Муборизаи рӯҳониёни суннатӣ бо кибертерроризм

Солҳои пеш дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон рӯҳониён нуфӯз доштанд, мисли Исмоил Пирмуҳаммадзода дар Ҳисор, Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар минтақаи Рашт, Алломаи Регарӣ дар Турсунзода ва дигарон. Аммо имрӯзҳо ингуна нест, ҳар рӯҳоние дар фазои интернетӣ фаъол аст, ӯ машҳур аст. Баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯҳониёни суннатӣ низ ба чашм мерасанд, аммо на ба таври зарурӣ ва дилхоҳ.
Ин фазои холигӣ боис гаштааст, ки дар фазои интернетии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфӯзи рӯҳонияти ифротӣ, хоссатан рӯҳониёни салафимаоби кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Абдуззоҳири Доӣ, Абуубайдуллоҳи Мутаваккил, Муҷибурраҳмон Ансорӣ ва дигарон дар минтақа тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба мағзшӯии ҷавонони тоҷик ба назар мерасад, ки оқибатҳои ногувор ба бор дорад.
Аз ин рӯ, банда роҳи ягонаи наҷоти миллатро аз онҳо дар ба пайваст шудани рӯҳониёни суннатӣ ба фазои маҷозӣ ва муборизаҳои эшон барои беолоиш нигоҳ доштани дин аз сиёсат ва ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ, мебинам. Аммо мутаассифона аксарияти рӯҳониёни суннатии минтақа, аз қабили Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, Махсуми Исмоил ва Аллома Регарӣ вафот карданд ва ҳеҷ нафаре ҷойгузини онҳо шуда натавонист. Аз ин рӯ, масъулони бахшҳои динро зарур аст, ки наворҳои ин тоифа рӯҳониёни бузургро, ки бештар бар зидди исломи ифротӣ суҳбат намудаанд ва дар бораи масоили диниву ахлоқӣ дар доираи мазҳабӣ суннатии ҳанафӣ доранд, пешниҳоди тамошобин ва ё хонанда намоянд, зеро аз фазои холӣ нафарони зиёде истифода карда, онро барои ҳадафҳои нопокашон истифода мебаранд.
Агар чанде донишмандони зиёде, дар мавриди хатарҳои ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои ифротӣ таҳқиқотҳои зиёде анҷом додаанд ва бо аҳли ҷомеа суҳбату вохуриҳои зиёде мегузаронанд, аммо то ҳол дар ҷомеаи анъанавии мо нақши рӯҳониён бештар ба назар мерасад, аз ин рӯ, эшонро зарур аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол бошанд ва барои сулҳу субот ва оромии кишвар саҳм дошта бошанд. Дар ин навбат, шурои уламо ва дигар масъулинро зарур аст, ки рӯҳониёни суннатиро ба шабакаҳои иҷтимоӣ барои мубориза бо ифротгароён бештар ҷалб намоянд.
Рамазониён Аҳтам

Яндекс.Метрика