
Мизи мудаввар дар мавзӯи " Истиқлоли давлатӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ".
Имрӯз, 07.09.2023 бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит Мизи мудаввар дар мавзӯи " Истиқлоли давлатӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ " баргузор гардид.
Дар Мизи мудаввар корманди шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, муовини ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит муовинон ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ ва донишкадаи мазкур иштирок намуданд.
Нахуст директори Маркази исломшиносӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ташрифи меҳмононро ба чорабинии мазкур хайра мақдам гуфта, ҳозиринро бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ба муносибати ин ҷашни фархунда сидқан шодбош гуфта, ба ҳозирин зиндагии орому осоишта ва барору комёбиҳо таманно намуд.
Сипас, профессор Холиқзода Абдураҳим дар мавзӯи "Таносуби соҳибистиқлолии миллӣ ва халқӣ дар устувории Истиқлоли давлатӣ" маърӯза намуд.
Ӯ таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ дастоварди гаронарзиши миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик ба шумор рафта, натиҷаи талошу заҳматҳои фидокоронаи мардуми шарафманди тоҷик мебошад.
Натиҷаи сиёсати хирадмандона, талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон, зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Ватани азизу маҳбубамон сулҳу субот, пойдор аст.
Мавсуф зикр намуд, ки таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтарин ва боарзиштарин ҳодисаи таърихии давлатдории муосири миллати тоҷик ба шумор меравад.
Аз ин лиҳоз ҳифзи арзишҳои миллӣ, масъалаи басо муҳими ҳаётӣ арзёбӣ мегардад. Вобаста ба ин таъкид карда шуд, ки ҳар як нафар бояд барои пешрафту тараққиёт ва устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ саҳми арзишманди худро гузорад.
Дар Мизи мудаввар иброз гардид, ки Тоҷикистон дар давоми соҳибистиқлолӣ марҳилаи давлатсозиро пушти сар намуда, ҳоло марҳилаи пешрафту рушди устувор фаро расидааст.
Дар ин марҳилаи давлатдорӣ ҷиҳати суръат бахшидани пешрафту тараққиёт ва муаррифии шоистаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ аз ҳар як нафар масъулияти ҷиддӣ ва баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд.
Дар фарҷом аз тарафи директори Маркази исломшиносӣ ба муносибати 32 - юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баъзе иштирокчиёни Мизи мудаввар ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.