МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ МЕРОС ДАР ҲУҚУҚИ ИСЛОМӢ

Мафҳуми мерос дар луғат ба маънои ирс аст, ки он масдари феъли вариса мебошад. Монанди виросатан, миросан ва ирсан. Ва маънои он интиқоли моликият аз шахси дигар бидуни шартнома аст. Инчунин, ба маънои алмаврус (ҳадякардашуда) низ омадааст; Ва маънои он мол ё чизе аст, ки аз майит ба меросбарони ӯ бо тариқи насаб ё сабаб интиқол меёбад. Ва шахсе, ки моликиятро бо сабаби ирс (мерос) соҳиб шудааст ворис номида мешавад. Ва лафзи ҷамъи он вараса, ворисун ва варос аст. Касе, ки ба воситаи мерос чизеро, соҳиб мешавад, он чизро моли мерос меноманд.
Мафҳуми мерос дар истилоҳ. Мерос дар истилоҳ – моли тақсимшавандае аст, ки собит шудааст барои соҳибони ҳақ, баъди мавти шахсе, ки соҳиби ҳақ буд. Бинобар сабаби қаробати онҳо ё зану шавҳарӣ ё валоят.
Мафҳуми илми мерос дар истилоҳ. Илми мерос дар истилоҳ – маҷмуаи қоидаҳои ҳуқуқӣ ва риёзие аст, ки тавассути онҳо ворисон ва саҳми ҳар як ворис аз моли тарака, дониста мешавад. Соҳиби «Дурру-л-мухтор» илми меросро чунин таъриф кардаст: «Илми мерос – ин маърифати усули фиқҳ ва риёзиест, ки он саҳм ва ҳуқуқи ҳар як меросбарро аз тарака муайян мекунад».
Таърифи ҷомеътаре низ ба ин маъно омадааст: «Илми мерос – маърифати усули фиқҳ ва риёзиест, ки тавассути он чизе, ки ба соҳибони ҳақ аз тарака тааллуқ дорад, дониста мешавад». Ин таъриф аз таърифҳои боло васеътар ва фарогиртар аст, зеро он чиро майит тарк кардааст, ғайр аз ҳаққи ворисон, инчунин ҳаққи васиятшудагон ва соҳибони қарзро низ дар бар мегирад.
Илми меросро илми фароиз, илми тарака ва фиқҳи маворис низ меноманд.
Мафҳуми фароиз. Фароиз дар умум ҳамон воҷиботи илоҳӣ аст, ки аз амру наҳӣ иборат аст, аммо дар хусус ба маънои мерос мебошад.
Фароиз дар луғат ҷамъи фариза аст, ки он аз масдари фарз гирифта шудааст ва ба маъноҳои гуногун омадааст. Аз ҷумла, ба маънои «тақдир» (муайян ва мушаххас намудани саҳм, ҳисса ва миқдор) омадааст, мисли сухани Худованд «Фа нисфу мо фаразтум» ай қадартум (нисфи он чӣ муқаррар кардаед). Ва ба маънои «қатъ», монанди сухани Худованд «Насибам мафрузо» ай мақтуъо. Ва ба маънои «инзол», яъне фуруд овардан, ба монанди сухани Худованд «Инна-аллази фараза ъалайка-л-Қуръона». Ва ба маънои «табйин», монанди сухани Худованд «Қад фараза аллоҳу лакум таҳиллата аймоникум» фараза, яъне баён кардем. Ва ба маънои «ҳалол шуморидан», монанди сухани Худованд «Мо кона ъала-набиййин мин ҳараҷин фимо фараза-аллоҳу лаҳу» фараза, ба маънои аҳалла, яъне ҳалол шуморидан аст. Ва дар қисмате, ки мо дар он ҳарф мезанем, калимаи «фарз» ва ҷамъи он «фароиз» аст, ба маънои тақдир, миқдор, саҳм ва ҳисса аст.
Фароиз дар шариат ба маънои «воҷиб», яъне фарз бинобар мазҳаби ҳанафӣ омадааст, ба монанди сухани Худованд «Фа’туҳунна уҷураҳунна фаризатан» ай мафрузаҳ, яъне фарз гардонида шудааст.
Илми фароиз дар истилоҳ. Илми фароиз истилоҳи фиқҳие аст, ки ба кайфияти муҳосаба (чигунагӣ ҳисоб карданро) ва тақсими тарака мепардозад. Ва таърифҳои гуногуне дар мафҳуми он омадааст.
1. Фароиз – илмест, ки таввасути он чигунагии тақсими моликият байни соҳибони он сурат мегирад.
2. Фароиз – маърифати усул ва зобитҳои фиқҳӣ ва риёзиест, ки тавассути он ҳиссаи ҳар ворис аз мерос дониста мешавад.
3. Фароиз – маърифати усуле аст, ки аз китоб, суннат ва иҷмоъ гирифта шудааст, ки аҳволи меросбарон, шахсе, ки мерос мебарад ва шахсе, ки мерос намебарад ва чигунагии меросбарии онҳо аз моли мерос дониста мешавад.
4. Фароиз – фикҳи маворис ва илми риёзие аст, ки ба воситаи он маърифати он ҳиссаеро, ки барои ҳар соҳиби ҳақ аз моли мерос хос мебошад, дониста мешавад
Мафҳуми тарака: Тарака дар луғат ба маънои матрук (тарк кардашуда ) оварда шудааст.
Он чизеро, ки инсон баъд аз маргаш аз амвол, ҳуқуқи молӣ ва ғайримолӣ боқӣ мегузорад тарака меноманд.
Пас, ҳар он чизеро, ки инсон пас аз маргаш боқӣ гузошта аст, дар истилоҳи аксарияти фақеҳон онро тарака меноманд, новобаста аз он ки майит қарздор аст ё не ва он қарз мол ё ғайри мол аст.
Мафҳуми фиқҳи маворис. Фиқҳи маворис – илми тақсими мерос дар миёни соҳибони ҳақ мебошад.
Моҳияти илми мерос. Пеш аз ҳама моҳияти илми мерос дар он аст, ки Худованди мутаъол масъулияти баёни фарзҳоро ба уҳдаи худаш гузоштааст, аз ин рӯ, меросро барои ҳар як ворис муайян кардааст ва аксар вақт онҳоро ба таври муфассал баён кардааст.
Инчунин, моҳияти илми меросро мавҷудияти он ҳадисҳое собит кардаанд, ки мадумро ба фарогирии илми фароиз тарғиб менамоянд. Монанди ҳадиси мазкур: «Биомӯзед фароизро ва биомӯзонед онро ба мардум, зеро он нисфи илм аст. Ва он фаромӯш мешавад ва аввалин чизест, ки аз пайравони ман бардошта мешавад». Ва ҳадисеро Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос ривоят кардааст: Паёмбари Худо гуфт: «Илм се чиз аст ва ғайри он се фазл аст: ояти муҳкам, суннати қоима ва фаризаи одила». Дар баробари ҳадисҳое, ки омӯзиши ин илмро тарғиб менамоянд, ҳадисҳои дигари Паёмбар дар ин маврид низ ҷой доранд, ки баёнкунанда ва шарҳдиҳандаи оятҳое мебошанд, ки дар Қуръони карим масъалаҳои мерос ба таври иҷмолӣ (ғайримуффасал) оварда шудаанд.
Агар аз як тараф моҳияти илми фароизро мавҷудияти ҳадисҳое, ки далолат ба тарғиби мардум ба фарогирии илми фароиз мекунанд, тақвият бахшанд аз тарафи дигар илми мерос дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ яке аз функсияҳои меҳвариро иҷро менамояд, чунки оммаи мардум ба татбиқи ин илм ниёзи беандоза доранд ва дар ҳаёти ҳаррӯза ба он рӯ ба рӯ мешаванд ва онро мавриди амал қарор медиҳанд.
Бахши зиёде аз илми фароиз фарогири аҳкоми меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ мебошанд, ки мушаххас месозанд ҳиссаҳои таракаи майитро барои соҳибони фароиз, аммо донистани илми риёзӣ барои иҷрои он ногузир аст ва дар якҷоягӣ, яъне илми аҳкоми меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ ва илми риёзӣ бо ҳам ҷойгоҳи ин илмро дар байни илмҳои исломӣ пурарзиш гардонидаанд.
Моҳияти дигари илми фароиз дар он аст, ки илми фароиз аз муҳимтарин масоили молие аст, ки ҳам фақеҳон ва ҳам шарқшиносон ва ҳам исломшиносон ба он таваҷҷуҳи зиёде доранд ва пажуҳишҳои фаровоне дар бораи он ба анҷом расонидаанд.
Инчунин, яке аз моҳияти ин илм дар он аст, ки ҳадаф аз ошноӣ бо аҳкоми ирс (мерос) фақат он нест, ки ҳақ ба соҳиби ҳақ бирасад, балки ҷилавгирӣ аз қарор гирифтани ноҳақ дар ҷойгоҳи ҳақ аҳамияти бештаре дорад ва он қарор гирифтани ноҳақ дар ивази ҳақ сабаби ба вуҷуд омадани амре аст, ки адолати иҷтимоиро барҳам мезанад.
Инро ҳам метавон дар моҳияти ин илм илова намуд, бо вуҷуде, ки ин илм фарогири аҳкоми фиқҳӣ ва илми риёзӣ мебошад, илми насаб, ки яке аз илмҳои мустақил аст, донистани он барои фақеҳон ҳангоми ҳалли масъалаҳои илми фароиз зарур мебошад.

Наботов Маҳмади Асомудинович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика