МУХТАСАР ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИЮ ИҶТИМОИИ ЗАНОН ДАР ЗАМОНҲОИ ГУЗАШТА ВА ИМРЎЗ

Қисми 1

Пешгуфтори мухтасар. Маъмулан, аксарияти муҳаққиқони ватанию хориҷӣ маншаи  ҳар камбудиеро, ки чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз дар ҷомеаи тоҷикон  ва халқияту миллатҳои дигари мусулмон нисбат ба ҳуқуқи зан вуҷуд доштаанд, ё доранд, дар таълимоти ислом меҷўянд ё дар ислом мебинанд.  Гӯё ислом гунаҳкор аст, ки бо занон чунин муомилаи бад сурат мегирад. Ва гуё тибқи шариати ислом занон ҳаққи интихоби шавҳар, ҳаққи таҳсил, ҳаққи кор надоранд ва раъяшон дар умури оиладорӣ ҳеҷ эътиборе надорад ва умуман онҳо ҷойгоҳи муносиб ва ҳаққи ҳаёти шарофатмандона дар зиндагӣ надоранд. Мавҷуд будани хушунат дар оила, таҳдиду лату кӯби зан, талоқҳои бесабаб ва аз ҷониби падарон манъ кардани таҳсили духтарони ба балоғатрасида, ин ҳамаро аз ислом медонанд ва мутаассифона чунин бардошти ғалат мекунанд, ки гӯё ислом ҷойгоҳи занонро дар ҳаёт нисбат ба мардон хеле пойин қарор додааст.

Аммо чунин баҳои яктарафа нисбат ба ҷойгоҳ ва эътибори зан дар ислом чандон дуруст ва объективона нест. На танҳо дар кишварҳои исломӣ, на танҳо дар Шарқ, балки умуман дар ҷаҳон, аз ҷумла   дар ҷомеаи насронии Ғарб низ, то нимаҳои асри ХХ, қадру манзалат, мақом ва нақши занҳо нисбат ба мардҳо хеле паст буд.Ҳатто, чӣ тавре воқеияти имрўза нишон медиҳад, дар замони ҷорӣ низ дар бисёре кишварҳои ҷаҳон зан мисли асрҳои гузашта қисми бештари умри худро маҷбур аст дар муҳити хонаводагӣ аз сар гузаронад ва наметавонад дар ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат намояд. Пас, омили чунин беадолатӣ нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои зан-модар, ки олиҳаи зиндагист, аз куҷо маншаъ мегирад? 

Дарёфти ҷавоби дуруст ва раднопазир ба ин суол, бознигарӣ ва таҳқиқи муҷаддаду беғаразонаи илмӣ-муқоисавии масъалаи мақом ва нақши зан дар осори динӣ ва фалсафии гузаштаро тақозо менамояд. Таҳқиқи объективонаи ин масъала барои дарки омилҳо ва сабабҳои воқеии вазъи сахти ҳуқуқию иҷтимоии занон дар даврони қадим ва асримиёнагӣ, зимнан, барои шинохти дурусти омилҳои эҳёкунандаи ва таҳкимбахшандаи мақому манзалати баланди занон дар замони муосир  заминаи мусоиди илмиро фароҳам меорад. 

Ҳолати дар ибтидо аз мақоми шоистаи иҷтимоӣ бархўрдор будани занон  ва минбаъд таҳти таъсири ғояи мардсолорӣ тадриҷан маҳдуд шудани ҳуқуқу озодиҳои онҳоро мо натанҳо дар ҷомеаи тоисломӣ (зардуштӣ) ва исломии Эрону Осиёи Марказӣ,  балки дар манотиқи густариш ва таҳти нуфузи  динҳои буддоӣ, яҳудӣ ва насронӣ низ мушоҳида карда метавонем.

Буддо дар таълимоти худ қайд мекунад, ки зан мисли мард ҳамаи он қобилиятҳои барои касби ҳолати нирвана заруриро дорад ва ҳамчунон метавонад ҳамаи чор зинаи маърифатро тай кунад. Аз ин нуқтаи назар, буддоия дар байни адёни қораи Ҳинд назири худро надорад. Дурустии ин ақидаро вуҷуди ҳайкалу муҷассамаҳои сершумори  занони роҳиба дар маъбадҳои буддоӣ собит менамояд. Аммо, бо мурури замон, таълимоти буддоӣ дар тўли асрҳои зиёд тадриҷан хусусияти мардсолорӣ гирифта, дар натиҷа нақши занон дар умури динӣ тадриҷан маҳдуд карда шудааст. Акнун, ба андешаи уламои буддоӣ, вуҷуди зан макони нуқсонҳо ва разолатҳои ахлоқӣ мебошад, яъне нафси зан аз зиштиҳо ва палидиҳо пок нест, аз ин рў барои ба даст гирифтани зимоми умури диёнат ва имомат сазовор нест. Аз ин рў, онҳо ба заноне, ки рутбаи роҳибиро ба даст овардаанд,  ҳамчун ба як мард ё инсони беҷинс муроҷиат ва муносибат мекунанд.   

 

Давом дорад...

Шоев Зиёвиддин – мудири шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Яндекс.Метрика