МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ

Имрӯз, 24.11.2022с дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30- солагии Парчами давлатӣ, маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, муовинон ва тамоми кормандони Марказ иштирок доштанд.

Нахуст, директори Маркази исломшиносӣ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим дар бораи таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва омӯзиши ғояҳои муттаҳидкунандаи Парчами миллӣ сухан ронда иброз дошт:

“Ҳар як ҳодисаҳои таърихие, ки мо аз гузаштаи Халқамон мебинем, Парчам ҳамчун унсури муттаҳидкунандаи мардум буда, барафрохтани он маънои тавоноӣ ва қудратро дошт. Анъанаи барафрохтани Парчам, анҷом додани як теъдод маросимҳо дар ҷашнҳои миллӣ яке аз суннатҳои деринаи таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, то ба имрӯз онро идома дода истодаанд”.

У ҳамчунин иброз дошт, ки савганд ёд кардан дар пеши Парчам, бӯсидани ва барафрохтани он дар чорабиниҳои расмии давлатӣ баёнгари он аст, Парчам дар фарҳанги миллии тоҷикон мақом ва нақши хосси худро дорад...

Дар идомаи маҷлис, корманди шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир Абдуллоҳи Қодирӣ дар мавзӯи:”ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ - ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ” - баромад намуда, андешаҳои худро чунин баён дошт:

Аз насли Коваему адолат шиори мост,

Ҳарҷо, ки ҳаст адл ҳамонҷо диёри мост.

Гар парчами Ватан ба фалак сар кашида аст,

Аз қадди сарви мову сари тоҷдори мост... 

 

Чист парчам?  Ифтихори миллат аст,

Чист парчам?  Иқтидори миллат аст,

Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,

Чист парчам?  Эҳтироми миллат аст.

Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб меравад. Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар чорабиниҳои расмиї сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯза нақши хосси худро доро мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи неки мардуми кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдории ҳар як миллат ба ҳисоб меравад.

Парчамҳо таърихи беш аз 3000 сола дошта, аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шудаанд. Дар Авесто дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст. Парчаму дирафш вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ, байрақ вожаи туркӣ, ливо ва алам вожаҳои арабӣ ҳастанд.

“Дирафши Ковиёнӣ” яке аз ривоятҳои машҳури тоҷик ва тамоми қавмҳои ориённажод аст, ки дар “Шоҳнома” – и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба шакли достони назмӣ дароварда шудааст. Дирафши ковиёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлатии Эрон дар аҳди Кушониён ва Сосониён будааст. 

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.

Бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид. 

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳо миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддастро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.

Дар фарҷом, муҳтарам Холиқзода Абдураҳим бори дигар тамоми мардуми Тоҷикистон, ба вижа кормандони Марказро ба муносибати 30-солагии Рӯзи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфта, ба поси эҳтиром ба Рӯзи Парчами миллӣ ба тамоми кормандони Маркази исломшиносӣ, нишони сари синагӣ тақдим намуд.

  

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир  

Яндекс.Метрика