Мо қарори Суди олии Русияро кайҳо боз интизор будем!

Мо қарори Суди олии Русияро дар хусуси ташкилоти террористӣ эълон намудани  ҲНИТ воқеан ҳам дуруст  ҳисобида, онро  инъикоси равшани воқеаият  ба қалам медиҳем. Зеро ташкилоти мазкур бо силсилаи ҷиноятҳои зиддимиллӣ ва зиддифарҳангӣ ва зиддидавлатияш ба миллати тоҷик хисороти зиёд расонидааст. Мо аз содир шудани ин қарор на танҳо шодем, балки онро кайҳо боз интизор будем. Гумон мекунем, ки қарори мазкур ҷавонони фиребхӯрдаро ба фикр водор месозад ва аз ин роҳи бад ва хатарзояшон бозмедорад. 

  Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика