Муноҷоти Ҷомӣ

Бандааму пургунох, бор Худоё, бубахш,
Номаи исён сиёх, бор Худоё, бубахш!
Бандаи камтоатам, карда гунах одатам,
Дур бикун гафлатам,бор Худоё, бубахш!
Чуну чаро кардаам, руву риё кардаам,
Баски хато кардаам, бор Худоё, бубахш!
Хаст гунохон маро, бехаду чурму хато,
Аз шарафи Мустафо, бор Худоё, бубахш!
Гиря кунам зор-зор, аз алами рузгор,
Дида шуд абри бахор, бор Худоё, бубахш!
Аз сари лутфу карор,чурми маро даргузор,
Хочати моро барор, бор Худоё, бубахш!
Эй Ахади Зулчалол, в-эй Самади безавол,
Подшахи хар ду хол, бор Худоё, бубахш!
Вой аз он гури танг, дар кафани бад зи ранг,
Зери сарам хишту санг, бор Худоё, бубахш!
Эй ба карам афв намо, чумла гунохони мо,
Чурму хам исёни мо, бор Худоё, бубахш!
Осияму русиёх, гашта чу холам табох,
Чун шудаам ру ба рох, бор Худоё бубахш!
Вой дарего, ки рафт умри чавони зи даст,
Умр ба гафлат гузашт, бор Худоё, бубахш!
Вой аз он рузи хашр, нома дихандат зи пас,
Бар караму лутфи хеш, бор Худоё, бубахш!
Чомии мискину зор, гиря кунад зор-зор,
Дар сари он гирудор, бор Худоё, бубахш!

Бознашр аз саҳифаи Саъдӣ Маҳдӣ

Яндекс.Метрика