Дар ин маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ масъалаҳое баррасӣгардидаанд, ки дар доираи иҷрои лоиҳаи Барномаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзӯи «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2015-2019) пешбинӣ шудааст. Дар зимни он ҷойгоҳи ислом ҳамчун як унсури муҳими фарҳанги миллӣ дар ҳаёти гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон, таносуби миллият ва диният дар худшиносии миллат, роҳҳои аз тариқи безарар, мусолиматомез ва бо ҳифзи асолати миллӣ ва динӣ гузаштан ба марҳилаи сифатан нави эҳёи фарҳангӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами марбут ба мақом ва нақши ислом дар ҳаёти динӣ-фарҳангӣ ва иҷ¬ти¬моии ҷомеаи муосири Тоҷикистон тањлилу таҳқиқ шудаанд. Итминон дорем, ки маводи ин китоб барои олимону коршиносони бахш¬ҳои диншиносӣ, исломшиносӣ, шарқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, фар¬ҳанг¬ши¬носӣ, таъриху адабиёт, мероси ниёгон ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.