МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ФАЗОИ МАҶОЗӢ: ИМКОНИЯТ ВА ТАҲДИДҲО БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ"

Рӯзи 8 июни соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи гирд дар мавзӯи "Фазои маҷозӣ: имкоият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи  ватанӣ  ширкат варзиданд. 

Котиби илмии Маркази  исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Маҳрамбеков дар мавзӯи "Инъикоси масъалаи тундгароии динӣ дар фазои иттилоотӣ: вазъ ва пайомад"суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки пешрафти технологияи муосир ва дастрасӣ ёфтан ба воситаҳои иттилоотӣ дар замони ҳозирро метавон яке аз дастовардҳои беҳтарини инсоният дар тӯли таърих шумурд. Воқеан ҳам чунин аст. Вале истифодаи васоити иттилоотӣ хусусан воситаи шабакаи иҷтимоии «Интернет» вобаста ба манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ, динию идеологӣ шаклу усулҳои хосро касб карда, дар баъзе мавридҳо чунин хулоса карда мешавад, ки ин шабакаи иҷтимоӣ маҳз барои ҳамин сохта шудааст. Вале дар асл бошад вазифаи ҳама гуна дастоварди илмӣ, пеш аз ҳама, беҳдошти ҳаёти инсоният аст.

Мутаассифона, имрӯз ин дастовардҳои илмӣ дар бозиҳои сиёсӣ ҳамчун ҳолатҳои татбиқи манфиатҳои сиёсӣ истифода бурда мешаванд. Чунин имкониятҳоро имрӯз танҳо қудратҳои ҷаҳонӣ дошта, кишварҳои аз нигоҳи технологӣ заифтар наметавонанд ҳуҷуми таблиғоти ифротгароиро дар фазои итилоотии кишварашон хунсо созанд. Сониян, қудратҳои ҷаҳонӣ имконият намедиҳанд, ки кишварҳои дигар низ ба чунин дастовардҳои технологӣ комёб шаванд. Дар айни замон васоити ахбори омма роҳҳои таблиғ ва интишори ахбороти ифротгароёнаи низоъангезро хеле осон намуда, таблиғоти ифортгароӣ аз тариқи сомонаву моҳвораҳо вазъи идеологӣ ва сиёсиро боз ҳам тезутунд карда истодааст. Таҷрибаи онро метавон дар вайрон намудани низоми давлатдории қонунии баъзе кишварҳо дар Африқои Шимолӣ мушоҳида кард.

 

Бо вуҷуди ин ки  муносибати давлат ба дин дар кишвари мо тибқи модели миллии дунявияте, ки барои фаъолияти озодонаи иҷтимоӣ-фарҳангии иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид ва имконияти иштироки фаъол дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ-фарҳангӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи манофеи миллиро фароҳам сохтааст, ҳанӯз ҳам мардум моҳияту хусусияти дунявиятро ҳамчун принсипи асосии сиёсати давлат дар соҳаи дин  ба қадри зарурӣ дарк накардааст. 

Хулоса, имрӯз мусулмонон соҳиби давлатҳои  миллӣ ва истиқлолияти сиёсӣ мебошанд. Тақвият додани таълимоти яктарафаи динӣ метавонад қувваи дигари сиёсиро ҷамъ оварад. Бинобар ин шакли фарҳангӣ-иҷтимоӣ тафаккури диниро, ки он ба  асосҳои таҷрибаи таърихӣ пайванд мегирад, бо низоми нави иҷтимоӣ мувофиқ кардан кори осон нест, вале ин корро анҷом додан зарурати воқеӣ аст. Дар ин маврид мо набояд ба худфиребӣ роҳ диҳем. Бо тағйир ёфтани сиёсатҳои ҷаҳонӣ ва бархӯрди манфиатҳо дар оғози асри XXI абарқудратҳо исломро ҳамчун омили муҳими бозиҳои сиёсӣ суиистифода карда истодаанд. Исломикунонии нав ҳамчун протсеси сиёсӣ-идеологӣ бо исломи анъанавӣ ҳамчун дин куллан мухолиф аст. Аз ин рӯ, ягон давлат аз интиқоли ин шакли ислом дар фазои иттилооти худ эмин буда наметавонад, вале таҷрибаи самараноки ҳамкории давлат бо ниҳодҳои илмӣ метавонад ҳамин фазои холии идеологиро пур карда,  фазои ифротгароиро танг кунад. Дар ин сурат, интиқоли исломи тундгаро аз берун он қадар равнақ ёфта наметавонад. Мо бояд дар баробари мубориза бо ифротгароии динӣ ҳамзамон шуури солими миллӣ ташаккул диҳем ва механизми ҳамкории созандаи байни ниҳодҳоро пайдо кунем.

 

Яндекс.Метрика