МАҚОМИ МАФКУРАИ МИЛЛӢ ДАР ҶОМЕА

Дар ҳама давру замонҳo  вобаста аз шароити мавҷуда ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ба раванди ҳаёти ҷомеа таъсири  назаррас мегузоранд.
Метавон аз даврони шӯравӣ ёдовар шуд, ки ҳизби ҳукмрон бо мафкураи марксистии худ ва ё ба истилоҳ «идеологияи коммунистӣ» дар сари қудрат қарор дошт ва тамоми паҳлуҳои рӯзгори мардумро  зери назорат ва таъсири пурра гирифта буд. Мафкураи мазкур бо таъкид бо андешаи фаромиллӣ манофеи аслии миллатҳои ҷумҳуриҳои иттиҳодро сарфи назар намуда бошад ҳам, бо вуҷуди ин талқин ва асоснок мекард, ки ягонагии пролетарии миллатҳо бо таҷассуми он дар халқи ягонаи шӯравӣ мурод ва орзуи ниҳоии миллатҳо мебошад. Гӯиё маҳз дар заминаи чунин ягонагӣ дар ҷомеаи коммунистӣ, аз рӯи принсипи «аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ ва ба ҳар кас мувофиқи талаботаш» адолати иҷтимоии ҳақиқӣ, саодати ҳамешагӣ, озодии комил, баробарии мутлақи моддӣ ва маънавӣ ҳукмрон хоҳанд гашт. Чунин даъвоҳои мафкуравӣ тамоми аҳли ҷомеаро фаро гирифта, боиси мафкуравигардонӣ ва сиёсисозии яктарафаи ҷомеа, азхудбегонашавии миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон, аз асолат ва арзишҳои миллии худ гардида буданд. Ба хотири аз байн бурдани чунин сиёсати ғалати мафкуравӣ дар охири солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ҷунбишҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сар заданд. Бо мақсади идора кардани раванди эҳёи арзишҳои миллӣ ва заиф гардонидани нуфуз ва иқтидори мафкураи  коммунистӣ тасвиб ва татбиқи  қарорҳои ҳукумати ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ дар масъалаи ғайрисиёсӣ ва ғайримафкуравӣ гардонидани ҳаёти давлат ва ҷомеа амри зарурат ва тақозои замон шуд.
Дар Тоҷикистон низ чунин қарорҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тасвиб расида, мавриди иҷро қарор гирифтанд. Якум, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғайрисиёсигардонии ҷомеа» ва дувум, «Дар бораи ғайриидеологигардонии ҷомеа» дар шоҳроҳи эҳёи арзишҳои миллӣ дар Тоҷикистон  қадамҳои  нахустин гардиданд. Бо назардошти он ки арзишҳои миллии мардуми мо дар тӯли зиёда аз 1300 соли охир дар омезиш бо арзишҳои динӣ рушду такомул меёфтанд,  барои арзишҳои динӣ, хоса арзишҳои исломӣ, ҷойгоҳ ва нақши муносиб ҷустуҷӯ мегашт. Ҳатто баъзе ҳизбу гурӯҳҳои алоҳидаи одамон кӯшиш мекарданд, ки дар муқоиса бо арзишҳои миллӣ бештар ба эҳёи авлавият ва арзишҳои исломӣ, хусусан, сиёсигардонии ислом таваҷҷуҳи бештар ва яктарафа диҳанд. Миллати тоҷик аз ифротгароии мафкуравии коммунистӣ раҳо наёфта, мубталои ифротгароии динӣ-сиёсӣ гашт. Зиёиёне, ки солиёни зиёд зери таъсири мафкураи коммунистӣ зиндагиву фаъолият мекарданд ва рӯҳияи миллӣ надоштанд, аз лиҳози маънавӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи андешаи миллиро дар мафкураи давлатӣ холӣ гузоштанд. Ба ин васила, фазо ва зарфияти маънавии холиеро, ки  ба иллати оҷизии мафкуравии зиёиён ва донишмандон дар ҷомеа ба миён омад, рӯҳониёни қудратхоҳ ва исломиёни сиёсӣ бо арзишҳои фаромиллии динӣ ва бегонапарастӣ босуръат фаро гирифтанд ва пур карданд. Бо чунин дигаргун шудани фазои мафкуравӣ дар ҷомеа ташаннуҷи сиёсӣ-ҷамъиятӣ ба вуҷуд омад.
Дар натиҷа, дар ҳаёти ҷомеа ҷараёни сиёсисозии исломӣ шиддат гирифт. Хусусан, дар забон, илм, фарҳанг, тарзи ҳаёт, сарулибос, рафтор, кирдор, гуфтор, симои зоҳирии одамон ва ғайра хусусияту тобишҳои динӣ-мафкуравӣ намоён гаштанд. Ҷараёни сиёсисозии исломӣ чунон тезу тунд гашт, ки дар  бисёр  ҳолатҳо пайравони тундрави он табиат, моҳият ва таъйиноти ахлоқии умумиинсонии дини  мубини  исломро тағйир доданд. Маҳз сиёсисозии исломии ҷомеа, ки як  шакли нави мафкуравии ифротӣ буд, боиси пайдоиши даҳҳо равияҳои тундрави динӣ, ба истилоҳ «Таҳрир», «Таблиғ», «ал-Қоида», «Аҳмадия», «Салафия» ва ғайраҳо гардид, ки ин  пасомади нохуш  дорад. Вале, агар масъала  дар сари пойдории асосҳои анъанавии ҷомеа, хоса ҳифзи амнияти мафкуравӣ ва бақои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равад, дар робита ба масъалаи мавриди назар саволе ба миён меояд,  чӣ бояд кард? Кадом мафкураро метавон ба ҷараёни сиёсисозии дин ва теократисозии ҷомеа муқобил гузошт, то пеши роҳи чунин равандҳои ифротӣ гирифта шавад ва дар баробари ин ҳисси бегонапарастиро, ки дар ҷомеа тавассути мафкураи динӣ ба вуҷуд омадааст, аз байн бурда шавад. Ба фикри мо танҳо рушду нумӯи мафкураи миллӣ метавонад пеши роҳи ҳар гуна гароишоти тундравии динӣ-сиёсиро дар ҷомеа гирад. Гузашта аз ин, дар сохтори ин мафкура бояд ҷойгоҳи Ватану миллат ҷиҳати хидмат ба давлатдории навини тоҷикон ба хотири хунсо гардонидани ғаразҳои бегонапарастонаи ҳокимиятхоҳии онҳо муайян гардад ва рисолати маънавию ахлоқии ин дини муқаддас барқарор шавад. Ёдовар мешавем, ки дини мубини ислом ҳамчун дини ҷавонтарин дорои ҷавҳари бузурги фарҳангии умумиинсонист. Дини мубини ислом дар миёни динҳои ҷаҳонӣ ягона динест, ки дар пояи инсонмеҳварӣ рисолати абадӣ дорад.
Асосгузори дини ислом Паёмбар Муҳаммад (с) дар як вақт роҳбари уммати бузург низ гардида буд. Зиёда аз ин, таъйиноти  дини ислом ва Паёмбар Муҳаммад (с) дар  баробари ҷаҳонгир кардани дини  мубини ислом ва мутамарказ гардонидани қабилаҳои парокандаи араб аз таъсиси уммати ягонаи  исломӣ дар миёни қавму қабила ва халқияту миллатҳои (дар фаҳмиши исломии истилоҳ) мухталиф аён мегардид. Аз ин рӯ, дини исломро аз  рисолати умумиинсонии он ҷудо намудан, ё худ пайравони онро бе ормони расидан ба ҷомеаи одилона ва ваҳдати умумиинсонӣ, амрест муҳол.  Албатта, роҳу усули  эҳёи ҷавҳари инсонмеҳварии дини ислом дар Тоҷикистон зиёд мебошад, ки инҳо  пеш аз ҳама, бунёди  кохи муҳташами  мафкураи миллӣ,   миллисозии арзишҳои фарҳанги исломӣ ва аз ин тариқ аз худ кардани арзишҳои инсондӯстонаи он  мебошанд. Ҳамзамон, андеша ва амалияи давлатдории исломиро аз ҷавҳари динӣ-ахлоқии он то абад ҷудонопазир донистан, эҳёи фарҳанги инсонмеҳварии онро маҳз ба давлат алоқаманд сохтан муносибати ҳакимона бо ин дини бузург нахоҳад буд. Зеро бисёр хилофатҳо ва давлатҳои исломӣ аз байн рафтаанд, вале ислом ҳамчун дини фародавлатӣ ва фаромиллӣ побарҷо боқӣ мондааст.
Мафҳуми мафкураи миллӣ ҳамчун низоми назариявии том дорои сохтори хеле мураккаб аст. Ҳарчанд ин низом моҳият ва мазмуни махсуси худро дошта бошад ҳам, вале он аз доираи арзишҳои умумиинсонӣ берун буда наметавонад. Он дар асоси   мафҳумҳои  илмҳои  иҷтимоӣ-гуманитарӣ таҳия шуда, аз онҳо босамар истифода мебарад. Ҳама гуна мафкура, алалхусус мафкураи миллӣ, маҷмӯи ақидаю тасаввуроти фалсафӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва динӣ мебошад, ки манфиати муайяни давлати миллиро ифода намуда, фаъолияти ҷамъиятиро ҷиҳати татбиқи онҳо роҳнамоӣ месозад.
Азбаски мафкура ҳамеша низоми муайяни ақида ва ғояҳо мебошад, дар он дар асоси манфиат муносибати одамон ба воқеияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин, нисбат ба ҳамдигар дарк ва баҳогузорӣ мешавад. Бинобар ин, ба сифати шаклҳои зоҳирии ифодаёбии он як зумра таълимоту консепсияҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ баромад мекунанд. Мафкураи миллӣ новобаста аз он ки дар шакли як таълимоти бонизом ба қайд гирифта мешавад, ё дар намуди ғояҳои парешон ва мухталиф қобили қабул мегардад, бояд ба сифати  таълимоти  бонизом ва мақсаднок шакл гирад ва рушду нумӯ ёбад: монанди мафкураи миллии амрикоӣ, фаронсавӣ, бритонӣ, русӣ, яҳудӣ  ва ғайра. Албатта,  мавҷудияти  намудҳои дигари  мафкураҳо аз воқеият берун ва истисно нестанд.
Мафкураҳо, хусусан, мафкураи миллӣ дорои қонунияти хоси инкишофи худ мебошанд. Ҳама гуна сохтори мафкуравӣ мафҳум ва ғояҳоро, ки дар дин, илм, санъат, фарҳанг, тамаддун, таърих, ҳуқуқ, ахлоқ ва ғайра мавҷуданд, дар шакли назариявӣ ба низом дароварда, ба онҳо рушду нумӯи хос мебахшад. Вобаста  ба  сохтори  ҷомеа мафкура ба се гурӯҳ тасниф мешавад: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ё худ гуманитарӣ. Ҳамзамон, намудҳои дигари таснифи мафкура низ дар илми ҷомеашиносӣ маълуму машҳур мебошанд.
Ҳарчанд донишмандони маъруф, аз қабили К.Манхейм, Р.Михелс, Г.Моска, В.Парето ва даҳҳо назариячиёни дигар роҷеъ ба ин масъала нуқтаҳои назари мухталиф доштанд, аммо восита ё олоти амалӣ ва нотакрори  иҷтимоӣ,  иқтисодӣ  ва сиёсӣ будани мафкура, хусусан мафкураи миллиро инкор накардаанд. Баръакс, бар он андеша буданд, ки бо ёрии мафкура, хусусан, мафкураи миллӣ ҳадафи инкишофи ҷомеаи миллӣ коркард, умумияти иҷтимоӣ сарҷамъ, неруи иҷтимоии одамон, неруи сиёсӣ ва иқтисодӣ муттаҳид ва самтгир карда мешавад. Аз ин бармеояд, ки мафкура, аз ҷумла мафкураи миллӣ, вазифаи мақсадгузорӣ, муттаҳидгардонӣ, ваҳдатсозӣ ва сафарбаркуниро иҷро намуда, дар ҳаёти ҷомеа нақши фавқулода  ва  ниҳоят  муҳим дорад.
Мафкураи миллӣ чунин зуҳуроти ҷамъиятие мебошад, ки бидуни истифодаи он, фаъолияти пурсамари давлати миллӣ (давлат агар характер ё моҳияти миллӣ дошта бошад) имконнопазир аст. Моҳиятан ва амалан давлати миллӣ ва мафкураи миллӣ ҳамрадиф ва ҷудонопазир мебошанд.
Як  мушкилоти  мафкураи миллӣ дар ҳама давру замон новобаста аз тафовути давлату миллатҳо ин «давлатӣ» будан ё набудани он аст. Бояд изҳори назар намуд, ки дар ин росто дар илми ҷомеашиносӣ ду истилоҳ, ё худ ду мафҳум мавриди истифода аст. Коршиносон  дар  атрофи ин ду мафҳум баҳсу андешаронӣ мекунанд, ки  онҳо мафҳумҳои «мафкураи  давлатӣ»  ва «мафкураи давлат» мебошанд. Ба назар чунин мерасад, ки ин ду мафҳумро танҳо пасванди калимасози «ӣ» аз ҳам ҷудо мекунад. Дар асл, ин ду мафҳум аз лиҳози маъно ва мазмун айниятдор набуда, аз якдигар тафовути ҷиддӣ доранд.
Хотиррасон мекунем, ки мафкураи давлатӣ ҳамон замон моҳиятан характери давлатӣ мегирад, агар ба сифати мафкураи давлатӣ дар банди махсус  дар  Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар қайд шавад: чи тавре дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар моддаи 6-и Конститутсияи он сабт гардида буд. Давлатӣ гардидани мафкураи  миллӣ, чуноне таҷрибаи таърих нишон дод, зуҳуроти чандон хуб нест. Дар ниҳояти кор, он метавонад ба гуногунандешӣ, плюрализм ва озодиҳои фитрии инсон монеа эҷод кунад. Зиёда аз ин, сабабгори якандешӣ, якбинӣ, тафаккури  қолабӣ  гардад ва дар ҷомеа манзалати «доварии ақлҳо»-ро иҷро кунад. Дар натиҷа, мафкураи давлатӣ ғалбери мудҳишеро мемонад, ки ҳама ашё аввал аз он гузаронида шуда, сипас «қобили қабул» мегарданд. Маҳз аз ин хотир шахсиятҳои бузург ва коршиносони варзида ҳамин паҳлуи мафкураи давлатиро написандида, муқобили он мубориза мебаранд ва ҷомеаи дунявиро, ки дар он ҳеҷ як мафкура ва дин дар назди қонун нисбат ба мафкура  ва  дини дигар афзалият ва бартарӣ  надорад, мепазиранд ва барои ҳастии чунин ҷомеа талош меварзанд. Мафҳуми мафкураи давлат бошад, дорои мазмуни  дигар мебошад. Маълум аст, ки давлат бе мафкура буда наметавонад, чунки мафкура ҳамрадифи давлат аст. Мафкураи давлат маҷмӯи  ғояҳо, назарияҳо ва таълимоти  ҷамъиятии шахшуда, барҷомонда ва догматикӣ нест. Он як шакли низоми тактикии бахшҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии фаъолияти давлат дар зинаи таърихан муайяни инкишофи ҷамъият  мебошад. Давлат метавонад вобаста ба зинаи муайяни инкишофи худ онро тағйир диҳад, мукаммал созад, ба он характери миллӣ бахшад ва аз он дар пиёдасозии барнома ва ҳадафҳои миллии худ истифода барад, ҷомеаро муттаҳид созад, ягонагии шаҳрвандонро ба вуҷуд орад, сохтори конститутсиониро пойдор гардонад, бехатарии  сиёсии ҷомеаро таъмин намояд.  Давлати миллӣ бе мафкураи миллӣ вуҷуд дошта наметавонад, чунки мафкураи миллӣ ва давлати миллӣ ҳамрадифанд.
Мафкураи миллӣ чунин воситаи иҷтимоӣ мебошад, ки бидуни истифодаи он фаъолияти пурсамари давлати миллӣ имконнопазир аст. Воқеан, тавре ки гуфтем, давлат ва мафкура таърихан ҷудонопазир ҳастанд. Ғайримафкуравигардонӣ ё худ деидеологизатсия (кӯшиши бартараф кардани ҳама гуна мафкура), ки солҳои 90-уми асри ХХ дар фазои пасошӯравӣ вусъат гирифт, барои заиф гардонидани мафкураи коммунистӣ мусоидат мекард. Агар баҳои воқеӣ дода шавад, худи «ғайримафкуравигардонӣ» ин дар асл як навъ ивазкунии як мафкура бо мафкураи дигар аст. Ҷойи баҳс ҳам нест, ки агар фардҳо, гурӯҳҳои одамон ҳеҷ ягон тасаввуроти ғоявӣ надошта бошанд, пас онҳо ба сифати субъекти иҷтимоӣ баромад карда ҳам наметавонанд.
Мафкураи миллӣ аз донишу арзишҳо бунёд гардида, ҳадафу тамоюли инкишофи ҷомеаро равшан месозад. Мафкураи миллӣ ба низоми давлатдорӣ марбут буда, фаъолияти ошкорои сохторҳои ҳокимиятии онро таъмин месозад. Мафкураи миллӣ нисбат ба сохти минбаъдаи ҷамъият, ки шаҳрвандон ҷаҳди барпо кардани онро доранд, тасаввуроти некбинона пешниҳод менамояд, рафтору амали шахсро муташаккил ва танзим месозад. Аз ин нигоҳ, мафкураи миллӣ ҳамчунин ба фаъолияти ҳокимияти давлатӣ самт мебахшад ва рафтори одамонро ба манфиати миллат ва давлати миллӣ идора менамояд.
Мафкураи миллӣ низоми донишу арзишҳои ҷамъбастӣ ва таърихан мушаххаси фалсафӣ, илмӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доир ба миллат, ҷомеа, инсон, мавқеъ ва нақши фард дар он ва дарки воқеии маънии ҳаёт мебошад.
Ташкилотҳои мафкуравӣ таълимоти мафкуравиро коркард ва онҳоро дар шуури омма «татбиқ» менамоянд, фаъолияти сохторҳои иҷтимоӣ ва шохаҳои гуногуни ҳокимиятро дар ҷомеа зери назорати худ қарор медиҳанд. Гузашта аз ин, мафкурачиёни миллӣ дар давоми асрҳои гузашта омили инкишофи маънавии ҷомеа буданд. Арзишҳои мафкуравӣ таърихан ташкилшавии сохтору ниҳодҳои нави иҷтимоиро муайян мекарданд: дар ибтидо таълимоти мафкуравӣ рӯи кор меомаданд ва дар асоси онҳо муносибатҳои иҷтимоӣ дигаргун мешуданд. Мафкураи миллии давлат натанҳо воситаи самараноки идоракунӣ, ҳамчунин силоҳи пурқудрат, воситаи неруманди таъсиррасониҳои давлат мебошад. Вай қудратеро дорост, ки нисбат ба қувваҳои ҳарбӣ, тавоноии иқтисодӣ ва дипломатӣ матинтар аст. Агар ҷомеа ё давлат аз мафкураи миллӣ умуман рӯ гардонад, ё мафкураи миллӣ надошта бошад, ё худ мафкураи миллии худро насозад, пас, ҳатман аз воситаҳои пурқуввати таъсиррасонӣ бебаҳра мемонад.
Мафкураи миллӣ яке аз воситаҳои пурсамари идора ва рушди ҷомеа, давлат ва миллат буда, манбаи тавоноест, ки истифодаи оқилонаи он метавонад ба хотири ҳадафҳо ва идеалҳо натиҷаи пурбор диҳад. Дар ҳолати муайян ва равшан набудани ҳадафҳо ҳама гуна мафкураи миллӣ аҳамияти  худро аз даст медиҳад ва ба ибораи дигар,  чунин мафкура амалан бе манфиат хоҳад буд. Аз ин нигоҳ, эҷоди мафкураи миллӣ ё худ ташаккули он масъалаи ҳаётӣ буда, дарки зарурати он тақозои замон аст. Ҷомеа ва давлате, ки  мафкураи миллӣ ва ормонҳои созанда надоранд, ҳастӣ ва рушдашон амри муҳол аст. Ҳар як миллат бояд дорои мафкураи миллӣ бошад ва он мафкураи давлат, алалхусус давлати миллӣ қарор гирад. Ҳатто миллатҳое, ки «намояндагони соҳибмаърифаташон» мехоҳанд зуҳуроти мафкураи миллиро инкор кунанд, ногузир бояд мафкураи миллӣ дошта бошанд. Ҳарчанд дар сатҳи муайян ташаккул додани мафкураи миллӣ дар тафаккури чунин «соҳибмаърифатон» кори осон нест, вале  рӯҳияи созандаи миллат мафкураи онҳоро ба хотири рушду камолоти худ ҳамеша тағйир медиҳад ва  аз онҳо ислоҳи назар талаб мекунад.
Шоёни зикр аст, ки дар меҳвари ҳама гуна мафкураи миллӣ инсон, шахс дар назар аст. Намудҳои мафкураи миллӣ гуногун бошанд ҳам, ҳадафашон инсон мебошад. Зиёда аз ин, маҳз дар марҳилаи кунунӣ беш аз пеш равшантар мегардад, ки мубориза барои инсон, пуштибонии манофеи сиёсӣ, таъмини бехатарии ӯ дар маркази муборизаҳои мафкуравӣ қарор гирифтааст. Дар ин марҳила, ҷаҳду талошварзии доимии давлати миллӣ, нақши ҳалкунанда хоҳад дошт.
Мазмуни муборизаи мафкураҳо танҳо бо рақобати мафкураҳо ё муборизаи андешавии сиёсӣ маҳдуд намешавад. Бояд иқрор шуд, ки ин ҳамчунин муборизаи миёни тарзи ҳаёти миллатҳо, истиқлолиятҳо, стратегияҳои миллӣ ва ҳатто миёни пешгӯиҳо, лоиҳа ва нақшаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад, ки дар чорчӯбаи мафкуравӣ то андозаи лозима ҷойи худро пайдо карда натавонистаанд.
Ҳамин тавр, мафкураи миллӣ ҳамчун низоми ғояҳо ва назариёти мукаммал, дар навбати худ, пояи сиёсати мушаххас мебошад. Дар чунин ҳолат сиёсати ҳақиқӣ ин татбиқсозии ҳадафу афзалияти мафкуравӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт аст.
Аммо бояд қайд намуд, ки дар таърих ҳолатҳое ҳам ба назар мерасад, ки  «соҳибмаърифатҳои зеҳнӣ» (интеллектуалҳо) бо машғул шудан ба мафкураҳои парешону аз истеъмол дурмонда саргарманд. Масалан, аъзои ҳизби коммунист. Ҳарчанд ин иродаи хоси онҳост, вале ҳеҷ кас  иҷро нагаштани ҳадафҳои онҳоро аз эшон намепурсад ва  онро ҷуброн намекунад.
Воқеан, имкон надорад, ки ҷомеа ягон ғояи барои замони худ муҳимро «саривақт офарида натавонад» ё нисбат ба ягон мафкураи нав беэътиноӣ зоҳир намояд. Назариячиёни мустақил дар ҳар ҷомеа мавҷуд мебошанд ва ғайриҷоиз аст, ки онҳо андешаҳои назариявии барои инкишофи кунунӣ ва ояндаи ҷомеа зарурро пешниҳод нанамоянд. Табиатан ин гуна андешаҳо дар шуури ҷамъиятӣ каму беш дар шакли пӯшида ё ошкоро ҷой доранд.
Ҷомеаи мо низ дар қатори ҷомеаҳои дигар то андозае барои тақвияти беш аз пеши заминаҳои мафкуравӣ ва маънавии раванди дигаргунсозиҳои демократӣ ниёз дорад. Таҷрибаи мамлакатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки агар дар мамлакат мафкура ё худ низоми арзишҳои барои мардум боэътимод, боварибахш мавҷуд набошад, пас дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маънавӣ ба пешравиҳои назаррас сазовор шудан мушкил аст. Зиёда аз ин, мафкураи миллӣ нисбат ба дигар омилҳо дар демократикунонии ҷомеа аҳамияти беназир дорад. Комёбиҳои ИМА, Шветсия, Ҷопон ва чандин кишварҳои дигар аз омилҳои муайян, ҳамзамон аз мавҷудияти мафкураи миллӣ, эътирофи волоияти арзишҳои миллӣ ва манфиати миллӣ вобастагии калон доранд.
Дар ин ҷода аҳамияти мафкураи миллӣ дар он аст, ки низоми арзишҳо, тамоюли арзишмандӣ ба ташаккули камолоти ҳар як шахс, гурӯҳи иҷтимоӣ, синфҳо, гурӯҳҳои этникӣ, миллат, давлат мусоидат мекунад. Албатта, дифоъ намудан аз ягонагӣ, инкишоф додан ва ғанӣ гардонидани он, аз қабили вазифаҳои асосии фаъолияти сиёсӣ ва мафкуравӣ ба шумор мераванд.
Ҷавҳари умумимиллии давлатро мафкураи миллӣ ташкил медиҳад. Масъалаи ба тасвиб расонидани мафкураи миллӣ вазифаи ниҳоят мураккаб аст. Дар ҷомеаи мо низ аз давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон коркард ва тафсири мазмуни мафкураи миллии тоҷикон оғоз ёфтааст. Ташаккул ва рушди мафкураи миллӣ тақозо менамояд, ки созишу ҳамдигарфаҳмии субъектҳои фаъолияти сиёсӣ дар мавзӯи арзишҳои волои ҷомеа, майлгирӣ ба барномаҳои инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат ва таҳкими давлатдории миллӣ авлавият дошта бошанд.
Таҷрибаи рушду нумӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри ХХ нишон дод, ки  ваҳдати миллӣ, муросою ҳамдигарфаҳмӣ дар байни субъектҳои сиёсӣ, ба осонӣ ба даст намеоянд. Ин кори осон нест.
Таҷрибаи як қатор кишварҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки арзишҳои бунёдии миллиро аз таърих ва фарҳанги хеш бояд ҷуст. Аз таҳлили ҳамаҷонибаи мазмуни мафкураи миллӣ худдорӣ намуда, танҳо қайд менамоем, ки дар асоси ташаккули сохтори мафкураи миллӣ ва арзишҳои он, чунин унсурҳои умда бояд ҷой дошта бошанд: анъана ва зеҳнияти (менталитети) миллии тоҷикон ва дигар халқҳои хешовандшудаи маскуни ҷумҳурӣ; ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ, худдорӣ аз бегонапарастӣ; қабули демократияи намояндагӣ; эътирофи иқтисоди бозоргонӣ ва ғайра. Мафкураи миллӣ, инчунин, арзишҳои зеринро бояд фарогир бошад: дарки тақдири муштараки ватандории намояндагони тамоми халқҳои Тоҷикистон; хотираи нек аз ниёгони халқамон, ки дар инкишофи илму фарҳанг саҳми босазо гузоштаанд; эҳтиром ба калонсолон, ки бо ҷаҳду ҷасораташон неруи иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кишвар созмон ёфтааст; масъулиятшиносӣ, қавииродагӣ ва ташаббускорӣ баҳри ташаккули давлати демократӣ, иқтисоди мутараққӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони муосир. 
Мафкураи миллӣ натиҷаи ихтирооти сиёсатмадорон набуда, чуноне ки олими рус Н.Н.Моисеев қайд менамояд, маҳсули истеъдоди олимон ва муҳаббати сиёсатмадорон нисбат ба халқи худ мебошад. Барандагони мафкураи миллӣ одамонанд. Мафкураи миллӣ ва барандагони он аз тарафи ниҳодҳои давлат идора мешаванд. Ниҳодҳои давлат дар самти корҳои мафкуравӣ бояд бо мутахассисони аз нигоҳи маънавӣ ва мафкуравӣ рақобатпазир, тавоно, хирадманд, устувор, мулоҳизакор, баномус, ҳамадон, дорои сифати баланди худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ таъмин бошанд. Зиёда аз ин, мутахассисони ниҳодҳои мафкуравӣ бояд дорои қобилияти эҳсос кардан, шунидани орзую омоли халқ ва ифодагари манофеи  онҳо ба хотири накусозии зиндагонии шаҳрвандон  бошанд. Бояд тазаккур дод, ки корбарии мафкуравӣ аз вазифаҳои муқаддастарин маҳсуб меёбад. Онро ба ашхоси бетаҷриба, нохалаф, хусуматҷӯй, бемаърифат ва хусусан ба онҳое, ки ҷаҳонбинии илмии муосир, техникӣ ва технологӣ, инноватсионӣ надоранд, бовар кардан мувофиқи матлаб нест. Амалигардонии чунин фаъолият меҳнати фидокоронаест, ки аз ҷониби мутахассисони шоиста таҳти роҳбарии оқилонаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ сурат мегирад.
Мафкураи миллӣ ифодаи субъективии манфиати танҳо миллати тоҷик набуда, он бояд манофеи тамоми халқҳои маскуни кишварро новобаста аз мансубияти динӣ, мазҳабӣ, синнусолӣ, равонӣ, этникӣ, касбӣ ва ғайра фарогир бошад. Мафкураи миллӣ ҳеҷ гоҳ асоси  шовинизми миллӣ, ё худ мухолифати миллатҳо ва паст задани шаъну эътибори халқияту миллатҳои дигарро надорад. Дар ин маврид сухан дар бораи ифтихори ватандорӣ, номуси шаҳрвандӣ ва муҳаббати аҳли ҷомеа нисбат ба якдигар ба хотири саодати ояндасоз меравад. Махсусан, дар оғози асри XXI, ки ҷаҳонро буҳронҳои шадиди иҷтимоию ахлоқӣ, сиёсӣ ва иқтисодию молиявӣ фаро гирифта, проблемаҳои глобалии ба осоиштагии тамоми бошандагони кураи Замин таҳдидкунанда, фарорӯи инсонҳо ва кишварҳо қарор дошта, экспансияи тарзи ҳаёт, хусусан экспансияи (ҷабран интиқолдиҳии) мафкураҳои мухталифи динӣ ва ғарбгароӣ, ки ба манфиати миллӣ ва бақои давлати миллӣ, хатари ҷиддӣ ворид месозанд, ба хотири рақобатпазирӣ дар муқобили чунин мушкилот мардуми кишвар бо тафаккури созанда ва ғояҳои мафкураи миллӣ омода карда шаванд ва мусаллаҳ бошанд.
Бо заҳматҳои пайвастаи Сарвари миллат, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва халқи  азизу меҳрубонамон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар бо омезиши ҷаҳонбиниҳои мухталиф, тафаккури арзишманду пешрафта фазои устувори сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоие, ки барои тавлиду густариши мафкураи муттаҳидсоз ё худ мафкураи миллӣ мусоидат намояд, шароит фароҳам оварда шудааст. Инкишофи ҳаёти ҷомеаи солим аз ватандӯстӣ ва гумманизми ҳамаи ходимони давлатӣ, аз ҷумла пешвоёни давлат, дин  ва дигар субъектҳои фаъолияти сиёсӣ дар пояи мафкураи миллӣ ва татбиқи амалии ормонҳои асилу олии халқи куҳанбунёди тоҷик вобастагии калон дорад ва он рӯз дур  нахоҳад буд, ки  мардуми шарафманди Тоҷикистони  азиз бо ҳадафҳои олии  мафкураи милии хеш  ба муроди худ хоҳанд  расид.
Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика