Мурдаро ба бадӣ ёд накунед!

Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ тоифае огоҳонаву ноогоҳона, боғаразу беғараз дар пушти экранҳои телефон нишаста, хеле мағрурона ва бехабар аз ояндаи худ, шахсони фавтидаро ба биҳишту дузах мебаранд. Гузашта аз ин, нисбати ин ё он шахси фавтида суханҳои носазо мегӯянд. Аз эшон чунин хощиш мешавад, ки қиссаи ронда шудани шайтонро гаштаву баргашта бихонанд, зеро шайтон ҳам замоне устоди малоик буд ва бехабар аз ояндаи худ, инсонро ночиз шуморид.Ба ин тоифа ду чиз мегӯем:

Якум ин ки агар боре намози ҷанозае хонда бошед, ба ёд оред, ки имом пайваста пеш аз намози ҷаноза такрор мекунад, ки дар зиммаи ҳар шахс ду ҳақ аст, яке ҳаққи Худованд, дигаре ҳаққи банда. Агар рафтаву як шахс ҳаққи Худовандро адо накард, ба Худо ҳавола мекунем ва Ӯ ғафуру раҳим аст. Агар аз ҳаққи бандаҳо чизе қарздор бошад, он ҳам бо ҳуҷҷату далел муроҷиат кунанд, ҳатман шахсони наздики фавтида ҷуброн мекунанд. Баъдан ҷаноза хонда мешавад. Баъд аз ин дигар ҳеҷ чизе дар ҳаққи майит монда намешавад. Ӯ сӯи Худо меравад ва мо дигар аз он чи Худованд бо ӯ чигуна муомила мекунад огоҳ нестем. Агар фавтида аз мо қарзе дошта бошад, ҳаққи моро хурда бошад, мо дигар бо ҳамонҳое, ки ин масъулиятро ба гардан гирифтаанд, кор дорем халос. Ҷои тазаккур аст, ки дар ин ҷо бандаро ҳуқуқи дахолат кардан ба кори Худованд нест. Ӯ соҳибихтиёр аст, ҳар касеро хоҳад биҳишт мебарад ва касеро хоҳад азоб мекунад. Аммо мо ба раҳматаш умед дорем (албатта аз азобаш ҳам метарсем).

Дуюм, Имом Бухорӣ аз Оиша (р) ривоят мекунад, ки расули Худо Муҳаммад (с) дар ҳадиси саҳеҳе чунин фармудаанд: “Ло тасуббу-л-амвота, фа иннаҳум қад афзав ило мо қад қаддаму” (тарҷума: Мурдагонро дашном (ба бадӣ ёд) накунед, зеро онон ба он чи амал карданд, расидаанд). Аз ин ҳадиси гуҳарбори Расули Худо маълум мегардад, ки зикри бади мурдаҳо як амали ношоиста аст, зеро онҳо бе суханҳои дигарон ҳам ба сазои аъмолашон расидаанд.

Дар охир аз ин тоифа хоҳиш менамоям, ки ба хотири Худову ҳадиси Расул ва инчунин ба хотири эҳтироми наздикони фавтида, мурдаеро ба бадӣ ёд накунанд.

Гар модари хеш дӯст дорӣ,

Дашном мадеҳ ба модари ман.

Рамазониён Аҳтам Бобосафар

Яндекс.Метрика