Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гаштаанд.

Равобити Тоҷикистону Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд.

Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд байни ду кишвар сурат гирифта буд. Роҳбарони ду давлат борҳо аз кишварҳои якдигар боздидҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода буданд.

Муколамаи сиёсии байни ду кишвар густариш ёфта буд ва ҷиҳати равнақи бештари он абзорҳои лозим - Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ фаолият мекард.

Машваратҳои сиёсӣ байни роҳбарият ва воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар мунтазам баргузор мегардид. Ҷонибҳо Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷиро барои солҳои 2021-2022 ба имзо расонда буданд.

Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 100 санадро дарбар мегирифт.

Санадҳои асосие, ки самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар он приниспҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир раванди баррасии масъалаҳои сарҳадӣ байни ду кишвар, аз ҷумла масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатӣ идома дорад, ки ҳалли он ба таҳкиму таъмиқи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон такони тоза хоҳад бахшид.

Кишварҳо чун анъана дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО ҳамкориҳои зич дошта, аз таҷрибаи ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар фаровон истифода мебаранд.

Дар соли 2018 Қирғизистон дар баробари 190 кишвари узви СММ қатъномаи Созмони Милали Муттаҳидро, ки бо ташаббуси Тоҷикистон зери унвони "Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, пешниҳод шуда буд, дастгирӣ кард.

Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони “Табиат марзро намешиносад: ҳамкории фаромарзӣ - омили калидии ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии зистӣ", ки бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон дар ҷаласаи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид, ҷонибдорӣ намудааст.

Қобили зикр аст, ки бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-29 июни 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар рафти он як қатор санадҳо ба имзо расонида шудаанд.

Тоҷикистон бар он аст, ки принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём мезистанд ва меофариданд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи тамоми муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломӣ                                    Исоев Н.

Яндекс.Метрика