Муаллимонро дастгирӣ бояд кард!

Мақоми устод баланд аст. Бисёр баланд. Ҳаққи устодро гузаштагон аз ҳаққи падар бештар донистаанд. Ин бесабаб нест. Омӯзгороне, ки аз дил бо сидқ иҷрои вазифа менамоянд дар ин радиф хоҳанд буд. 

Имрӯзҳо масъалаи нарасидани омӯзгорон дар саросари Ҷумҳурӣ ба як мушкилии бисёр ҳалталаб мубаддал гаштааст. Давлату Ҳукумат барои ҷалби омӯзгорон, он ҳам омӯзгорони ҷавон тамоми талошҳоро кардаистодааст (албатта мувофиқи тавоноиаш), аммо боз ҳам тақозои замон ва рӯз ба рӯз зиёд шудани талаботи иҷтимоиву иқтисодӣ он маоше, ки омӯзгор мегирад, он қадар кифоя нест. Аз ин рӯ, омӯзгорон тарки соҳа кардаву ба муҳоҷират барои ёфтани қути лоямут мераванд. Пас мушкили дар куҷост, чаро ҷомеа бетараф аст? Чаро гуноҳро ба сари давлати тозаистиқлол мезанад? ва аз ҳама муҳим чаро аксарияти ҷомеа фикри ояндаи фарзанди худро намекунад? чаро як муаллимро зиёда аз 30 волидайн дастгирӣ карда наметавонанд?, албатта дастгирии рӯҳиву молӣ. Оё буҷет надоранд, бисёр заифу нотавонанд? Ва дигар суолҳое, ки то ҳол дар зеҳнӣ банда хутур мекунад. Аз ҳама муҳим ин аст, ки чаро волидайни муҳтарам барои ба муҳоҷират рафтани фарзанд розианд, аммо имрӯз барои соҳибилму соҳибкасб шудани он аҳамияте намедиҳанд, гӯё чизе рух надода бошад. Барои фарзанд телефонҳои қимматбаҳо ва аз кадом ҳисобе гузаронидани маблағ ба онҳо маблағ доранд. Аммо барои муаллим, ки хело инсони муътабар аст, боҳона пеш меоранд. Шояд бисёриҳо санг зананд, ки ин масъалаи шахсист, дуруст мегӯянд, аммо эҳтироми муаллим чӣ мешавад. Фикри ӯро боят танҳо давлат кунад. 

Бисёр аз баъзеҳо таассуф мехурам, ки рӯҳонии маҳалла, раиси маҳалла, намедонам ким кадом савдогару дигарҳо дар ҷашну маросим бологузар, аммо муаллим мисли онҳо қадре надорад. Барои баъзеи ин тоифа боз маблағу дигар чизҳо медиҳанд. Дар ин ҷо ҳам шояд ҳаққашон бошад, чизи баде нисбати ин тоифаҳо гуфтанӣ нестам. Аммо муаллим боз аз назарҳо дур мемонад. Бояд қоил шуд, ки заҳмати аз ҳама зиёдро муаллим мекашад, аз ин рӯ, бояд аз ҳар тоифае қадру манзалати волотаре дошта бошад. Ин ҷо айби худи ҷомеа аст, ки то ҳол аз тамоми ҷиҳат бузургии муаллимро дарк накардаанд. Онҳо нафаҳмидаанд, ки тахаллуси паёмбари ислом “муаллими башарият” буд. Ва муаллимон меросбарони ӯ ҳастанд. Зеро илмро аз насл ба насл интиқол медиҳанд. 

Мо сари таъзим фурӯд меорем ба он муаллимҳое, ки ба фарзандони ин миллат дарс меомӯзанд ва бо ҳар маоше ба хотири ободии миллат ҷонбозиҳо мекунанд. Аз оилаи худ ба хотири камбудиҳо гап мешунаванд, аммо таҳаммул мекунанд. 

Вақте фарзанди поягузори мазҳаби ҳанафия , ки қисмати зиёди мо пайравони ин мазҳабем, Ҳаммод сураи “Фотиҳа”-ро хатм намуд. Имом ба муаллим ҳазор танга фиристод ва узр пеш овард, ки чандон ҳадяи муносиб нафиристодам. Аз ин зиёда медоштам, мефиристодам, аммо дар фикри он мабош, ки таълими илм додаӣ, балки кӯшиш намо то илм хор надорӣ. 

Имоми бузургвор хуб медонистанд, ки қадри муаллим ва арзиши илм аз ҳама чиз болотар аст, аммо ба қадри имкони худ муаллимро дастгирӣ намуд ва ӯро роҳнамоӣ кард.

Чун қисмати дигари аҳолии кишварро мардуми исмоилӣ ташкил медиҳанд. Мазҳаби эшон низ дар мавриди эҳтироми устод ва бузург будани пешаи омӯзгорӣ таъкидҳои зиёде кардааст. Мавлоно ҳозир имом, имоми 49-уми эшон пайваста ба пайравони худ таъкид мекунад, ки беҳтарин шаҳрвандони кишвари худ ва соҳибмаълумот бошед. Ин ҳидояҳои ӯ ва дар ҷаҳони ислом машҳур будани мазҳаби исмоилӣ ҳамчун як мазҳаби хирадгаро боис гаштааст, ки мо дар кадом гушаву канори кишвари азизамон мактаберо намедонем, ки дар он ҷо омӯзгори бадахшӣ набошад. Исмоилиҳо чун поягузорӣ аввалин донишгоҳ дар рӯии ҷаҳон ҳисобида мешаванд. Аз ин рӯ, дар ВМКБ норасоии омӯзгор хело кам ба назар мерасад. 

Дар умум, ба тамоми ҷомеа зарур аст, ки барои рушди ояндаи фарзанди худ муаллимро аз тамоми ҷиҳат дастгирӣ намоянд ва нагузоранд, ки ин касби пуршараф бисёр хору залил гардад. Касб хор намегардад, муаллим ва илм ҳамеша пуршараф боқӣ мемонанд, аммо ҷомеаи бемуаллим хор мегардад ва оқибати он ба нокомӣ анҷом меёбад.

Ҳурмати илму устоду китоб,

Азми ин раҳ аст аз ҳама боб.

Ҳар кӣ ӯ тарки ин се ҳурмат кард,

Азми ибдору тарки зиллат кард.

Пой аз ҳурмат он касе, ки кашид.

Андар ин раҳ ба ҳеҷ ҷой нарасид.

 

Камолиддин Биноӣ. 

 

Рамазониён Аҳтам

Яндекс.Метрика