МОДАР - Фариштаи ҳаёт

 

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он биҳиштеро, ки Қуръон мекунад тавсифи он,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Модар - фариштаи ҳаёт, сароғози ҳастии башар, офаранда ва таҷассумгари меҳру вафост. Модар - олиҳаи зиндагӣ, қимматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор ва махзани меҳр барои фарзанд аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно месозад. Аз заҳмати шабонарӯзии ӯ аҳли башар тарбият меёбад. Модар! Зимни гуфтори ин лафзи ширин чиқадар меҳру вафо дар замирамон эҳсос мегардад. Қалби бузурги ӯ саршор аз меҳру муҳаббат ва хушгуфторию хушрафторист. 

Агар ба таърихи башарият нигарем, тамоми мавҷудоти зиндаи оламро маҳз аз вуҷуди модар мебинем. Ин аст, ки дар ҳамаи динҳои осмонӣ ва оинҳои суннатӣ мақоми бузург ва муқаддас - фариштаи ҳаёт ва ҳастии зиндагиро касб кардааст. Ба ибораи Пешвои миллат "тамоми бузургон, ҳатто паёмбарон аз домони поки модар ба дунё омадаанд". Ба ин маънӣ, бузургии модар дар суханони Пешвои миллат чунин инъикоси худро ёфтаанд: "Дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад". Бузургӣ ва муқаддасии ӯст, ки Паёмбари Ислом "Биҳиштро зери пои модарон" донистаанд.

Модар дар ҳама ҳолат пайваста бо ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Оре, давлати модар фарзанд аст. Образи модар – ҳамчун  тавлидкунанда ва нахустин мурабби ва устоди ҳар як фарди инсонӣ дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро дар ашъорашон тавсиф карда, номашро Модар баровардаанд, ки маънии асоси хонавода ва паноҳгоҳи фарзандонро ифода мекунад. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта, модарро тимсоли Ватан медонанд. Гар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мост: 

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар,

Накӯӣ  ба модар беҳтарин ибодат ва асли тоатҳо буда, роҳест ба суи ҷаннат. Подоши накӯӣ ба модар аз он иборат аст, ки соҳибашро ба ҷаннат мебарад. Амр ибни Ос овардааст, ки марде назди Паёмбар (с) омада гуфт: Ман бо ту паймон мекунам, ки ба хотири савоб ҳамроҳат ҷиҳод ва ҳиҷрат кунам. Фармуд:” Оё яке аз волидайни ту зиндааст? Гуфт: Бале, ҳар ду зиндаанд. Фармуд: Ту мехоҳӣ савоби Худоро дарёбӣ? Гуфт: Бале. Гуфт: ба назди волидайни худ баргард ва ба онҳо накӯӣ кун”! Ҳамчунин ин ҷо қиссаеро аз ҳаёти пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ Имоми Аъзам ёдовар мешавем. "Замоне, ки Имом Абӯҳанифаро ба мансаби қозигӣ даъват карданд, эшон қабул накард, аз ин ҷиҳат ба Имом Абӯҳанифа шаллоқ заданд, модари Имом зинда буд ва бисёр нигарон шуд. Имом Абӯҳанифа гуфт: “Аз ин шиканҷа нороҳат нестам, вале аз ин ки модарам аз ин масъала ғамгин мешавад, нороҳат ҳастам”.

Хосса, эҳтиром ва қадру манзалати модар дар ҳама дину оин ва аз ҷониби ҳамаи адибону ҳакимони маъруф  ҷаҳон таъкид гардидааст. Модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад, фариштаи ҳаёт, кафили ҳастии аҳли башар ва ҳаёти инсон аст. Шоири бузургворамон устоди шодравон Лоиқ Шералӣ ба маврид қайд кардаанд:

Ту монанди замин танҳоӣ модар,

Ту монанди замин яктоӣ модар.

Садуллоев А. - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ  

Яндекс.Метрика