Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия

12 апрели соли 2024 дар шаҳри Минск миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия мулоқот доир шуд.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар аснои сӯҳбат Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки амалҳои террористӣ новобаста аз ҳадафҳои худ, наметавонад ва набояд ба ягон миллату қавме нисбат дода шавад .

Қайд гардид, ки сиёсатмадорону ходимони ҷамъиятӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Русия ва Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки нисбат ба ин масъалаҳо рӯйкарди бомасъулиятона дошта бошанд.

С.Лавров бо ибрози ҳусни тафоҳум ба мавқеи С.Муҳриддин қайд кард, ки ақидаҳои болозикрро ҷонибдор аст.

Вазири корҳои хориҷии Русия омодагии кишварашро ҷиҳати такмили минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар самти муҳоҷират ва дигар бахшҳо изҳор дошт.

Сӯҳбат дар фазои ҳусни созандагӣ доир шуд.
————————————————————————————————

Встреча министров иностранных дел Таджикистана и России

12 апреля 2024 года в Минске Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин провел встречу с Министром иностранных дел Российской Федерации Сергеем Лавровым.

Главы внешнеполитических ведомств обсудили актуальные вопросы таджикско-российских отношений.

В ходе беседы С.Мухриддин подчеркнул, что независимо от их мотивов, акты терроризма не могут и не должны ассоциироваться ни с какой национальностью или этнической группой.

Было отмечено, что политики, общественные деятели и средства массовой информации Таджикистана и России обязаны ответственно подходить к данному вопросу.

С.Лавров высказал понимание позицией С.Мухриддина и отметил, что разделяет данный подход.

Главой МИД России также была выражена готовность российской стороны к дальнейшему совершенствованию таджикско-российского сотрудничества в миграционной и других сферах.

Беседа прошла в конструктивном духе.

Яндекс.Метрика