Мулоқоти директори Маркази исломшиносӣ бо устодон ва аҳли илми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Санаи 12- уми апрели соли равон мулоқоти директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор бо устодон ва аҳли илми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Ин вохӯрӣ дар партави шарҳу тавзеҳи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ироа ёфт, роҳандозӣ шуд.

Нахуст, Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом мулоқотро ифтитоҳ бахшида, дар мавриди ҳамкориҳои донишгоҳ бо Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафу натиҷаҳои ин равобити судманд ибрози назар намуд.

Таъкид рафт, ки аз имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров наздик се сол пур шуда, дар доираи ин муносибат ҷонибҳо дар самти таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир, мубориза бо зуҳуроти номатлуб, тақвияти дониши сиёсӣ ва динӣ силсилаи тадбирҳои судмандро анҷом доданд, ки натиҷаҳои назаррас доранд.

Баргузор шудани мулоқоти мазкур низ идомаи ин ибтикор маънидод шуд, ки ҳадаф аз он расонидани муҳтавои асосии суханронӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат унвон мешавад.

Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор зимни суханронӣ аз вазифагузориҳои Роҳбари олии давлат хотиррасон намуда, даъват ба амал овард, ки олимон ва устодони донишгоҳ бо истифода аз нерӯи зеҳнӣ дар самти татбиқи супоришҳои Пешвои муаззами миллат саҳми арзанда гузоранд.

Ҳамзамон, дар доираи мулоқот вазъи мушкилоти ҷаҳон, пешгирии таассубкорӣ ба фарҳанги ғайр, хурофотпарастӣ, мубориза бо экстремизм ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷом миёни иштирокдорон мулоқот табодули афкор сурат гирифт

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика