Мулоқоти директори Маркази исломшиносӣ бо фаъолони шаҳри Хуҷанд

Санаи 21 майи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Абдураҳим Холиқзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муслиҳиддин Хоҷамирзода, корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳбоз Шосаидзода, сардори шӯъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мутеъоллоҳ Наҷотзода, корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳр мулоқот баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи онро иҷрои дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар арзёбӣ намуд.

Сипас, Абдураҳим Холиқзода, Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муслиҳиддин Хоҷамирзода, корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла афзуданд, ки замони ноором ва ҷаҳони пурталотум дар раванди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва тезутундшавии муборизаҳои геосиёсӣ дар ҳавзаҳои мухталиф, дар баробари дигар арзишҳои инсонӣ- демократия, ҳуқуқу озодиҳо, соҳибихтиёрии халқӣ ва миллӣ динро низ суиистифода менамояд.

Дар чунин фишороварии маҷмуӣ вазъи давлатҳои миллӣ аз ҷанбаҳои мухталиф осебпазир мегардад. Дар ин таҳдиди марказонидашудаи харобиовар унсурҳои эътиқодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ низ то ҷое ба ҳам иртибот пайдо менамоянд. Рисолати истодагарӣ ба ин ҳуҷуми мафкуравии мураккаб танҳо кори мақомоти давлатӣ набуда, он ба вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд, ҳар низоми мафкуравӣ, ҳар ниҳоди илмӣ ва хосатан зиёиён ва донишмандони миллат табдил меёбад.

Дар ин мубориза ҳар ниҳоду ҳар мақомот дар доираи рисолати оинномавиаш фаъолият менамояд, вале рисолати зиёиён ва донишмандони динӣ ба маротиб ҷиддитар мегардад. Онҳо дар ин раванди махлутсозии дин ба арзишҳои дигар дар ҳолати вазнини муборизаи мафкуравӣ қарор мегиранд. Нафароне, ки дониши казоӣ надоранд, ба илм ва таълимоти гирифтаашон бовар надоранд, худашон зуд ба ҳиллагарони динӣ табдил меёбанд ва ё дар дигар ҳолат хомӯширо ихтиёр мекунанд.

Ин ҳолат вазъи истодагарии мафкуравии миллатро осебпазир мегардонад. Дар шароити ноороми фикрӣ маҳз донишмандони давру замон ба сохтору ниҳодҳои қудратию мафкуравӣ бояд ғизои маънавӣ ва эътиқодии солим дода тавонанд. Ин рисолати азимро Роҳбари хирадманди миллат бо дарки вазъияти ноороми ҷаҳон назди халқи мо назаран ва амалан гузошта, роҳҳои расидан ба онро низ ба мо маротибаҳои зиёд таъкид намудаанд.

Таъкид шуд, ки замони нав афзалияти намои давлатҳои демократию миллӣ ва ҷудоии дин аз ҳокимияти давлатиро ба манфиати инсон ва эътиқоди вай собит намуд. Давлат динро таҳти ҳимояи худ қарор дода, онро ҳамчун навъи ҷаҳонбинӣ, шакли зуҳури ҳуқуқ ба озодии виҷдон кафолат дод. Дигар ба тобиши сиёсӣ додани дин ҳеҷ зарурат нест.
Ҳар нафаре, ки таърихи дин, қонунияти рушди таърихии падидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро нағз медонад, таъсири замону макон ба ташаккул ва рушди ҳодисоти иҷтимоӣ ва диалектикаи табдилу такмили ҳодисоти иҷтимоиро ҳамчун қонуният фаҳм намудааст, барои ӯ равшан аст, ки сиёсисозони муосири ислом ҷонибдорони эътиқоди асл нестанд, онҳо манфиати давлату миллатро не, балки манфиатхоҳони ғаразнокеянд, ки исломро восита, эътиқодро суиистифода менамоянд. Замони нав боз сифатҳои дигари онҳоро ҳамчун хизматгорони хоҷагони чоплусу душманони дину давлат, ки мардуми содаро чун сипоҳиёни бепул истифода мебаранд, кашф намудааст.

Раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода низ баромад намуда, доир ба мавзуъи матраҳшуда андешаҳои хешро баён дошт.

Дар фарҷом байни иштирокчиён саволк ҷавоб сурат гирифт.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика