Санаи 10-уми майи соли 2023 дар толори факултети филологияи тоҷик мулоқоти намояндагони Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоҳ Қодирӣ - сиёсатшинос бо устодону донишҷӯён таҳти унвони “Ҷавонон зидди экстремизм ва терроризм” баргузор гардид.
Нахуст муовини ректор оид ба тарбия дотсент, Мирзотоҳир Набизода баромад намуда, ҳадафи чорабинии имрӯзаро пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ дар байни ҷомеа ва ҷавонон маънидод намуд. мавсуф иброз дошт, ки имрӯзҳо дар ҷомеа равишҳои номатлубе вуҷуд доранд, ки боиси раҳгумзании ҷавонон мегардад. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб миёни ҷавонон як қатор чорабиниҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст.
Сипас, Абдулло Қодирӣ дар мавзуи “Ҷавонон зидди экстремизм ва терроризм” маърӯза намуда, асоси шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро аз паст будани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва динӣ маънидод намуд. Мавсуф мафҳумҳои терроризм, экстремизм ва радикализмро шарҳ дод.
Гуфта шуд, ки коршиносон маъмулан решаҳои асосии экстремизм ва терроризмро ба омилҳои равонӣ (психологӣ), иҷтимоӣ, иқтисодӣ, идеологӣ-динӣ ҷудо мекунанд. Дар шароити кунунӣ, бархурди тамаддунҳо ва торафт доман паҳн намудани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ тақозо мекунад, ки ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тамоми дониш ва нерӯи худро истифода бурда, силсилаи тадбирҳои судманду муассирро ба роҳ монем.
Гуфта шуд, ки нақши фарҳанг, ташвиқу тарғиби он дар таълиму тарбияи насли наврас ҷиҳати таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Дар идома Абдулло Қодирӣ иброз дошт, ки беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Қайд гардид, ки мушкилоти ҷавонон ин мушкилоти ҷомеа мебошад. Ҳамчунин мавсуф якчанд роҳҳои дурусти ба роҳ мондани тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстиро пешниҳод намуд.
Дар интиҳо Абдулло Қодирӣ ҳамаи гурӯҳ ва ҷараёнҳои ифротиро , ки фаъолияти ғайриқонуниро ба роҳ монда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъолияти ғайриқонунӣ доранд номбар намуда, ба донишҷӯён ҳушдор дод, ки истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоиро ба роҳ монанд ва фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ нагардаднд.
Маркази иттилоот ва таҳлил