Модар фаришта буд, аммо болу пар надошт...

Хеле дард овар аст!
Ҷавоне дар синни 18 - солагӣ барои модараш мегӯяд: эй модар!
Вақте, ки 20 - сола шудам бароям чи тӯҳфа медиҳӣ?!

Модар мегӯяд: писарам!
Ту ба бистсолагӣ ҳанӯз нарасидаӣ ва вақти зиёде мондааст.
Як соли дигар ҳам сипарӣ шуд;
Писар 19 сола шуд; ки ногаҳон бемор шуд, ва модараш уро ба бимористон бурд.

Духтур барояш мегӯяд :
писари ту бемории қалб дорад , ки имкони хуб шуданаш вуҷуд надорад.
Модар хеле ғамгин шуда, меравад то писарашро бубинад...
Писар мегӯяд: модар! Духтур бароят чӣ гуфт ?
Ман мемирам ??!!....

Модараш дар ҳол гирён шуда аз утоқи писараш бирун рафт...
Дар ахири сол, ки синни писар ба 20 - солагӣ расида буд; аз шифохона ҷавоб шуд ва бемориаш шифо ёфта буд.

Писар ба сӯйи хонааш равон шуд, вақте, ки расид ; дид, ки дар рӯйи фарши хона як нома афтидааст ва он мактуб аз тарафи модараш навишта шуда буд.

Аммо модар дигар набуд...
Дар он навишта шуда буд: эй фарзандам! Ин ҳамон рӯзе аст, ки бароям гуфта будӣ, ки дар синни 20 - солагӣ бароям чи тӯҳфа медиҳӣ ?

Чун қалби ту аз кор афтида буд хостам қалби худро ба унвони тӯҳфа бароят тақдим кунам...
Аз он, хуб нигоҳубин кунӣ.......

Гирдоварандаи мавод:
Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика