Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо, ҳамчунин рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи олӣ, ки рӯзҳои 14 ва 15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла имкониятҳои афзоиши ҳаҷми гардиши молро муҳокима намуданд.

Аз робитаҳои самарабахши доираҳои соҳибкории ду кишвар ва натиҷаҳои Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон, ки чанд рӯз пеш дар Тоҷикистон баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Бознашр аз сомонаи:
http://www.president.tj/node/31462

Яндекс.Метрика