Мизи гирд: Роҳу усулҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ифротӣ

Имрӯз, 10-уми майи соли 2023 ҷиҳати амалишавии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси нақшаҳои ҳамкории дутарафа бо Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “Роҳу усулҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ифротӣ” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ёвари Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни маҳфилҳои “Афкор”, “Минбари сухан”, “Набзи айём”, таблиғотчиёни ҷавонон “Андеша” ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии маркази вилоят ширкат варзиданд.
Нахуст, профессор Усмонзода Аюб баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили терроризм ва экстремизм ибрози назар намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки дар ҳама давру замон нақшу рисолати зиёиён, олимон, устодон дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа, дарёфти роҳи мусолиҳатомези ҳамагуна ихтилоф, муноқиша ва зиддиятҳо, ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли наврас, ҷавонон ва тамоми мардум хеле бузург аст. Яке аз рисолатҳои олимон таҳқиқ ва дарёфти ҳамон омилҳо, решаҳо ва ангезаҳое мебошад, ки мардумро муттаҳид созад, ихтилофро аз байн барад, сулҳ, ҳамкорӣ, бародарӣ ва дӯстиро миёни халқҳо, миллатҳо ва ҷомеа таҳким бахшад.
Сипас Шосаидзода Шаҳбоз - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ перомуни мавзуи роҳу усулҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ифротӣ баромад намуда, афзуд, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ башариятро ба ташвиш овардааст. Гуфта шуд, ки ин раванд моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияту оромии кишварамон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем. Созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб намудани онҳо аз тамоми василаҳо ва имкониятҳо истифода мебаранд.
Дар идома иштирокчиён масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, роҳҳои баланд баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҷаҳонишавӣ ва бархурди он ба тафаккури ҷавононро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Созишномаи тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тасвиб расонидааст, ки ҳадафи он тайёр кардани муҳаққиқони ҷавони соҳибунвон, таҳқиқотҳои якҷоя, нашри китобҳо, таъсиси марказу маҳфилҳои муштарак, такмили ихтисоси омӯзгорон, конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, тренингҳои якҷоя ва амсоли инҳо мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Яндекс.Метрика