Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

18 май дар шаҳри Сиан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрии самимӣ маҷмуи васеи масоили дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон неку назаррас арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои ду кишварро дар сатҳу соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Чин” муҳокима карданд. — с Anushervoni Rahmon Uchyoniy.

Бознашр аз сомонаи http://www.president.tj

Яндекс.Метрика