Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ

Санаи 24.11.2023. дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
 
Нахуст директори Марказ маҳтарам Холиқзода Абдураҳим ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки: “ Парчами давлатӣ рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар дилу дидаи ҳар фарди кишвар меҳри Ватанро афзунтар намуда, миллати тоҷик бо ифтихору эҳтиром, имону эътиқоди комил ва муҳаббату садоқати тамом зери парчам якдилу якмаром гашта, барои ояндаи неку созанда ҷидду ҷаҳд ва талош намоянд.
 
Директори Марказ тамоми устодону ҳамкорон ва кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистонро бо ин рӯзи муборак – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрику таҳният намуда, барояшон саодатмандиву тандурустӣ, бахту иқбол, сарсабзиву комёбиҳоро дар партави саодатбахши Парчами давлатӣ таманно намуд.
 
Сипас, Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ дар мавзӯи “Аҳамияти парчам дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон” маърӯза намуд. 
 
Мавсуф қайд намуд, ки “Парчам - рамзи соҳибдавлатии ҳар як халқу миллатро ифода менамояд.
Бо ривоятҳои таърихӣ Коваи оҳангар пешдомани худро парчам намуда ба мубориза бархестааст, ки онро "Дирафши Кова" мегӯянд. Дар ҷангҳои байни юнону форсҳо, хилофати араб, муборизаи суғдиён бар зидди арабҳо, амалиëтҳои ҳарбии Сомониён, Ғазнавиён, муғулҳо, Темуриён, Манғитиён - ҳар лашкар парчами худро доштанд. 
 
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи табақаҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеа, дӯстию бародарии ҳама миллатҳои сокинони ҷумҳурӣ мебошад. 
 
Муҳақиқи рус Саприков рангҳои Парчами Тоҷикистонро ба тариқи зайл шарҳ додааст. 
-ранги сурх - ифодакунандаи Хуршед, пирӯзӣ ва ҷашн; 
-ранги сафед - покии ахлоқи тоҷикон, сафедии барф дар қуллаҳои осмонбӯс; 
-ранги сабз - нишонаи иди Наврӯз, бедоршавии табиат;
-тоҷ - соҳибдавлат будани тоҷикон; 
-ҳафт ситора - ҳафт вилояти таърихию фарҳангии тоҷикон. (Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон, Бадахшон). 
 
24-уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон шудааст ва ба хотири муқаддас будани он мехостам сухани ҳикматомӯзи аҷдодонамонро ба хотир орам, ки мегуфтанд: " Инсон дар тӯли умраш дар назди ду муқаддасот ба зону истода сари таъзим фуруд меорад: яке дар назди модар ва дигаре парчами Ватан ".
 
Чӣ қадар гуворо ва фараҳбахш аст, вақте, ки варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаҳои олимпӣ ва ҷаҳонӣ муваффақиятҳои олӣ ба даст меоранд ва парчами Ватанро дар нисбати парчами дигар давлатҳо боло мебардоранд ва суруди миллии мо садо медиҳад.
 
Парчам ин ифодакунандаи Ватан - модар, хоки он, атри ҳавою боғзорҳои ӯст. 
 
Мо ҷисми оғушта ба хуни Темурмаликро аз таърихи миллати куҳанбунёдамон дар ёд дорем, ки писараш аз ҷайби ӯ халтае пайдо намуд, ки он ҷо мушти хоки Ватан ёфт ва дар он навишта шуда буд:
         Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу, 
         Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок.
 
Дар охир таманнои онро дорам, ки Парчами давлатӣ рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар дилу дидаи ҳар фарди кишвар меҳри Ватанро афзунтар намуда, миллати тоҷик бо ифтихору эҳтиром, муҳаббату садоқати тамом зери парчам якдилу якмаром гашта, барои ояндаи неку созанда талош намоем”.
 
Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ 
Яндекс.Метрика