Моҳият ва ҳадафҳои экстремизм, терроризм ва бархўрди тамаддунҳо дар замони ҳозира

Мафҳумҳои зиёдравӣ, таассуб, радикализм, ин зинаҳои инкишофи экстремизм (ифротгароӣ) калимаи лотинии extremus буда, маънояш тундравӣ, аз андоза гузаштан мебошад ва ифодагари пайравию ҷонибдорӣ аз амалу ақидаҳои тундравӣ, тундгароӣ мебошад. Шахсеро, ки дар фаъолияти худ аз амалҳои тундравию тундгароӣ ҷонибдорӣ менамояд, экстремист номидан хато нест. Ашхоси ҷонибдори амалҳои ифротгароёна асосан ягон намуди мусолиҳа, гуфтушунид, мувофиқаро қабул надоранд.
Амалу зуҳуроти мазкур метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм  ба миён ояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Дар замони мо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Ин падида дар замони ҳозира хусусияти сиёсӣ пайдо кардааст. Дар шакли умумӣ ва оддӣ ифротгароӣ - ин пайравӣ ба ақидае мебошад, ки тамоми арзишҳои дар ҷамъият бударо рад мекунад ё нодида мегирад. 
Ифротгароӣ хусусан дар якчанд даҳсолаи асри 20 ва ибтидои асри 21 хеле вусъат ёфт. Дар ин солҳо харакатҳои ифротгарои динӣ ва гуруҳҳои тундрав хеле фаъоли ҷунбиши “Толибон”, “Ал-қоида”, “Ҳизбу-т-таҳрир”, “Боко ҳаром” ва “Давлати исломӣ» аз зумраи ин созмонҳои мамнуъ эълоншуда буданду мебошанд.
Яке аз хусусиятҳои манфии ин созмонҳои ифротӣ дар он мебошад, ки онҳо шиорҳои диниро истифода бурда, аз номи дини мубини Ислом баромад мекунанд.
Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Терроризм сиёсати тарсонидан, ба даҳшат афкандан, пахш кардани рақибони сиёсӣ бо роҳи зўрию даҳшатафканӣ мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан - ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундрав дар фаъолияти худ барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан беш аз ҳама аз амалҳои террористӣ истифода мебаранд.
Қуръон, аҳодиси набавӣ, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм ба терроризм меорад. 
Шукронаи неъматҳои истиқлол, ки имрўзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдўсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодааст. 
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба мусулмонони Тоҷикистон ҳуқуқи озодии виҷдон - озодии пайравӣ ба динро ато намуд.
Бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра ба теъдоди умумии беш аз 230 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид ва ин кори наҷиб то ба имрӯз идома дорад.
Ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷоти динии мардум аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди эҳтиётии Президент даҳҳо миллион сомонӣ ба чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ ҷудо гардида, садҳо асарҳои гаронбаҳои таърихӣ, ки асрҳои дароз дар гўшаи фаромўшӣ монда буданд, аз ҷумла “ Саҳеҳ ”-и Имом Бухорӣ, “Муснад”-и Имоми Аъзам, “Эҳёи улуми дин” ва “Кимиёи саодат”–и Имом Ѓаззолӣ ва дигар осори пурқимат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар масъалаи дин кафолат додааст. Аммо, фаромӯш кардан лозим нест, ки ҳар шакли озодӣ ҳудуди муайяни худро дорад. Ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки талаботи қонунҳои ҷории ҷумҳуриро риоя намуда, дар татбиқи онҳо саҳмгузор бошад.
Имрўз дар ҷомеаи исломӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси сар задани ихтилофоти мазҳабӣ мегарданд.
Лозим ба зикр аст, ки як равияе дар асри дувоздаҳуми ҳиҷрӣ хуруҷ карда, худро «Ал-муваҳҳидун» номиданд. Таълимоти онҳо бо исломи аслӣ, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат маншаъ мегирифт, созгор набуд. Аз ин рў, мардум онҳоро «ваҳҳобӣ» ва баъдан «салафӣ» ном ниҳоданд.
Муассис ва идеологи равияи ифротгарои «салафия» Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мебошад, ки соли 1111 ҳиҷрии қамарӣ ба дунё омада, баъд аз омўзиши улуми исломӣ як қатор ақидаҳои худро паҳн намуд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро мавриди интиқод қарор дода, бо онҳо дар масъалаҳои худошиносӣ, фиқҳ, усул, ақида ва тафсир мухолифат дошт. Ин буд, ки ақидаҳои ўро мардуми мусулмон қабул накарда, худашро аз Наҷд, Мадина, Кўфа, Баѓдод ва дигар шаҳрҳое, ки онҷо сукунат намуда, ақидаҳои худро паҳн менамуд, шармандавор ронданд.
Имрўз пайравони ў, идеологҳои равияи ифротгарои «салафия» аз қабили Ибни Таймия, Носируддин Албонӣ, Ал-Усаймин, Ибни Боз ва дигарон бар он назаранд, ки Худованд дорои чеҳра, ду даст, ангуштон буда, дар болои Арш истиво дорад, ба осмони дунё фуруд меояд ва амсоли ин, ки мутааллиқ ба оёти муташобеҳ мебошад.
Омили асосии ихтилофоти салафия бо мазҳабҳои чоргона ин эътироф накардани қиёс, урф, истеҳсон ва бидъат хондани анвои ибодот, ки бо далели возеҳ тасдиқ нашуда бошад. Аз ҷумла, салафия «ломазҳабият», яъне бемазҳабиро авло дониста, тақлид, тавассул-дархост аз Худо ба воситаи Паёмбар (с), тавассул ба воситаи некўкорон, зиёрати қабрҳо, табаррук ҷустан, яъне баракат гирифтан аз осори Паёмбар (с), таҷлили мавлуди Набӣ (с), зикр ва дуои баъд аз намоз ва дигар масъалаҳои муҳими диниро бидъат эълон намуда, инчунин дар масоили фиқҳӣ, мисли тарзи адои намоз-бастани дастҳо, васеъ гузоштани пойҳо, баланд гуфтани такбир, ишораи сабоба, намози таровеҳ тафовут доранд.
Гузашта аз ин, равияи ифротгарои «салафия» мазҳаби ҳанафиро, ки мазҳаби аҷдодии мост, мавриди интиқод қарор дода, нисбати Имоми Аъзам носазо ҳам мегўянд. Масалан, Носируддин Албонӣ дар саҳифаи 548-и китоби «Мухтасари Саҳеҳи Муслим», дар ҳошияи ҳадиси 2060 мазҳаби ҳанафиро монанди аҳли инҷил мухолифи ислом медонад.  
Барои беҳтар шинохтани симои воқеии салафиҳо чанд нишонаҳои онҳоро баён мекунем:
-Такфири мардум, яъне ба осонӣ, ба иртикоби як гуноҳ мусулмонро ба куфр нисбат медиҳанд, зеро салафиҳо амалро ҷузъе аз имон медонанд. Ҳол он, ки Имоми Аъзам гўяндаи калимаи шаҳодатро мусулмон медонад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ўро кофир гуфта намешавад. Имом Бухорӣ ривоят мекунад, ки Абдуллоҳ ибни Умар хавориҷро бадтарин афрод медонист ва мефармуд: Эшон оёти воридшуда дар шаъни куффорро ба муъминон итлоқ мекунанд.
-Доимо барои гумроҳ кардани насли ҷавон дар талошанд, бахусус ҷавононе, ки сатҳи маърифати диниашон паст аст.
-Нисбат ба Паёмбар (с) беадаб ва беҳурматанд. Бо салавот фиристодан, зиёрати оромгоҳ ва тавассул ба эшон – паноҳ бурдан ба Худо ба василаи Паёмбар (с) ... мухолифанд.
-Пайваста бо аҳли суннат ва ҷамоат даргиранд ва эҷоди ихтилоф менамоянд.
-Ҳамеша аз оёти муташобеҳ дам мезананд.
-Таҷлили Мавлуди Паёмбар (с)-ро бидъат ва анҷомдиҳандаи онро мубтадеъ медонанд, ҳол он ки мавлуд сар то по салавоту дуруд аст.
-Ба намоз дер меоянд ва баъд аз салом зуд хориҷ мешаванд, зеро салафия дуои баъди намоз, инчунин дуои дастҷамъонаро инкор мекунад.
-Бо тасбеҳ зикр карданро қабул надоранд, аммо дар фурўхтани тасбеҳ моҳиранд.
-Аз бархостан назди калонсолон ҳазар доранд. 
-Иҷтиноб аз зиёрати аҳли қубур. Хуллас, масъалаҳои зиёде мавҷуданд, ки хилофи таълимоти мазҳаби мо буда, дар онҳо тарѓиби бартарии салфия аз нигоҳи таълимоти динӣ, ҷудоиандозӣ ва беҳурматӣ мавҷуд мебошад.
Бемазҳабӣ ё бисёрмазҳабӣ, эҷоди ихтилофот, омилҳое мебошанд, ки боиси ба гурўҳҳо ҷудо шудани мусулмонон ва дар ин замина сар задани муноқишаҳо мегардад. Мисоли ин парокандагӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ, дар ниқоби ислом рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ, вайронӣ ва фасоди давлат дар якчанд кишварҳои мусулмонӣ шуда метавонад. Маҳз ворид шудани ақидаи бегона сабаби асосии низоъҳои динӣ гардидааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон 1300 сол инҷониб пайрави мазҳби ҳанафӣ буда, таълимоти Имоми Аъзам аз хурдӣ ба кўдакон талқин карда мешаванд: Мазҳаб ба кӣ дорӣ? Ба Имоми Аъзам.
Дин тавҳид аст, дин ягонагӣ аст. Магар бо тафриқаву ҷудоиандозӣ метавон ватанро обод кард? 
Дини ислом дини меҳру муҳаббат, раҳмату шафқат аст! Бинобар ин, мо бояд ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллиамонро қавӣ гардонем ва ба қадри тинҷиву оромӣ бирасем.
Худованди мутаъол мусалмононро аз бархўрду рафтори хушунатомез бо дигарон барҳазар доштааст ва онҳоро аз вайронкорӣ ва зулму ситаму қудратнамоӣ манъ намудааст.
Таҳаммулгароӣ, ободӣ ва пешгирӣ аз парокандагию вайронкорӣ яке аз усулҳое аст, ки Парвардигор ба он дастур додааст ва ҳеҷ инсони мунсифе ин ҳақиқатро инкор намекунад.
Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо аҳли ҷомеа чунин таъкид намуда буданд:
«Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».
Бисёр ба мавқеъ доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Холиқзода А.Ғ. дар мақолаи «Назари параллелӣ ба мушкилии сиёсисозии дин ҳамчун омили хатарзо» ишора намудаанд: «Хулосаи каломи мо он аст, ки дин сиёсат нест, дин ба имон сару кор дораду дар ҳарими ҳарами шахси воқеӣ ҷиҳати такмили олами ботинӣ рушд менамояд. Сиёсат бошад кори давлатдорӣ буда, бештар ҷанбаи зоҳирӣ ва ташкилӣ-иҷтимоӣ дорад. Дар ҳар замоне, ки дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна динро ба сиёсат ҳамроҳ сохтанд, таҷриба шаҳодат бар он дорад, ки ҳам давлат зарар дидаасту ҳам дин. Дини мо, эътиқоди мо манбаи покизагию ташаккули рўҳ ва равони солими миллати мост, ки мо онро таърихан дар ташаккули тафаккури ирсиамон бо нодиркориҳои эътиқодию фарҳангию адабӣ ҳосил кардаем. Ислом дини мост, он бояд ҳамчун роҳи ташаккули руҳи миллати мо дар покизагӣ ва рушди асолати инсони ҳақиқӣ – муъмини комил ва намоҳои ҳаёти дастаҷамъонаи халқамон – ҷамъияти мо ва давлати мо хизмат намояд». 
 
 
НАҶМИДДИН САЛИМОВ -  КОРМАНДИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  
 
 
Яндекс.Метрика