Мақоми падару модар дар таълимоти динӣ: масъулияти фарзандон дар пешгоҳи волидайн (дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар тарбияи кўдак”)

Яке аз шоистатарин амале, ки ҳар як инсон бояд ба он аҳамияти ҷиддӣ диҳад, ҳуқуқи падару модарро эҳтиром кардан ва пос доштан аст. Дини мубини Ислом мақому манзалати падару модарро бузург арзёбӣ менамояд, ки чунин таълимот дар дигар маъхазҳо назире надорад. Ин мартабаи азим баъд аз имон ба Худо ва тоату ибодати зоти ягонааш мебошад. Дар Қуръони карим оёти зиёде вуҷуд дорад, ки эҳтироми волидонро дар баробари ибодати Парвардигор дар як радиф қарор медиҳад. 
 
Аз ҷумла, сураи “Нисо”, ояти 36: “Танҳо Худоро ибодат кунед ва чизе ба Ӯ шарик муқарар накунед ва ба падару модар эҳсону накӯӣ кунед”;
 
-сураи Исро оятҳои 23-24: “Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш [дигаре]-ро ибодат макунед; ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ! Ва аз [ҷиҳати] меҳрубонӣ бозуи фурӯтаниро барояшон паст кун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!»;
 
-сураи Луқмон,  ояти 14: “Ва одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем; модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар дар шикам бардоштааст; ва аз шир ҷудо кардани ӯ дар ду сол аст; (ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун! Бозгашт ба сӯи Ман аст”.
 
-сураи Анкабут ояти 8: “Ва ба одамӣ амр кардем, ки ба падару модари худ некӯӣ кун. Ва агар онҳо кӯшиш кунанд, ки ба Ман он чиро шарик орӣ, ки ба ҳақиқати он туро донише нест, пас, ба онҳо фармонбардорӣ макун! Бозгашти шумо ба сӯи Ман аст; пас, шуморо ба он чи мекардед, хабар медиҳам”;
 
-сураи Аҳқоф, ояти 15: Ба одамӣ дар ҳаққи падару модараш некӯкориро амр кардем. Модараш ӯро ба душворӣ дар шикам бардоштааст ва ба душворӣ ӯро зодааст; ва (ақалли муддати) бор гирифтани ӯ - ва аз шир боз кардани ӯ сӣ моҳ аст. Ва (зинда монд) то вақте ки ба камоли қуввати худ расид; ва ба чиҳил сол расад, гӯяд: «Эй Парвардигори ман, илҳом деҳ маро, ки шукри ин неъмати Ту кунам, ки бар ману бар падару модари ман инъом кардаӣ; ва кирдори шоиста ба ҷо орам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва барои ман дар фарзандони ман салоҳ пайдо кун! Ба ростӣ ки ман ба сӯи Ту бозгаштам ва ман аз мусулмононам»;  
 
-сураи Анъом, ояти 151: “Бигӯ! «Биёед, то он чиро бихонам, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст: ин, ки чизеро шарики Ӯ муқаррар макунед ва ба волидайн некӯкорӣ кунед ва фарзандони худро аз тарси фақр макушед! Мо ба шумо ва ба онҳо рӯзӣ медиҳем; ва ба беҳаёиҳо – чи ошкор бошад аз он ва чи пӯшида - наздик машавед; ва ҳеҷ нафсро макушед, ки Худо [куштанашро] ҳаром сохтааст, магар ба ҳақ! Ин аст он чи Худо шуморо ба он ҳукм фармудааст, то бувад ки шумо ба ақл дарёбед”.     
 
Аз мазмуни далелҳои қуръонӣ бармеояд, ки мусулмони воқеӣ бояд саъю талош кунад, ки ризои волидайнро ба даст орад.  
 
Дар ин маврид аз Паёмбари Ислом (с) аҳодиси зиёде ворид шуда аст ва ин баёнгари он аст, ки ризои Худованд дар ризои падару модар мебошад. 
 
Аз он ҷумла, 
-Ибни Аббос (р) аз Расули Акрам (с) ривоят мекунад, ки он ҳазрат фармуд: “Ҳар мусулмоне, ки падару модар дошта бошад ва ба хотири касби савоб ба назди онҳо биравад, Худованд ду даре дар биҳишт барояш мекушояд”.
 
-Имом Байҳақӣ аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуд: “Хушнудии Худо дар хушнудии падару модар аст ва хашми Худо дар хашми падару модараст” (Имом Бухорӣ, Адаб-ул-муфрад”, ҷ.1.саҳ. 198).
 
-Имом Бухорӣ дар китобаш “Ал -ҷомеъу-с-саҳеҳ” аз Абӯҳурайра ривоят мекунад, ки марде назди Расули Акрам (с) омада, гуфт: “Эй Расули Худо (с), кӣ аз ҳама бештар ба некӣ сазовор аст?” Расули Худо (с) фармуд: Модарат. Мард гуфт: Баъд аз ӯ? Паёмбар (с) гуфт: Модарат. Бори дигар гуфт: Баъд аз ӯ? Боз ҳам Паёмбар (с) фармуд: Модарат. Мард боз пурсид: Пас аз ӯ кӣ? Паёмбар (с) ҷавоб дод: Падарат” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
 
ҳадиси мазкур баёнгари муқаддам будани ризоияти модар ба ризоияти падар мебошад. Аллома Ибни Баттол дар шарҳи ин ҳадис чунин гуфтааст: “Манзури ҳадис ин аст, ки бояд хушрафторӣ бо модар се баробари падар бошад. Бо далели мушкилот ва сахтиҳои даврони ҳомилагӣ ва вазъи ҳамл ва даврони ширдиҳии модар”.
 
-Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят мекунад: Аз Расули Худо (с) пурсидам: "Кадом амал назди Худо дӯстдоштарин аст?" Фармуданд: "Намозро дар вақташ гузоштан." Гуфтам: "Баъд аз он кадом?" Гуфтанд: "Некӣ ба падару модар."
 
-Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: "Сазовор аст, ки некиро ба падару модар пас аз маргашон низ идома диҳӣ, аз ҷумла ба дӯстони онҳо ва дуои хайр кардан ва истиғфор намудан барои онҳо". 
 
-Паёмбар (с) фармуд:"Аз беҳтарин садақа он аст, ки ба падару модар садақа кунӣ, агар онҳо муҳтоҷ бошанд." (Ривояти Ибни Моҷа).
 
Намунаи барҷастаи эҳтироми модарро дар рафтори Имоми Аъзам метавон мушоҳида намуд ва онро барои худ ҳамчун намунаи ибрат қабул кард. Дар китоби «Симои Имоми Аъзам»-и Шиблии Нуъмонӣ нақл аст, ки падари бузургвори Имом Абўҳанифа қабл аз расидани Имом ба синни булуғ вафот карда буд, аммо модари гиромии эшон то муддати тўлонӣ дар қайди ҳаёт буд. Ва мавқеияти хидмати модар барои эшон фароӣам гардид. Имом Абўҳанифа ин фурсати тиллоиро ғанимат шумурда, бо тамоми вуҷуд машғули хидмат шуд. Модари Абўҳанифа монанди умуми занон ба воизони достонсаро ва ақволашон бештар эътимод дошт. Дар Кўфа воизе бо номи Амр ибни Зар зиндагӣ мекард, ки модари Имом Абўҳанифа ба ў хеле эътимод ва эътиқод пайдо карда буд. Ва ҳар масъалаеро, ки барояш пеш меомад, ба Имом дастур медод, то аз Амр ибни Зар истифода кунад. Имом низ тибқи дастури модар назди Амр мерафт ва ҷавобро ҷўё мешуд. Аммо Амр маъзаратхоҳӣ мекард ва мегуфт: «Чӣ гуна метавонам дар ҳузури Шумо лабкушоӣ кунам? Имом Абўҳанифа (р) изҳор медошт: «Модарам маро чунин дастур додааст». Дар аксар авқот Амр ҷавоби масоилро намедонист ва аз Имом Абўҳанифа дархост мекард, то ҷавоби масъаларо бигўяд ва ў аз забони Имом ҷавобро такрор мекард.
 
Боре ҳокими вақт Ибни Ҷубайра, Имом Абўҳанифаро барои қозӣ шудан даъват намуд ва эшон ин пешниҳодро қабул накарданд. Бар асари он Имом Абўҳанифаро шаллоқ заданд. Модари Имом зинда буд ва бисёр нигарон шуд. Имом Абўҳанифа мефармуд: «Аз ин шиканҷа нороҳат нестам, вале аз ин ки модарам аз ин масъала ғамгин мешавад, нороҳат ҳастам».
 
Дар ин маврид қиссаи Увайси Қаранӣ қобили таҳсин аст. Ривоят аст, ки Султон Увайси Қаранӣ модари пире дошт. Боре модар аз Увайс шир хост. Увайс дар ҷустуҷўи шир дар маҳаллаҳо мегашт ва баъд аз чанде ба хона шир овард. Чун ба хона баргашт, хоби модар бурда буд. Ба гумоне, ки шояд модар бедор шуда шир хоҳад, пиёла дар даст, то саҳар дар назди модар қоим буд. Чун модар бедор шуд, каме шир хўрда, дар ҳаққи Увайс дуои нек кард. Ҳамон дуои неки модар аст, ки номи Увайси Қаранӣ то ба қиёмат вирди забонҳост.
 
Аз мафҳуму маъноҳои ояту ҳадисҳои зикргардида чунин хулоса карда мешавад, ки ҷойгоҳи волидайн дар дини муқаддаси ислом ва ҷомеаи мусулмонон манзалати азими нотакрореро доро буда, барои ҳар як фарди мусулмон зарур аст, ки нисбати падару модари худ бо қалби меҳрубон ва пурмуҳаббат таваҷҷуҳ намуда, саъю талош кунад, то ризогии онҳоро ба даст орад.
 
Шокиров У. У. - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ
Яндекс.Метрика