Муттаҳид намудани имкониятҳои ҷамъият дар мубориза бо ақидаҳои ифротӣ

Да таърихи 14.12.21 бо ибтикори “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ташкилоти ҷамъиятии “Гендер тараққиёт” дар мавзӯи “Муттаҳид намудани имкониятҳои ҷамъият дар мубориза бо ақидаҳои ифротӣ” мизи гирд гузаронида шуд. Дар аввал директори Маркази исломшиносӣ - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профҷессор Холиқзода Абдураҳим чорабиниро ифтитоҳ бахшида, нақши аҳли ҷомеаро дар мубориза бо андешаҳои ифротӣ хело муҳим шумориданд. Баъдан Вализода Одинашоҳ – мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди хатари андешаҳои ифротӣ суханронӣ намуданд. Штефан Малериус намояндаи фонди “К. Аденаур” дар мавриди ифротгароӣ, хатарҳои он ва нақши ҷомеа дар пешгирии ин падида сухан ронданд. 

Баъдан дар мизи гирд маърӯзачиён доир ба масъалаҳои ифротгароӣ ва роҳҳи ҳалли он суханронӣ намуданд. Дар навбати аввал Холиқзода Абдураҳим Ғаффор дар мавзӯи “Нақши принсипи дунявӣ дар рушди таҳаммулпазирӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ” маърӯза намуда, нақши секуляризмро дар таҳаммулпазирӣ хело муҳим арзёбӣ намуданд. Рано Бобоҷониён вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷ.Т. дар мавзӯи “Муаррифии медиа-стратегия” суханронӣ намуда, рушди телевизион, радио ва дар умуми васоити ахбори оммаро дар мубориза бо ифротгароӣ зарурӣ шумориданд. Марамбеков Марамбек – котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар мавриди “Шаклҳои нави таблиғи ғояҳои ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ” суҳбат намуданд. Баромбеков Далер – мудири шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар мавзӯи “Шинохти хатари ғояҳои ифротгароӣ дар ҷомеа (натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ)” маърӯза намуданд.  Алиев Муллоалӣ – намонядаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим доир ба “Нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии ифҷротгароии динӣ” суҳбат намуданд. 

Дар охир аз ҷониби иштирокчиён саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифт. Баъдан чорабинирон Азизӣ Рустам – муовини директори Маркази исломшиносӣ ҷамъбаст намуд.

Яндекс.Метрика