Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 12 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Тошканд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози суҳбат Сарвазир Қоҳир Расулзода саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев расонид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуда, дурнамои густариши ҳамкориҳои судманд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар мулоқот рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷониба тибқи тавофуқномаҳои дар сатҳи олӣ ба даст омада бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Оид ба афзоиши ҳаҷми савдо, ҳамлу нақли бор, теъдоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ миёни ду кишвар таъкид гардид.
Инчунин аз наздик шудани робитаҳои байниминтақавӣ ва мубодилаи фаъоли фарҳангиву башардӯстонаро махсус қайд гардид.
Ҷонибҳо оид ба андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати афзоиши гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, истихроҷи маъдан, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо бо ҷалби маблағгузории ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Бознашр аз саҳифаи Ш. Хокирозода

Яндекс.Метрика