояд». 
 
Масъалаи асосие, ки дар ин замина ба уҳдаи ҳар як шаҳрванди миллат қарор мегирад, роҳ надодан ба бегонашавӣ, бегонапарастӣ ва беэҳтиромӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ мебошанд. Ба воя расонидани шахсиятҳои фарҳангии асил, миллатпарвар, меҳнатдӯст ва фидокор муҳимтарин марҳилаи ҳифзи ҳувияти миллӣ аз таъсири равандҳои беруна мебошад.
Мафҳуми «ҳувият»-ро ба илм як қатор донишмандони ғарбӣ, ба мисли Ҷ. Мид, Э. Эриксон, П. Бергер, Т. Лукман ва дигарон ворид намудаанд. Зери мафҳуми «ҳувият» воситаи махсуси робитаи фард бо ҷомеа тавассути монандсозӣ ва мутааллиқият фаҳмида мешавад. Шахс бо ин васила худро ба он умумияти иҷтимоие монанд ва як медонад, ки аъзои он ба ҳисоб меравад ва барои итоат кардан ба меъёру арзишҳои ин умумият розигӣ медиҳад. 
 
Ҷаҳонишавӣ ҳамчун раванд, ки ба ягонагӣ ё унификатсияи ногузири ҳамаи тарафҳои муносибатҳои иҷтимоӣ бурда мерасонад, инсониятро ба буҳрони ҳувият рӯ ба рӯ кардааст. Ҳувият, ки худ эҳсоси тааллуқ доштани халқ, маданияти миллӣ ва кишвар аст, дар шароити ҷаҳонишавӣ ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил меёбад. Мафҳуми «буҳрони ҳувият»-ро Э. Эриксон истифода бурдааст ва онро нисбати чунин намуди рафтори инсонӣ, ки эҳсоси шахсиро нисбат ба монанд кардан ва тааллуқ доштан ба таърих ва маданияти миллатро гум кардаанд, ба кор бурдааст. Рушди низоми умумиҷаҳонии иқтисодӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ ба сустшавии давлатҳои миллӣ ва буҳрони ҳувият оварда расонид. Ба андешаи Зигмунт Бауман «масъалаи ҳувият он вақт ба миён меояд, ки агар низоми куҳнаи сохтори иҷтимоӣ вайрон шавад».
 
Чунин  сабабҳои  пайдоиши буҳрони ҳувияти ҷомеаҳои муосирро махсус қайд намудан мумкин аст:
-демократикунонии ҷаҳони муосир, ки ҳудудҳои байни сиёсати дохилию берунии давлатро торафт аз байн мебарад;
-иқтисодкунонӣ, ки торафт рушди миллиро мустақилона ва берун аз фазои иқтисодии умумиҷаҳонӣ ғайриимкон мегардонад;
-иттилооткунонӣ, ки ҷараёнҳои умумиҷаҳонии иттилоотӣ ба таври объективӣ ҳувиятҳои гуногунро ба ҳам омехта гардонида, стандартизатсияи фарҳангӣ ва маданиятҳои оммавиро ба вуҷуд меорад;
-универсализатсияи арзишҳо, ки бартарияти амсилаи рушд ва арзишҳои ғарбиро намоиш медиҳад.
 
Дар шароитҳои тағйироти куллии доимӣ ҳам давлат ва ҳам шахс зуд-зуд ҳувияти худро гум карда, онро бо аз нав кор карда мебарояд. Фазои иттилооти зуд тағйир меёбад ва шахс ба саволҳои «ман кӣ ҳастам?», «ба куҷо равонаам?», «чӣ мақсад дорам?», «ба кӣ пайравӣ намоям?» ҷавоби қонеъкунанда ёфта наметавонад. Аз ин сабаб, аз даст додани ҳувияти ягонаи ҷомеа ба парокандашавии фазои иҷтимоӣ ба қисмҳои алоҳида ва пайдоиши фарҳангҳои гуногун мегардад, ки ба маданияти миллӣ ва якпорчагию ягонагии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ба ақидаи донишманд П. Бейер ҷаҳонишавӣ ба дин неруи нав бахшида таъсири онро ба ҷомеа бештар менамояд.
 
Зиёд будани нақшҳои иҷтимоӣ дар фазои иҷтимоӣ ҷой ёфтани шахсро мушкил мегардонад, зеро ҳар як нақши иҷтимоӣ нисбати рафтору шуури инсон талаботҳои меъёрию арзишии худро пеш мегузорад ва дар байни ин нақшҳо зиддиятҳо пайдо мешаванд. Шахсро водор месозанд, ки аз байни ин нақшҳо муҳимтаринашро интихоб намояд ва ё онҳоро вобаста ба ягон асос ба ҳам мувофиқ гардонад. 
 
Дар ин раванд ҳуқуқ ҳамчун нуқтаи пайвастнамоӣ ва мустаҳкамкунии нақшҳои иҷтимоӣ баромад менамояд. Маҳз ҳувияти ҳуқуқӣ дар ҷомеаи муосир кӯшиши ҳалли масъалаҳои гуногунии ҳувиятҳо ба ҳисоб меравад.  
 
Таҳаввулоти ҷаҳони муосир ба он оварда расноид, ки торафт ҳувиятҳои динӣ, этникӣ ва ғайраҳо ба кори шахсии одамон табдил меёбад, дар ин маврид пас ҳамин ҳувияти ҳуқуқӣ ҳаст, ки ба ягона ҳувияти расмӣ ва меъёрӣ табдил меёбад. Бартарияти ҳувияти ҳуқуқӣ нисбати дигар ҳувиятҳо дар он аст, ки мазмуну моҳияти онро меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ муайян менамояд ва он нисбатан устувор аст. Аммо масъала дар ин аст, ҳувияти ҳуқуқӣ на ҳама вақт ба олами ботинии шахс пайвастагӣ дошта метавонад. Ба пайдоиши ҳувияти ҳуқуқӣ маҳз иҷтимоишавии ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.  
 
Ҷанбаҳои гуногуни рушди иҷтимоии ҷомеа навҳои гуногуни ҳувиятро, мисли ҳувияти динӣ, касбӣ, миллӣ, ҳуқуқӣ, минтақавӣ, этникӣ, шаҳрвандӣ, сиёсӣ ва ғайраҳоро ба вуҷуд меорад. Ҳоло аҳамият ва зарурати омӯзиши ҳувияти ҳуқуқӣ торафт меафзояд ва ин мафҳум барои бештари муҳаққиқон мавзуи нав буда, ба рушди иҷтимоии асрҳои ХХ ва ХХI алоқамандии зич дорад. Бояд қайд намоем, ки мафҳуми «ҳувияти ҳуқуқӣ» ба мафҳумҳои «ҳувияти давлатӣ ё шаҳрвандӣ» ва «ҳувияти сиёсӣ» алоқамандии зич дорад ва ҳатто баъзан ҳаммаъно ҳисобида мешаванд. Аммо дар байни ин мафҳумҳо мазмунан фарқиятҳо вуҷуд доранд. 
 
Масъалаи омӯзиши ҳувияти ҳуқуқӣ дар байни олимон нав шуруъ шудааст ва муҳаққиони он ҳанӯз зиёд нест, аммо таҳқиқотҳои донишмандони рус, мисли Е.В. Астапова, А.В. Сидоров, Р.Г. Магомедханов, И.Л. Честнов, Ю.Ю. Ветютнев, Н.В. Исаев ва дигарон аллакай хело назаррасанд. Донишманди рус Н.В. Исаев ҳувияти ҳуқуқиро чунин таъриф додааст: «Ҳувияти ҳуқуқӣ – ин сифати субъекти ҳуқуқ мебошад, ки ҳолати муайяни ӯро тавассути худмуайянкунии ҳуқуқӣ дар категорияҳои ҳуқуқ, озодӣ, уҳдадориҳо ва масъулият ҳамчун арзишҳои ҳуқуқӣ тавсиф медиҳад ва шуури мусбати ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҳуқуқиро таъмин менамояд». Донишманди дигар Резников Е.В. қайд мекунад, ки «Ҳувияти ҳуқуқӣ чунин ҳолати шахс аст, ки ӯ на танҳо аъзои ягон гурӯҳи иҷтимоӣ мебошад, балки ба ин воқеият аҳамияти зиёд дода, онро ба сифати муҳими шахсияти худ меҳисобад. Ҳамзамон ин гурӯҳи иҷтимоӣ бояд расмӣ эътироф шуда бошад ва иштирокчиёни он дорои мақоми махсуси ҳуқуқӣ бошанд». 
 
Ҳувияти ҳуқуқӣ тааллуқ доштани шахс ба ин ё он умумияти иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва бо ин восита соҳиб шудан ба ҳуқуқу уҳдадориҳои муайян мебошад.
Ба ақидаи муҳақиқи рус Ю. Ветютнев ҳувияти ҳуқуқӣ аз се унсури 
таркибӣ: худшиносӣ, эътирофнамоӣ ва таъминнамоӣ иборат аст.   
Худшиносӣ дар ҳувияти ҳуқуқӣ эҳсосоти субъективии тааллуқ доштан ба ин ё он умумияти ҳуқуқӣ мебошад. 
 
Унсури дуюми ҳувияти ҳуқуқӣ ба таври расмӣ эътироф шудани мақоми ҳуқуқии шахс аз тарафи давлат ва умумияти ҳуқуқӣ мебошад. Ҳувияти иҷтимоӣ он вақт характери ҳуқуқӣ мегирад, ки агар давлат ин гурӯҳи иҷтимоиро ҳамчун умумияти ҳуқуқӣ бо қарори худ расман тасдиқ намояд ва ба аъзоёни он барои мутаалиқ будан ба ин умумияти ҳуқуқӣ ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муайян диҳад. 
 
Унсури сеюми ҳувияти ҳуқуқӣ ин таъминоти давлатӣ мебошад, яъне маҷмуи кафолатҳои зарурии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва монанди инҳо, ки ба шахс дода мешавад. 
 
Дар шароити ҷаҳонишавӣ барои давлатҳои миллӣ масъалаи асосӣ нигоҳ доштани мавҷудияти маданияти миллӣ мебошад. Яке аз чунин зуҳуроти маданияти миллӣ одатҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар шароити ҷаҳонишавӣ кӯшишҳои халқу миллатҳо барои худшиносии миллӣ ва маданияти миллӣ зиёд шудаанд. Баъдан, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналхалқӣ маданияти ҳамаи халқу миллатҳои гуногун, новобаста ба мақоми байналхалқӣ ва нуфус ба инобат гирифта мешаванд. Дар давлатҳои гуногуни миллӣ халқу миллатҳои гуногун на танҳо забон, маданияти маънавӣ ва тарзи зиндагии анъанавӣ, балки одатҳои ҳуқуқии хешро нигоҳ доштааанд ва ин одатҳ хоҳу нохоҳ ба шуур рафтор ва танзими муносибатҳои иҷтимоии онҳо таъсири худро мерасонанд.
 
Одатҳои ҳуқуқӣ меъёрҳои иҷтимоӣ ва неруи водоркунандае ҳастанд, ки дар умқи шуури дамон ҷой гирифтаанд ва рафтори онҳоро ба танзим медароранд. Бе таълиму тарбияи ҳуқуқӣ дар шахс ҳувияти шаҳрвандӣ ташаккул намеёбад. Қобилият ба худмуайяннамоии ҳуқуқӣ бояд ба яке аз ҷанбаҳои муҳими худтатбиқнамоии шахс табдил ёбад. Такя кардан ба ҳувияти ҳуқуқӣ ба ташаккулёбии ҷаҳонбинии нав асос гузошта метавонад. Ҳуқуқ бояд ба объекти мустақили ҳувият дар ташаккулёбии шахс табдил ёбад. Дар ҳолате, ки дар аксарияти падару модарон ҳувияти ҳуқуқӣ ташаккул наёфтааст, онро дар фарзандон дар мактабҳо метавон ислоҳ намуд. Ташаккул додани шуур ва ҳувияти ҳуқуқии шахс тарафҳои алоқаманди иҷтимоишавии ҳуқуқӣ мебошад. 
 
Сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир, н.и.ф., дотсент  Баҳромбеков Д.А.
Яндекс.Метрика