Дар баробари ифтихор аз таърихи куҳан, фарҳанги бою пурғановати миллӣ ва фарзандони фарзонаи миллати хеш, мисли Имоми Аъзам, Муҳамад Ҷарири Табарӣ, Муҳаммад Исмоили Бухорӣ, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакию Фирдавсӣ, Муҳамад Закариёи Розӣ ва ИбниИбно, Саъдию Ҳофиз, Мавлонои Балхию Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнию Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафурову дигарон, ҳар кадоми мо бояд панду насиҳатҳо, дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллатро ба роҳбарӣ гирифта, дар соҳаи фаъолияти касбии худ, тибқи қуввату истеъдоди худ барои халқу ватани худ, барои инсоният кору хизмати шоистаеро анҷом диҳем, барои тантанаи адолату ҳақиқат, пирӯзии ақлу хирад бар хурофоту ҷаҳолат, ғалабаи некӣ бар бадӣ, рушди устувори ҷамъиятию иқтисодии кишвари худ, ниҳоят барои таҳкиму густариши сулҳу якдигарфаҳмӣ, амнияту бехатарӣ, дӯстию ҳамкории халқу миллатҳо, пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар ин Замини ягона ва тақсимнопазири моддию табиӣ мубориза барем.
Аз ин мавқеи назар, тақлидкориҳо, таассубу хурофотҳо хилофи анъанаҳои моҳиятан ва мазмунан пешоҳангу пешқадами миллию динии мо буда, на танҳо боиси карахтшавии нерӯҳои зеҳнию ақлонии мо, ҳатто боиси хушкшавии дарахти фарҳанг ва маънавиёти миллию динии мо мешаванд. Ҳамин мушкилӣ буд, ки пас аз инқирози давлати Сомониён, махсусан пас аз истилои муғул, дар тӯли садсолаҳо миллати моро фаро гирифта, боиси таназзули нерӯи эҷодию кашшофии тоҷикони ориёинажод ва камҳосилии фарҳанги тамаддунофари онҳо гашта буд. Дар натиҷа, ин миллати як замон тамаддунофар ва истеҳсолкунанда ҳамзамон бо инқирози давлати Сомониён ва хотимаи Асри тиллоии рушди фарҳанги исломӣ, ки дар он на арабҳо, балки маҳз тоҷикону дигар мардуми эронитабор нақши асосиро бозида буданд, оҳиста-оҳиста қобилияту истеъдодҳои кашшофии худро аз даст дод ва ба як миллати аз лиҳози нерӯҳои ақлонию эҷодӣ заиф, дастнигар ва истеъмолкунанда табдил ёфт. Ин буҳрони шадиди фарҳангӣ ҳадди ақал, аз замони истилои муғул то оғози давраи шӯравӣ идома ёфта, сабаби ақибмондагӣ ва гирифтории миллати тоҷик дар банди ҷаҳолату хурофот шуд.
Ба шарофати ғалабаи Инқилоби Бузурги Октябрии Шӯравӣ тоҷикон (агарчӣ, ба таъбири устоди шодравон Раҳим Масов – бо усули «табартақсим» ҳам бошад), соҳиби давлати миллии худ - Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон шуда, дар қатори халқҳои дигари шӯравӣ ба сохтмони ҷомеаи коммунистӣ ва бунёди фарҳанги шӯравии шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ камар бастанд ва дар ин ҷода ба дастоварду натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Давлати шӯравӣ давлати заҳматкашону ранҷбарон – коргарону деҳқонон буд. Он моликияти хусусӣ ва сармоядориро манъ ва маҳкум карда, принсипи «аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ»-ро дар муносибатҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуд. Ҳама гуна воситаҳои меҳнат ва истеҳсолот моликияти ҷамъиятӣ эълон карда шуданд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз дасти заминдорон ситонида ва ба хоҷагиҳои дастаҷамъона (колхозҳо ва совхозҳо) табдил дода шуданд. Иқтисоди нақшавии шӯравӣ, барномаҳои дарозмӯҳлати иқтисодӣ (нақшаҳои панҷсола) тарроҳӣ ва дар амал татбиқ карда шуда, иқтидори иқтисодию ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ давра ба давра афзун ва шароити моддии ҳаёти мардум беҳтар шуд. Ҷои фонусу пилтачароғро лампаҳои барқӣ, белу каланд ва юғу испоррро комбайну тракторҳо, хару аробачархро мошинҳои худрави боркашу мусофиркаш, қатораву тайёраҳо гирифтанд.
Дар баробари ин дастоварду пешравиҳои бузург, дар давраи шӯравӣ раванди секуляризатсияи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шурӯъ гардида, дин ҳамчун «афюни халқ», «воситаи мафкуравии истисмори инсон аз тарафи инсон» аз ҷониби асосгузорон ва намояндагони идеология коммунистӣ дарк ва тафсир шуда, доираи нуфуз ва таъсири он зери фишори идеологияи атеистӣ танг ва маҳдуд карда шуд. Ба раванди секуляризатсия дар замони шӯравӣ бештар хусусияти динситезона хос буд ва давлати шӯравӣ бо дин муносибати сепаративистӣ (ҷудоангезона, нобоварона, инкоркунанда) дошт. Аниқтараш, дину эътиқод дар замони шӯравӣ ба ҳоли худ гузошта шуда буд ва давлати шӯравӣ ба ин ҷанбаи ҳаёти маънавию ахлоқии ҷомеа, ин унсури муҳими фарҳангии ҳар як халқу миллати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеҷ таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир намекард. Дар натиҷа шуури динии мардум, азҷумла шуури динии тоҷикон дар замони шӯравӣ дар ҳамон ҳолати карахтии асримиёнагӣ боқӣ монд, ҳарчанде ки ҳеҷ гоҳ мазмун ва хусусияти ифротгароёна надошт.
Ҳамзамон бо суқути давлати шӯравӣ, Худованд ба тоҷикон боз як шонси дигар барои бунёди давлати озоди миллӣ дод. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9- уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии худ Изҳорот "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул кард, тавассути ин санад Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд. Баъд аз ин, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарори махсус қабул кард, яъне изҳороти мазкур бо қарори Шӯрои Олии ҶТ қонунӣ гардонида шуд. Худи ҳамон рӯз, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон "Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардида, истиқлолияти воқеии Тоҷикистон дар сатҳи меъёри конститутсионӣ расмӣ гардонида шуд. Ҳамин тариқ, дар таърихи давлати Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 рӯзи бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Ҳар сол дар ин рӯзи муборак аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҷашни Истиқлолро бо шукӯҳу шаҳомати хосса қайд мекунад ва ин рӯз тибқи қонун рӯзи истироҳат эълон шудааст. Маънии Истиқлолиятро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ шарҳ додаанд: "Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати итисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад".
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ - умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ - сомонӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад.
Дар сати байналмилалӣ Тоҷикистон хамчун субъекти комилҳуқуқ нуфузу эътибори хосса дошта, аз ҷониби беш аз 170 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Миллали Муттаҳид буда, дар 30 давлати хориҷӣ намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дорад ва дар ҳудуди кишвар намояндагиҳои дипломатии 23 кишвари хориҷӣ ва беш аз 20 ниҳодои тахассусии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои ниҳодҳои байналмиллалии молиявӣ фаъолият доранд.
Хулоса, Тоҷикистон имрӯз як давлати комилан мустақил аст ва роҳу равиши тараққиёт, самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян мекунад.
Як нуктаи мусаллам ин аст, ки дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар замони Истиқлол худ аз худ ҳосил нашудаанд, балки дар натиҷаи ранҷу заҳмат, меҳнати эҷодгарона ва ободкоронаи ҳуди ҷомеаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд.
Шоев З., мудири шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ