Муаллим оинаи миллат аст

Муаллим ҷом бошад, бода -дониш,

Муаллим шоиру сарвода -дониш.

Барои ташнагони Замзами дил,

Муаллим бо садоқат дода дониш.

Дар ҷомеаи башарӣ касбҳои гуногун хеле зиёд ва дар зиндагии онҳо бисёр заруранд, лекин касби муаллимӣ аз ҳамаи касбҳо пуршарафтар ва пурифтихортар аст. Муаллим тарбиятгар ва ба танзим дароварандаи насли одамизод аст.

Мардум меваи худ яъне фарзандашро ба муаллим месупорад. Омӯзгор мисли боғбонест, ки навниҳолони боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббат парвариш медиҳад то онҳо ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд.

Маҳз муаллим аст, ки моро тӯли солҳо аз овони кӯдакӣ таълиму тарбия мекунад. Маҳз омӯзгор аст, ки чашми моро ба дунёи фонӣ мекӯшояд, ва моро ба роҳи рост ҳамеша ҳидоят менамояд. Ӯ ҳамеша моро чун фарзанди хеш дониста ба мо таълиму тарбия меомӯзад. Ҳарчанде ки кори омӯзгор бениҳоят душвор аст, аммо ӯ ҳамеша барои насли наврас дар хизмат аст. Агар муаллим намебуд духтур, муҳандис, шоиру нависанда, ходимони сиёсӣ ва... аз куҷо пайдо мешуданд? Заҳмату талошҳои муаллимону устодон бисёр сангин вале пуршараф аст. Агар муаллимро оинаи миллат бигӯем хато намекунем .

Дар васфи муаллим ҳар чӣ қадар бинависем ва суҳбат кунем боз ҳам кам аст, зеро муаллим сазовори ҳамагуна таърифу тавсиф ва суханони арзишманд ва воло мебошад ... Мо устодону муаллимон ҳамеша саъю талош мекунем, ки шогирдони хуберо барои ҷомеа ба воя расонем . Ман ба боварии комил гуфта метавонам, ки ҳеҷ омӯзгоре нест, ки шогирдонашро дар роҳи бад тарбия намояд, мо ҳамеша бо шогирдон чун фарзанди худ муносибат мекунем онҳоро ҳамеша дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, адолатпарварӣ, ҳурмату эҳтироми нисбат ба Ватан, волидайн, ҳамсабақону гирду атроф тарбия менамоем. Миллати тоҷик имрӯз, низ ба муаллим арҷ мегузорад, ӯро сабаби рушду тараққии инсону ҷомеа медонанд, зеро аз бузургон шунидаанд, ки :

Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест...

Абдуллоҳи Қодирӣ - сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика