Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Халқе ба Ту машғулу Ту ғойиб зи миёна.
Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки Туро металабам хона ба хона.
Ҳар кас ба забоне сифати ҳамди Ту гӯяд,
Мутриб ба суруди наю булбул ба тарона.
Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.
Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона Туйӣ Ту,
Мақсуд Туйӣ, Каъбаву бутхона баҳона.
Чун дар ҳама ҷо акси рухи Ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.
Тақсири Хаёлӣ ба умеди карами Туст,
Яъне ки гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона.
Хаёлии Бухороӣ
Таҳиякунандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ