Маърифати ҳуқуқӣ ва арзишҳои ҳуқуқӣ

18-уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16- уми Шӯрои олӣ мулоқоти директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода бо кормандон ва устодону донишҷӯён дар мавзуи "Маърифати ҳуқуқӣ ва арзишҳои ҳуқуқӣ" баргузор гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ Шаҳноза Норматова мулоқотро ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки сӯҳбату вохӯриҳо ва мулоқот бо чунин шахсиятҳо мисли Абдураҳим Холиқзода дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Илова шуд, ки ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо дар бештар маврид ба тафаккуру андешаи ҷавонон таъсиргузор аст ва ин қишри ҷомеа бояд пайваста омӯзанд то фирефтаи ақидаҳои носолими гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд.

Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим перомуни давлати дунявӣ ва арзишҳои милливу динӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва арзишҳои ҳуқуқӣ ибрози андеша намуд.

Мавсуф доштани андешаву тафаккури миллӣ, хиради аҷдодӣ ва донишҳои муосири диниву сиёсиро барои ҷавонон муҳим арзёбӣ намуд.

Дар фарҷом саволу ҷавоб сурат гирифта, чанде аз китобҳои таълифнамудаи хешро, ки фарогири масъалаҳои ҳуқуқӣ мебошанд, ба донишҷӯён ва китобхонаи донишгоҳи мазкур тақдим намуд.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика