Мизи мудавввар бахшида ба 30 - юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “ Нақши Иҷлосияи XVI – ум дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашо Вализода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим, Давлатзода Сулаймон раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин ректори Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит Зокирзода Нусратулло иштирок доштанд.

Нахуст, Давлатзода Сулаймон - раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи меҳмононро хайра мақдам гуфта, ҳадаф аз баргузории чунин нишастҳоро сабақ гирифтан аз гузаштаи таърихӣ донист ва ба иштирокчиёни мизи мудаввар барору комёбӣ таманно намуд.

Сипас, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашо Вализода дар бораи Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шӯрои Олӣ ва қонунҳои миллӣ, ки токунун қабул шудаанд ва аз Конститутсия сарчашма мегиранд, ибрози андеша намуд.

Дар идомаи нишаст, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, докторҳои илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим дар бораи аҳамияти мизи мудаввар ибрози андеша намуда, изҳор дошт, ки доир ба паҳлӯҳои гуногуни Иҷлосияи тақдирсоз олимону муҳаққиқон андешаҳои зиёдеро иброз доштаанд.

Аммо ман мехоҳам доир ба се дастоварди бузурги Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён дорам:

1.Интихоби дуруст ва таърихии роҳбар дар ҳамон Иҷлосия;

2.Умед ва боварии халқро ба вуҷуд овард;

3.Шоҳроҳи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва роҳи ояндаи халқро муайян намуд.

Дар поён ректори Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам Зокирзода Нусратулло ташрифи меҳмононро ба нишасти мазкур хайра мақдам гуфта, дар бораи аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки заминаи сулҳу ваҳдат ва якпорчагии миллат гардид, изҳори назар намуд.

 

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир  

 

Яндекс.Метрика