✍️МУРҒИ БОҒИ МАЛАКУТАМ✍️
Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам,
Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам.
Аз куҷо омадаам? Омаданам баҳри чӣ буд?
Ба куҷо меравам, охир нанамоӣ Ватанам.
Мондаам сахт аҷаб, к-аз чӣ сабаб сохт маро?
Ё чӣ будаст муроди Вай аз ин сохтанам?!
Ҷон, ки аз олами улвист, яқин медонам,
Рахти худ боз бар онам, ки ҳамонҷо фиканам.
Мурғи боғи малакутам, наям аз олами хок,
Ду-се рӯзе қафасе сохтаанд аз баданам.
Эй хуш он рӯз, ки парвоз кунам то бари дӯст,
Ба ҳавои сари кӯяш пару боле бизанам.
Кист дар гӯш, ки ӯ мешунавад овозам,
Ё кадом аст, сухан мениҳад андар даҳанам?!
Кист дар дида, ки аз дида бурун менигарад?
Ё чӣ ҷон аст, нагӯӣ, ки манаш пирҳанам!
То ба таҳқиқ маро манзилу раҳ нанмоӣ,
Як дам ором нагирам, нафасе дам назанам.
Майи васлам бичашон то дари зиндони абад,
Аз сари арбада мастона ба ҳам даршиканам.
Ман ба худ н-омадам инҷо, ки ба худ боз равам,
Он, ки овард маро боз барад бар Ватанам.
Ту мапиндор, ки ман шеър ба худ мегӯям,
То ки ҳушёраму бедор яке дам назанам.
Шамси Табрез агар рӯй ба ман бинмоӣ,
Валлаҳ ин қолиби мурдор ба ҳам даршиканам!
Мавлоно Ҷалолудин Балхӣ.
Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ