МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

ш.Душанбе. 19.01.2023. Имрӯз толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, Одилзода Дилбар Раҳим, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Мирзозода Иброҳим Холмурод - Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт, фаъолони ҳизб ва як қатор вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, тасдиқи нақша - чорабиниҳо оид ба омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23- юми декабри соли 2022, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2023 ва масъалҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Нахсут, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Мирзозода Иброҳим Холмурод оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2022 гузориш дода, қайд кард, ки дар ин давра, ҳизбиёни пойтахт ҷиҳати таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, аз ҷумла муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ бо ширкати фаъолона ва иқдому ташаббусҳои худ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ нақши арзанда гузоштанд.
Мавсуф зикр дошт, ки дар ин давра, аз ҷониби сохторҳои ҳизбии пойтахт 12420 мулоқоту вохӯрӣ ва соати сиёсӣ оид ба корҳои таблиғотиву ташвиқотии Паёми Президенти мамлакат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, қонунҳои миллӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ гузаронида шуда, ба 1634 нафар аз оилаҳои ниёзманд кумакҳои ғизову хӯрокворӣ расонида, сарпарастии 9 нафар маъюбону оилаҳои ниёзмандро ба зимма гирифта, ба онҳо ҳар моҳ нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ расонида истодаанд.
Тибқи нишондодҳои оморӣ, сафи аъзои ҳизб дар ҳудуди пойтахт 78900 нафарро ташкил медиҳад, ки дар атрофи 949 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид шуда, дар муқоиса ба соли қаблӣ 28 ташкилоти ибтидоӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ин давом, мутобиқи муқаррароти Оинномаи ҳизб конференсияҳо ва маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир гардиданд.
Дар ин замина, баҳри татбиқи сиёсати гендерӣ, пешгирии хушунати оилавӣ, мустаҳкам намудани пояҳои оиладорӣ, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, вусъати тарзи ҳаёти солим, тақвияти ватанпарастии ҷавонон аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ 2407 мулоқоту вохӯрӣ, ҳамоишу аксия, чорабинии фарҳангиву сиёсӣ ва маҳфили маърифативу иттилоотӣ бо фарогирии 174 ҳазору 462 нафар ҷавонону занон доир гардид, ки дар муқоиса ба давраи соли гузашта 228 чорабинӣ зиёд мебошад.
Дар ин муддат, ташкилотҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ таҷлил намудани ҷашнҳои милливу давлатӣ маҷмӯи тадбирҳоро амалӣ намуда, якқатор маҷлисҳои тантанавӣ, ҳамоишу аксия ва чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва сокинону шаҳрвандон доир намуданд.
Дар ин миён, Одилзода Дилбар Раҳим, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва Неъматзода Маликшо Маҳмадшо - Раиси иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба фаъолияти сохторҳои ҳизбии пойтахт дар соли 2022 ёдовар шуда, қайд карданд, ки гузориши Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки Барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бемайлон амалӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ маҳз ба ҳамин самт равона гардида, корҳои муайян анҷом дода шудаанд ва рақамҳои овардашуда гувоҳи ин суханҳоянд.
Дар рафти маҷлис муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои созандаи худ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолияту озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст, ташкилотҳои ҳизбии пойтахт низ дар ин самт фаъолу ташаббускоранд.
Дар ин радиф, мавсуф оид ба дастоварду комёбӣ ва камбудиву норасоиҳои сохторҳои ҳизбии пойтахт дар соли 2022 суханронӣ намуда, ҷиҳати таҳкиму тақвияти фаъолият дар назди кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Ҳамзамон, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза кард.
Инчунин, як қатор фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сипосномаю ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Бознашр аз саҳифаи ҲХДТ дар ш. Душанбе

Яндекс.Метрика