Маълумоти мухтасар дар бораи оилаи ҳуқуқи мусулмонӣ

Тибқи маълумоти муҳаққиқон (соли 2015), қариб 1,8 млрд. нафар дар бештар аз 125 давлати ҷаҳон аз рўйӣ меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ истиқомат мекунанд. Аз ин ҷост, ки ҳуқуқи мусулмонӣ, мисли оилаи ҳуқуқии романӣ-олмонӣ ё англо-америкоӣ, низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ мебошад. Ин оилаи ҳуқуқӣ пурра мустақил буда, новобаста ва бе таъсири ҳуқуқи романӣ - олмонӣ ё англо-америкоӣ, дар шароитҳои махсуси ҳаёти ҷамъиятӣ пайдо шудааст. 

 

Ҳуқуқи мусулмонӣ – қисми ҷудонашавандаи ислом аст. Агар ҳуқуқи романӣ - олмонӣ ё англо - америкоӣ бо тамаддуни Ғарб алоқаманд бошад, пас ҳуқуқи мусулмонӣ мансуби тамаддуни исломӣ, яъне тамаддуни Шарқ мебошад. Ҳуқуқи мусулмонӣ аз лаҳзаи пайдоиш мазмуни динӣ дошта, меъёрҳои он дар чорчўбаи муқаррароти ислом ташаккул ёфтаанд. Ислом дар кишварҳои мусулмонӣ (Арабистони Саъудӣ, Эрон ва диг.) ба сифати дини расмии давлатӣ шинохта шудааст. 

 

Аз ин рў, ҳуқуқи мусулмонӣ, ки ҷузъи ислом аст, дар аксарияти кишварҳо хислати расмӣ гирифтааст. Ин хислати расмии ҳуқуқи мусулмонӣ, аз ҷумла, дар он ифода меёбад, ки ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои мусулмонӣ мутобиқи ислом, яъне меъёри шариат ба танзим дароварда шудаанд. 

 

Ислом аз меъёрҳои ҳуқуқӣ, динӣ, ахлоқӣ ва ғ. иборат мебошад. На танҳо ҳаёти шахсӣ, балки тарзи ташкилу фаъолияти давлат, ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таҳти танзими ислом қарор доранд. Вобаста ба ин, дар ҳуқуқи мусулмонӣ ғайр аз ҳуқуқи оилавӣ ва мерос ҳамчунон ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, ҷиноӣ, мурофиавӣ ва ғ. инкишоф ёфтанд. 

 

 

Шарафчон Искандаров - шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ

Яндекс.Метрика