МОВАРОУННАҲР ДАР САРЧАШМАҲОИ ҶУҒРОФИЮ ТАЪРИХӢ

Сарзамини Мовароуннаҳр аз минтақаҳои тараққикарда, пешрафтатарин ва ободтарин сарзаминҳои тоҷикнишин ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи бузургтарин марказҳои илму фарҳанг ба шумор мерафт.

Ин сарзамин дар масири таърих донишмандону олимони зиёдеро тарбия намуда, бо маърифати азалии хеш бисёре аз халқиятҳои биёбонгардро мутамаддин ва баъзе аз қавму қабилаҳоро ба арсаи илм ворид намуданд.

Дар тӯли қарнҳо ин сарзамин бо фарохии неъмату иқлими гуворо ва шаҳрҳои тараққӣ намудаи хеш ҳамсоягони биёбонгардашро ба ҳайрат овард ва ҳамин буд, ки дар муддати мадиде мавриди ҳуҷуми қавму қабоили бодиянишин қарор гирифта, гоҳҳо ба харобазор ва гоҳи дигар бо лутфу каромати худи истилогарон ва кӯшишу талоши мардуми бумии хеш, яъне тоҷикон аз нав ободон гашта, роҳашро идома медод.

Новобаста аз вуруди қабилаҳои гуногуни туркию муғулӣ аз асри X ба ин минтақа ва таъсиси давлатҳои онҳо, тоҷикон аксари аҳолии ин ҷоро ташкил намуда, ҳамоно дар идоракунии давлат нуфузи бештар доштанд ва тамоми коргузориҳои давлатӣ тақрибан ба дасти тоҷикон анҷом мепазируфт.

Беҳуда нест, ки ҷуғрофидони асри X Ибни Ҳавқал дар асараш “Сурату-л-арз” навиштааст, ки “Мовароуннаҳр дар саросари дунё ба фарохии неъмату сафо ва хуррамӣ ва пурбаракат будан маъруф аст ва мардуми он ба некӣ роғиб ва дорои шавқату муноҷоту қувват ва далериву бузургворӣ ва донишу салоҳанд”. [13. с.193; 21. c.133] Мақдисӣ низ Варорудро “зархезтарин замини Худо” ҳисобида, қайд мекунад, ки инҷо “саршор аз некиҳо, ободонӣ, донишпарварӣ, диндорӣ, нерӯмандӣ, дилпокӣ, ҳамзистӣ мебошад. Мардум сарватманд, покдоман, некхоҳ, меҳмоннавоз, донишмандпараст ҳастанд. Хулоса, ислом дар он ҷо шодоб, давлат нерӯманд, додгарӣ устувор... маркази илмӣ ва ҷойгоҳи иршод... конҳои онҷо гаронбаҳо, корвонсароҳояш фаровон, обҳояш сабук, беҳдошташ солим аст” [1. c.81-82]. Айнан ҳамин гуфтаҳоро дигар аз муаррихони асри миёнагӣ, аз ҷумла Истахрӣ дар “Масолик ва мамолик” [2. c.221-228], Закариёи Қазвинӣ дар “Осор-ул-билод ва ахбору-либод” [9. с.525], Ибни Бакрон дар “Ҷаҳоннома” [15. c.130] ва дигарон қайд намудаанд.

Бояд гуфт, ки пайдоиши вожаи Мовароуннаҳр ба замони ҳамалоти арабҳо мутааллиқ буда, минтақаи байни дарёи Ҷайҳун ва Сайҳун дар назар дошта шудааст. Арабҳо, ки сарзамини моро ишғол намуданд, дар ибтидо соҳили рости дарёи Ҷайҳун ва баъдан байни дарёҳои Ҷайҳун ва Сайҳунро Мовароуннаҳр номиданд. [17. с.32] Ҷуғрофияи таърихии ин сарзамин ва шаҳрҳои он дар сарчашмаҳои ҷуғрофию таърихие чун “Сурату-л-арз”-и ибни Ҳавқал, “Ҳудуд-ул-олам”-и муаллифаш гумном, “Масолик ва мамолик”-и Истахрӣ, “Аҳсан-ул-тақосим фи маърифати-л-қолим”-и Мақдисӣ, “Масолику-л-мамолик”-и ибни Хурдодбеҳ, “Осор-ул-билод ва ахбору-л-ибод”-и Закариёи Қазвинӣ зикр ёфтааст, ки нигоштани он ҳама зарур нест. Айни замон, ин сарзамин дар ҳудуди имрӯзаи Ӯзбекистон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҷануби вилоятҳои Қизилурда ва Туркистони Қазоқистон доман густурдааст. [17. с.32]

Вароруд дар замони ҳукумати Хилофати Аббосиён ба яке аз марказҳои илмию фарҳангӣ табдил ёфта, шаҳрҳои он, аз ҷумла Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Бунҷикат, Чочу Тирмиз ва дигарон ба маконҳои аслии илму фунун табдил ёфта, бо ташкил ёфтани давлати мутамаркази Сомониён аҳамияти он афзун гардид. То онҷое ки нуфузу эътибори маркази ин давлат Бухоро аз пойтахти хилофати Аббосиён бештар гардида, диққати оламиёнро ба худ ҷалб намуд. Абӯабдӯлоҳи Рӯдакӣ, ки аз шуарои порсигӯи ҳамин даврон аст, бо ду мисраъ шеъри худ нуфузу эътибори ин хонадони тоҷиктабборо чунин баён мекунад: Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост, Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост... [3. с.10] Воқеан, қадру манзалати ин хонадони тоҷикасл чунон зиёд буд, ки аксари сарчашмаҳои асримиёнагӣ ононро ҳамчун хонадони маърифатпарвар ситудаанд. Сомониён ба ободу зебо гардонидани сарзамини хеш таваҷҷӯҳи зиёд доштанд ва ҳамин буд, ки шаҳрҳои Мовароуннаҳр рушду нумӯ намуда, шуҳрати офоқ гардиданд ва дар ҷаҳони он вақта мислашон назир надошт.

Бо суқути давлати Сомониён аксари қаламрави Мовароуннаҳр ба ихтиёри Қарахониён гузашта, то андозае пешрафти илму маърифат ва рушди шаҳрҳои ин сарзамин бозистод. Зеро Қарахониён хислатҳои бодиянишинӣ дошта, хулқу атвори саҳронишинии худро нигоҳ медоштанд. Пасон, ин сулола зери таъсири Салчуқиён, Қарахитоиён ва Хоразмшоҳиён афтода, охируламр аз ҷониби Муҳаммади Хоразмшоҳ дар соли 1212 барҳам дода мешавад ва Варорӯд ба тобеияти Хоразмшоҳиён медарояд. Дар мудати чанд сол то ҳуҷуми истилокоронаи Чингизхон ба ин сарзамин нуфузу эътибори шаҳрҳои Мовароуннаҳр, хусусан Самарқанду Бухоро ва Хуҷанд аз нав боло рафта, ба марказҳои илмию фарҳангӣ ва сиёсию маъмурӣ мубаддал мегарданд.

Хоразмшоҳиён дар ҳамин ҳангом пурқудраттарин кишвари мусулмонии Шарқ маҳсуб меёфт ва ҳудуди ниҳоят васеъро дар бар мегирифт. Аммо, бо ин ҳама шукуҳу бузургӣ аз дохил ноустувор буд. Аз самти Шарқ бошад, давлати муғулҳо бо сарварии Чингизхон ба ташаккул намудан оғоз намуда, кишварҳои ҳамсояашро ишғол ва ба сарҳадоти Хоразмшоҳиён наздик мешавад.

Муҳаммади Хоразмшоҳ аз ҷиҳати нерӯи сипоҳ аз муғулҳо бартарӣ дошт ва аз ҳамин лиҳоз равияи ҷангталабонаро пеша гирифт. Ӯ худашро мисли Искандари румӣ фотеҳи бузург ҳисоб мекард ва чунин мепиндошт, ки бо аскарони вафодори қипчоқ бояд то охири дунё юриш намояд[22. с.105] Ӯ худро мисли Хуршед ва дигар ҳокимонро дар назди хеш хурд тасаввур мекард.

Бинобар ин, аввалин оташи хашму хушунатро миёни муғулҳо ва давлати Хоразмшоҳиён барафрӯхт ва фоҷиаи Утрор баҳонае барои ҳуҷуми Чингизхон ба минтақаи Мовароуннаҳру Хуросон гардид.

Идома дорад...

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика